Коркарди маҳсулоти макаронӣ (Кори амалии №10)

Коркарди махсулоти макарони (Кори амалии №10).


Барои тайёр кардани маҳсулоти макаронӣ 100 г макаронро ба об ё 100 г макаронро ба 2 истакон об андохта, меҷӯшонанд ва ба он ним қошуқча намак меандозанд. Макарони дар об пухтаро ба кафлези сӯрохдор андохта, обашро мерезанд ё аз рӯйи он оби гарм мерезанд, то ки ба якдигар начаспад. Баъд онро ба дег гирифта, маска андохта, хуб меомезанд ва зуд истеъмол мекунанд. Дар вақти пухтани маҳсулоти макаронӣ 10%-и моддаҳои шифобахши он ба об мегузарад. Бинобар ин онро аввал дар об пухта, баъд оби боқимондаашро рехта, ба миқдори муайян шир меандозанд.

Маҳсулоти макарониро бо дигар роҳ низ пухтан мумкин аст. Оби онро нарехта, ҳам истифода мебаранд. Дар ин маврид обро кам мегиранд, ба 1 истакон об 100 г макарон меандозанд. Макаронро ба оби намакдори ҷӯшидаистода андохта, гоҳ-гоҳ кофта, 20 дақиқа мепазанд. Сипас сарпӯши дегчаи сирдор ё деги макарондорро пӯшида, онро 15 – 20 дақиқа ба рӯйи оташи паст мегузоранд. Баъд ба макарон равған андохта, меомезанд ва ба табақчаҳо кашида, рӯйи онро ороиш дода, ба дастархон мегузоранд.

Маҳсулоти макаронии нимтайёр ва консервкардаро дар хӯрокҳои суюқ, гарнирҳо (ба онҳо қимаи гӯшт, кабоби гӯштӣ ва ғайраҳо ҳамроҳ карда) истифода мебаранд.

Ҳангоми тайёр кардани маҳсулоти макаронӣ сифат ва тозагии маҳсулотро ба назар мегиранд. Маҳсулоти макаронӣ аз рӯйи шакл ва намудашон фарқ мекунанд.

Макаронҳо найчамонанд, кӯчқорак, чӯбчамонанд, муқаррарӣ, чин-чин ва ғайра; вермишел борик, маҳин, риштамонанд ва ғайра; угро борик, паҳнбар, риштамонанд ва ғайра мешаванд.

Барои шӯрбо ва хӯрокҳои якум маҳсулоти макаронии ситорашакл, ҳалқашакл, чоркунҷа, шашқирра ва ғайраро истифода мебаранд.

Маҳсулоти макарониро таҳ карда, 250, 500 ё 1000-граммӣ дар қуттиҳои картонӣ ё халтачаҳои селофанӣ мегузоранд.

Инро дар хотир доред

  1. Вақти пухтани маҳсулоти макаронӣ:

-борик – 5-10 дақиқа;

-макарони ғафс – 20-30 дақиқа;

-баъзе навъҳои вермишел – 2-3 дақиқа баъди ба ҷӯшиш сар кардан.

Савол ва супориш

1.   Макаронро дар куҷо тайёр мекунанд?

2.   Кадом корхонаеро медонед, ки маҳсулоти макаронӣ истеҳсол мекунад?

3.   Намудҳои маҳсулоти макарониро номбар кунед.

ҚаблӣХӯрок аз маҳсулоти макаронӣ
БаъдӣТарзи пухтани макаронпалав (Кори амалии №11)