Қонунияти умумии инкишоф

МАВЗӮЪ. Қонунияти умумии инкишоф

Нақша:

  1. Раванди инкишофи шахсият
  2. Омилҳои асосии инкишофи шахсият
  3. Фаъолият ҳамчун омили инкишоф
  4. Ташхиси инкишоф

1.Раванди инкишофи шахсият

Раванди инкишоф – ин дигаргунии миқдорӣ ва сифати ҷисмии инсон аст. Натиҷаи инкишоф ин ташаккули одам ҳамчун намуди мавҷудоти биологӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Инкишофи ҷисмонии одам ба хусусиятҳои биологӣ вобаста буда, дар худ тағйироти морфологӣ (сохти ҷисм), биокимиёӣ, физиологӣ мегирад. Аммо инкишофи иҷтимоӣ ба рушди психологӣ, рӯҳӣ ва ақлонӣ хос аст.

Агар одам ба дараҷаи рушди иҷтимоӣ расад, онро шахсияти дорандаи ҳуш ва худогоҳ, қобили фаъолияти мустақилона дигаргунсозанда меноманд. Одам ҳамчун шахсият таваллуд намеёбад, балки дар ҷараёни инкишоф ба он молик мегардад. Мафҳуми «шахсият» аз «одам» бо хусусияти сифатҳои иҷтимоии худ фарқ мекунад, зеро ӯ бо таъсири муносибатҳои ҷамъиятӣ, робита бо одамон ташаккул меёбад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Муфассал ——->


2.Омилҳои асосии инкишофи шахсият

Тадқиқотҳои илмӣ ва таҷрибаҳои зиндагӣ собит мекунанд, ки омилҳои инкишоф ва ташаккулёбии шахсият – аломатҳои биологӣ (ирсият), муҳит (табиӣ ва иҷтимоӣ) ва тарбия (бо таълим) на фақат байни ҳамдигар алоқамандӣ доранд, ҳамчунин ҳар яке ба дараҷаи таъсирбахшии худ низ моликанд.

Инсон роҳҳои мураккабу тулониро тай намуда, рушду камол меёбад. Инкишофи шахсият, чунонки қайд намудем, ин ҷараёни дигаргунии миқдорӣ ва сифатӣ буда, он бо ду намуд зоҳир мегардад – тағйироти анатомӣ – физиологӣ, яъне инкишофи ҷисмонӣ: қад, мушакҳо, вазн, сохти бадан, гардиши хун ва ғ. Ба тағйироти рӯҳӣ – психологӣ: инкишофи тафаккур, ҳофиза, диодат, захираи луғавӣ – нутқ ва ғ. мансубанд. Дар ин ҳар ду на­муди инкишоф ва ташаккулёбии шахсият омилҳои номбурда нақши муайян мебозанд.

Ирсият (наслият). Хусусият ва аломатҳои ҷисми зинда, ки таърихан ва тадриҷан аз насл ба насл мегузаранд, ирсият ном дорад. Ирсият хусусиятҳои генетикии дар инсон вуҷуддоштаро инъикос намуда, аз волидайн ба кӯдакон гузаштани хусусият ва аломатҳоро ифода мекунад. Ген (аз «ген» – и юнонӣ гирифта шуда, маънояш – таваллудёбӣ) – омили таъмини ирсият аст.

Муфассал –—-–>


3.Фаъолият ҳамчун омили инкишоф

Ба таъсири инкишофи ирсият, муҳит ва тарбия боз як оми­ли ниҳоят муҳим ҳамроҳ мешавад, ки онро «фаъолияти шахси­ят» меноманд. Дар таҳти фаҳмиши ин ибора ҳамаи кору бори одам – шуғли зиндагии вай ифода меёбад. Чунин фаъолият ба мо аз қаъри асрҳо мерос мондааст: «Мард бояд ҳаросон нашавад, мушкиле нест, ки осон нашавад»; «Одами бекор – дарахти бебор»; «Хоби субҳ ризқ мебурад»; «Аз ту ҳаракат, аз ман баракат»; «Аз зиндаи бекор мурда беҳтар аст»; «Гуфтори нек, рафтори нек, пиндори нек» ва ғ.

Хуллас, натиҷаҳои инкишоф ва фаъолияти сермаҳсул алоқаи мустақими байни натиҷаҳо ҳисоб меёбад. Ин ҳоло як қонунияти умумии инкишоф аст, ки онро чунин маънидод кардан мумкин аст: одам дар соҳаи муайян ҳар қадар зиёд кор кунад, ҳамон қадар сатҳи инкишофаш зиёд аст. Бояд дарк кард, ки ҳудуди амалиёти ин қонуният беканор, вале он бо омили «тобоварӣ» – қобилият, синнусол, шиддат ва ташкилкунандаи худ фаъолият ва дигарҳо муайян карда мешавад.

Муфассал –—-–>


4.Ташхиси инкишоф

Дар таҷрибаи педагогии муосир талабот нисбати ташхиси фавран муайянкунии сатҳи пешрафту инкишофи талабагон бештар ҳис карда мешавад. Ин ба самаранок идоракунии ра­ванди ташаккулёбии шахсият, ки барои муайян кардани умқи дониш, суръат ва хусусиятҳои хоси тағйирёбӣ ба миён омадааст. Дар ин хусус ҳанӯз К. Д. Ушинский ишора карда буд: «Агар педагогика хоҳад, ки одамро ҳамаҷониба тарбия кунад, он бояд, пеш аз ҳама, ӯро ҳам аз ҳар ҷиҳат донад». Аз ин рӯ, ташхис дар раванди таълиму тарбия хеле зарурат пайдо кардааст.

«Ташхис» истилоҳи арабӣ буда, маъноҳои муайян кардани фарқияти байни чизҳо; дар илми тиб муайян кардани дард ва бемориро ифода мекунад. Ин ҷо гуфтаи зайли Ҷалолиддини Румиро оиди алоқадории касбҳо ба хотир овардан ҷоиз аст:

Ақл қувват гирад аз ақли дигар,
Пешагар комил шавад аз пешагар.

Ташхис – воситаи умумии афзалияти ахборотгирӣ нисбати раванди таълим аст. Дар соҳаи илми тиб ташхис сари вақт ва дақиқ муайянкунии хусусиятҳои саршавии маризиҳоро муайян ме­кунад ва сипас ба муолиҷа мепардозад.

Муфассал –—-–>


Конунияти умумии инкишоф, педагогика бо забони точики.

ҚаблӣОмӯзиши забони англисӣ — Дуруду паём
БаъдӣРаванди инкишофи шахсият