Логистикаи байналхалқӣ ва ташкилотҳои он. Интихоби намуди нақлиёт дар минтақаи Тоҷикистон

Логистикаи байналхалки ва ташкилотхои он. Интихоби намуди наклиёт дар минтакаи Точикистон


Нақлиёт соҳаи истеҳсолоти моддӣ буда, ба ҳамлу нақли бор ва одамон машғул аст. Дар сохтори истеҳсолоти ҷамъиятӣ вай ба соҳаҳои истеҳсоли хадамоти матеоиалӣ дохил мешавад. Қисми зиёди амалиётҳои логистикӣ, дар роҳи интиқоли анбӯҳи материалӣ аз сарчашмаи ашёи хом сар карда то расонидан ба истеъмолгари охирон, аз тариқи воситаҳои гуногуни нақлиёт ба амал бароварда мешавад. Харҷҳои иҷрои ин амалиётҳо қариб 50 фоизи харҷҳои умумии логистикиро ташкил медиҳад.

Масъалаи интихоби намуди воситаи нақлиёт дар якҷоягӣ бо дигар масъалаҳои  логистикӣ, хусусан ба вуҷуд овардан ва нигоҳ доштани сатҳи суносибати захираҳои истеҳсолӣ, молӣ, интихоби намуди борқути ва ғайраҳо ҳал мешавад.

Интихоби намуди нақлиёт дар минтақаи Тоҷикистон

Интихоби намуди воситаи нақлиёте, ки ба интиқоли моли конкретӣ муносиб аст, дар асоси иттилоотҳо оиди тавсифи хусусиятҳои нақлиётӣ гуногун ба ҷо  оварда мешавад. Аз ин лиҳоз мо афзалият  ва нуқсонҳои ҳар як намуди нақлиётро аз нуқтаи назари логистика дида мебароем.

  1. Нақлиёти автомобилӣ. Яке аз афзалиятҳои он хусусияти баланди миёнаравнокии он буда, ба воситаи нақлиёти автомобилӣ “аз як дар то ба дари дигар”  дар мӯҳлати муайяншуда расонида мешавад. Камбудии асосии он нисбати баланд будани арзиши аслии боркашонӣ мебошад.
  2. Нақлиёти роҳи оҳан, барои кашонидани борҳои дорои дастаҳои гуногун дар ҳама  вазъияту обу ҳаво қулай аст.афзалияти аз ҳама калони нақлиёти роҳи оҳан арзиши аслии пасти боркашонии он мебошад.
  3. Нақлиёти баҳрӣ, одатан боркашонии байналхалқиро ба ҷо меорад. Афзалияти асосии он харҷҳои пасти боркашонӣ ва иқтидори баланди борбардорӣ мебошад.
  4. Нақлиёти дохили обӣ, дар ин ҷо нархи аз ҳама арзони боркашӣ вуҷуд дорад.
  5. Нақлиёти ҳавоӣ, суръати баланди ҳаракат дошта, борҳо дар муддати кӯтоҳи вақт ба масофаи дур расонида мешавад.

Интихоби намуди нақлиёт дар асоси шаш омили асосӣ ба амал бароварда мешавад. Дар ҷадвали 2.1 баҳои намудҳои гуногуни нақлиёт нишон дода шудаанд, ки баҳои беҳтарин бо 1 ифода ёфтааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҷадвали 2.1.  Баҳои намудҳои гуногуни нақлиёт бо назардошти шаш омили асосӣ

Омилҳои муайян- кунанда Мӯҳлати расондани бор Зуддии гуселкунӣ Эътимод- нокии риоя намудани графики интиқоли молҳо Имконияти кашонида тавонистани борҳои гуногун Имконияти ба нуқтаҳои гуногун расонидани бор Арзиши борка-шонӣ
Роҳи оҳан 3 4 3 2 2 3
Обӣ 4 5 4 1 4 1
автомобил 2 2 2 3 1 4
Кубурӣ 5 1 1 5 5 2
Ҳавоӣ 1 3 5 4 3 5

Бозори хадамоти логистикӣ ҳеҷ гоҳ аз дахолати давлат берун намемонанд. Зеро логистика аз захираҳои табиӣ, энергетикӣ, ба монанди маҳсулоти нафт, газ барқ ва газ васеъ истифода мебаранд, ки одатан нархи онҳо дар бисёр мавридҳо аз тарафи давлат танзим карда мешавад. Ғайр аз ин давлат ба воситаи сиёсати андоз ва додани қарзҳои имтиёзнок бозори хадамоти логистикиро танзим мекунад.

Мо дар асоси графикҳои талаботу пешниҳоди ҳадамоти логистикӣ метавонем таъсири таҳти назоратқарор доштани нархҳо омӯзем, таҳлил кунем ва ба қарори мувофиқ оем.

Барномаи кӯмаки давлат ба ҳукуматҳои маҳаллӣ инчунин кӯмакпулиро оиди роҳсозӣ, камсозии андози роҳ, тадокуроти бақайдгирии воситаҳои нақлиёт, ки бевосита қисматҳои таркибии системаи логистикиро ташкил медиҳанд, дар бар мегирад.

