Квалиметрияи (сифатченкуни)-и педагогӣ

Нисбати квалиметрияи педагогӣ ҳанӯз аввали солҳои 70 – уми қарни гузашта гуфтугу cap шуда буд. Истилоҳи «квалиметрия» (аз лот. qfalis – сифат ва mytyos – ченкунӣ) равияи тадқиқи педагогиро ифода намуда, мазмуни асосии он ченкунӣ ва баҳисобгирии параметрҳо (бузургиҳо) ва тавсифҳои педагогӣ мебошад. Аммо дар ин моҳияти маънои худ квалиметрия гоҳ – гоҳ истифода бурда мешавад. Ба ҷойи он мафҳумҳо шабеҳи ихтисосӣ, ки аз ду қисми аз ҳамдигар Ҷудо – «ихтисос» ва аз лотинӣ «метрос» (ченкунӣ) соҳаи тадқиқоти педагогиро фаҳмонанда ба хусусияти сифати ташхискунии касби педагогӣ равона карда шуд. Маҷмӯи сифатҳои ин, чӣ тавре ки қайд карда шуд, профессионализм (касбдонӣ), санъат, навоварӣ ном доранд, вале методикаи онҳо баҳисобгирии анъанавӣ ҳамчун аттестатсияи педагогҳои муассисаҳои таълимӣ муайян карда мешавад.

Таҳлили проблемаҳо гувоҳӣ медиҳад, ки масъалаҳо акнун ҳама вақт ҳал карда шуданд, вале дар сатҳи сифати ченкунӣ, бидуни истифодабарии миқдори методҳои замонавӣ.

Алоҳида дида баромадан муносибати квалиметрӣ ва аттестатсияи муаллимон беҳтар аст. Дар таҳти гуфтаи охирин омӯхтани педагогҳо мувофиқи талабот барқароркунии вазифаи худ ва сазовор шудан ба яке аз сифатҳои касбӣ аст. Дар дастуруламали тариқи аттестатсияи муллимон фаҳмонда мешавад, ки аттестатсияи кормандони педагогии муассисаҳои таълимӣ – тарбиявӣ мувофиқи мақсади фаъолгардонии фаъолияти эҷодии касбӣ, ҳавасмандгардонии маънавӣ ва моддӣ, баландбардории маълумотнокӣ, асосҳои сифати меҳнат, ҳис кардани масъулияти касбӣ баҳри натиҷаҳои таълим ва тарбия возеҳ дода шудааст.

Аттестатсияи муаллимон ба принсипҳои демократӣ, системанокӣ, коллегиалӣ, ҳавасмандгардонӣ, бемайлон ва маълумотгирӣ, руҳбаланднамоӣ ва ғ. нигаронида мешавад.

Касб ба механизми таъмини аттестатсия хизмат мекунад, ба вай маводи зарурӣ, воситаҳои тадқиқотӣ медиҳад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Муаллими мактаби муосир

ҚаблӣМаҳорати муаллим
БаъдӣФактҳои ҷолиб аз ҳайвонот