Кори дил

Хосияти худкории (автомати) дил. Фаъолияти дил. Танзими кори дил


Хосияти худкории (автомати) дил.

Дил дар ҳолати нисбатан ором дар як шабонарӯз тахминан 100000 маротиба кашиш мехӯрад (метапад). Дар айни ҳол, он қариб 10 тонна хунро ба ҳаракат медарорад. Кашишхӯрии дилро мушакҳои дил ба ҷо меоранд. Он ба мушаки кӯндаланграхи скелетӣ монанд аст.

Мушакҳои дил аз нахҳои махсус иборат буда, дар онҳо ангезиш ба амал меояд ва ин ангезиш аз даҳлези рости дил сар шуда, баъд ба даҳлези чап ва меъдачаҳои росту чап паҳн мешавад ва бо навбат (ритмикӣ) кашишхӯрии даҳлезҳо ва меъдачаҳоро таъмин менамояд. Дар дил системаи махсус мавҷуд аст, ки импулсҳоро аз як қисми дил ба дигараш паҳн намуда, барои берун аз организм кашишхӯрии дил имконият фароҳам меоварад. Чунин тарзи худ аз худ кашишхӯрии дилро “автоматияи дил” меноманд.


Фаъолияти дил

Дил кашиш хӯрда, ҳаракати хунро дар рагҳо таъмин менамояд. Дар ҳолати оромӣ дил дар як дақиқа 70-75 маротиба кашиш мехӯрад. Се даври кори дилро фарқ кардан мумкин аст, ки 0,8 сонияро дар бар мегирад. Кашишхӯрии даҳлезҳо 0,1 сония, меъдачаҳо 0,3 сония, давраи оромии умумӣ 0,4 сония аст (расми 50).

Расми 50. Давраи кашишхӯрии дил
Расми 50. Давраи кашишхӯрии дил

Танзими кори дил

Суръати кашишхӯрии дил ба муҳити беруна, дохилӣ, системаи марказии асаб, системаи вегетативии асаб ва системаи ҳуморалӣ вобаста аст. Вақте ки суръат ва қувваи кашишхӯрии дил зиёд мешавад, он ба системаи рагҳо дар воҳиди вақт бештар хун медиҳад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Баръакс, суст ва заиф шудани фаъолияти дил, боиси кам омадани миқдори хун ба рагҳои хунгарди организм мегардад.

Ба кори дил асабҳои вегетативӣ таъсири гуногун мерасонанд. Масалан, асабҳои симпатикӣ кори дилро метезонанд, рагҳои хунро хурд ва фишорро баланд мекунанд.

Асаби гумроҳ кори дилро суст, рагҳои хунро васеъ ва фишорро паст мекунад. Ҳормонҳои адреналин, ки дар қабати мағзии ғадудҳои болои гурда ҳосил мешаванд, кори дилро фаъол мегардонанд. Намаки калсий ҳам кори дилро метезонад, моддаи атсетилхолин ва намаки калий, баръакс, кори дилро суст мекунанд.

Танзими асабию ҳуморалӣ кори дилро ба шароити муҳит мутобиқ менамояд.


Дониши худро санҷед:

  1. Автоматизми дил чист?
  2. Фаъолияти дил аз кадом давраҳо иборат аст?
  3. Сикли кори дил чист? Он чанд сонияро дар бар мегирад?
  4. Системаи асаб ва системаи ҳуморалӣ ба кори дил чӣ тавртаъсир мерасонанд?
ҚаблӣДаври хурди гардиши хун. Даври калони гардиши хун
БаъдӣДини Монавия – маълумот бо забони точики