Фарз мекунем, ки мири ноҳия имкониятҳои буҷаи маҳаллиро ба эътибор гирифта барои беҳтар намудани сифати роҳҳои автомобтлгард маблағ ҷудо мекунад. Дар ин маврид  мири ноҳия онро ба эътибор мегирад, ки дар натиҷаи беҳтар шудани сифати роҳҳо суръати интиқоли борҳо ва гардиши мусофирон тнзонида мешавад, яъне аз ин  амал ҳам фоидаи ҷамъиятӣ ва ҳам фоидаи шахсӣ ба амал меояд.

Шакли дуюми ёрдампулии давлат ба буҷети маҳаллӣ ёрдампулии ҳиссагӣ мебошад. Фондҳои ҳиссагии дар шакли ёрдампулӣ ба харҷҳои маҳаллӣ зам карда мешаванд. Масалан, давлат аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ метавонад ба ҳар ду сомонӣ харҷи ҳукумати маҳаллӣ барои беҳтар сохтани чифати роҳҳои автомобилгард кӯмак кунад. Дар натиҷаи ёрдампулии ҳиссагӣ арзиши нисбии молҳои истеъмолӣ паст мешавад.

Фоида ин фарқи байни даромад ва хароҷоти умумии логистикӣ мебошад. Барои муайян намудани ҳаҷми истеҳсоли ҳадамоти логистикӣ ки дар он фоида калонтарин бошад, мо пеш аз ҳама даромади системаи логистикиро таҳлил менамоем.

Даромади умумии логистика (Д) ба ҳосили зарби ҳаҷми ҳадамоти фурӯхташуда ва нархи воҳиди ҳадамот (С) баробар астт, яъне:

Д(Q)=Q-C (1)

Даромади ҳудудӣ (ДҲ) андозаи афзоиши даромад  дар натиҷаи ба як воҳид зиёдшавии истеҳсоли ҳадамот  аст:

(2)

Даромади миёнаи системаи логистикӣ (ДМ) даромаде мебошад, ки аз фурӯши воҳиди ҳадамот ба даст меояд:

ДМ=Д(Q)/Q (3)

Барои равшанӣ андохтан ба масъалаи гузошташуда мисоли шартии зеринро дида мебароем.

Дар ин ҷадвал тағйирёбии даромади ҳудудӣ ва миёнаи системаи логистикӣ дар мавриди графики талаботи С=6-Q будан нишон дода шудааст. Бояд қайд кунем, ки даромади миёна ва нархи воҳиди хадамот баробар мешавад, яъне:

 ДМ = Q * C/Q = C (4)

Ҷадвали 2.2. Андозаи даромади умумӣ, ҳудудӣ ва миёнаи системаи логистикӣ.

Нархи воҳиди хадамоти логистикӣ, C

 

Миқдори хадамоти фурӯхташуда, Q Даромади ба даст омада
Умумӣ, D(Q) Ҳудудӣ, DX Миёна, DM
1 2 3 4 5
6 0 0
1 2 3 4 5
5 1 1 2 1
5 2 8 3 4
3 3 9 1 3
2 4 8 -1 2
1 5 5 -3 1

Дар доираи чунин графики талабот даромад ба сифр баробар мешавад, зеро нархи воҳиди ҳадамот ба 6 в.ш баробар аст, ки бо ин нарх ягон ҳадамоти логистикӣ фурҳхта намешавад.

Сохтори ташкилии идораи анбӯҳи материалии корхона

Яке аз вазифаҳои асосии тартиб додани системаи макрологистикӣ ин пеш аз ҳама ташкили умурӣ ё ҷузъи махсус дар сохтори идораи корхона мебошад, ки он ба муносибгардонии анбӯҳи корхона масъул аст. Чунин сохтор имконият медиҳад, ки масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамаи функсияҳои идоракунии корхона оиди ҳаракати мол бомуваффақият ҳаллу фасл карда шаванд. Бояд қайд кунем, ки тартиб додани схемаҳои ташкилии чунин ҷузъҳо аз нуқтаи назари он масъалаҳое тартиб дода мешавад, ки онҳо ба дар назди ҳама корхона ба амал оянд. Дар таҷриба вариантҳои гуногуни ташкили чунин сохтор вуҷуд дорад, ки ҳамаи онҳо ба модели умумӣ асос ёфта, ба ҳали масъалаҳои ба ҳам монанди логистикӣ оиди идораи анбӯҳҳои материалӣ, нигаронида шудаанд.

Чӣ тавре кӣ дар боло қайд карда будем, системаи логистикӣ, одатан дар ҳолати номуайянии таъсири муҳити атроф фаъолият мекунад. Дар конъюктураи бозор, кори нақлиёт, равандҳои фавқулода доимо ба вуҷуд меоянд. Аз ин лиҳоз яке хосиятҳои зарурии системаи логистикии корхона ин қобилияти баланди мутобиқшавии вай ба муҳити тайғирёбанда мебошад. Системаи логистикии идораи анбӯҳҳои материалӣ бо мурури тайғир ёфтани муҳити дохилӣ ва берунаи корхона бояд доимо такмил ёфта истад.

Одатан, раванди такмили системаи логистикии идораи анбӯҳҳои материалии корхона тавсифи пай дар пай дошта, дар он асоси назорати доимӣ ва муқоисаи фаъолияти ҳар як зерсистема ва элементҳои алоҳидаи он, баҳои фоиданокии кори онҳо ва инчунин коркарди амалиётҳои ҳамоҳангкунонӣ, ба амал бароварда мешавад.

ҚаблӣМоҳияти системакунонии логистикаи тиҷоратӣ
БаъдӣИттиҳоди европоии иқтисодӣ (ЕврАзэс)