Мафҳум, предмет, муносибат ва функсияҳои мурофиаи ҷиноятӣ

141

Фаъолияти мақомоти таҳқиқ, тафтишот, суд оид ба тафтиш, баррасӣ ва ҳаллу фасли парвандаҳо хусусияти оммавӣ-ҳуқуқӣ дарад.

Ҷиноят ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шахсият, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ба тартиботи ҷамъиятӣ ва давлатӣ зарар расонида, ба фаъолияти пурсамари аъзонёни ҷомеа халал мерасонад. Аз ин лиҳоз аз тарафи давлат мақомотҳои махсуси ваколатдоре созмон додашудаанд, ки бар муқобили ҷинояту ҷинояткорӣ мубориза бурда, аз ҳуқуқу озодиҳои инсон шаҳрванд, бехатарии ҷамъиятӣ, сохтори конститутсион ҳокимияти давлатӣ ҳифз менамоянд. Давлат баҳри таъмини қонуният ва мустаҳкам кардани тартибот, чораҳои гуногун андешида аз онҳо истифода менамояд. Мутобиқи Кодекси мурофиаи ҷиноятии ҶТ амалӣ намудани чунин фаъолият, яъне мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, ба ӯҳдаи як қатор мақомот, ба мисли: мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтишоти пешакӣ, прокуратура ва суд вогузор намудааст. Мақомотҳои номбурда ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти мурофиавии худ аз тарзу воситаҳое истифода мебаранд, ки дар қонун бевосита пешбинӣ шуда бошад. Яке аз роҳҳои муҳимтарин баҳри мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ин истифодаи чораҳои ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ мебошад. Меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ танҳо ҷиноят ва намудҳои он, ҷазо ва тадбиқи он, асос, шарт ва тартиби ҷавобгарии ҷиноятӣ, таъин кардани ҷазо ва аз ҷазо озод намуданро фаро мегиранд. Аммо барои он ки ҷазо мавриди татбиқ қарор гирад, ҳолатҳои зерин бояд мавриди муқарраркунӣ сурат гирад: кирдор аз тарафи кӣ содир шудааст, ин кадом кирдор аст, чӣ тарз содир кардааст, бо кадом мақсад, натиҷаи содир кардани ҷиноят ва ғайра. Мақомотҳои зикргардида дар фаъолияти худ ин ҳолатҳоро муайян менамоянд. Ин мақомотҳо дар рафти фаъолияти худ барои амали намудни як қатор ваколатҳо, ба монандӣ, ошкор кардани ҷиноят, маълум намудани шахсияти ҷинояткор, исбот намудани гунаҳкории ӯ, тадбиқи ҷазо аз қонунҳои ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ истифода мебаранд. Фаъолияти ин мақомотҳо дар шакли мурофиавӣ-ҷиноятӣ ба роҳ монда мешавад.

Аз назари профессор Фойнитский И.Я. «мурофиаи судии ҷиноятӣ, ин як навъи тартиби истеҳсолот оид ба муайян намудани масъалаи татбиқи ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳангоми вайрон намудани он мебошад»[1]. Профессор А.В. Гриненко таъкид менамояд, ки «мурофиаи ҷиноятӣ, ин фаъолияти максадноки давлатӣ ва ҷамъиятие, ки баҳри ошкор намудани ҷинояти содиршуда, ба ҷавобгари кашидани шахси гунаҳкор ва қонеъ намудани манфиатҳои ҷабрдида равона шудааст, мебошад»[2].

Профессор А.Д. Бойков бошад, мурофиаи ҷиноятиро на аз лиҳози аломати фаъолият, балки аз лиҳози муносибатҳои ҳуқуқӣ баҳо дода, «мурофиаи ҷиноятиро маҷмӯаи (меъёрҳои ҳуқуқӣ) муносибатҳои ҷамиятии ҳуқуқие мепиндорад, ки дар он субъектон табодули ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо мебошад».

Солҳои охир аз ҷониби тадқиқотчиёни илми мурофиаи ҷиноятӣ ақидаҳое пешниҳод шуданд, ки мувофиқ ба мазмуни истилоҳи қадимаи мурофиаи мебошад, яъне мурофиаи ҷиноятиро тарзи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷабрдида, ҷомеа ва давлат, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои гумонбаршаванда, айбдоршаванд, судшаванда аз дигар тараф мепиндоранд[3].

Мурофиаи ҷиноятӣ, ин фаъолияти тибқи қонун ба танзим даровардаи мақомоти солоҳиятноки давлатӣ, доир ба оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ, таҳқиқу тафтишот, баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ва иҷроиши ҳукм буда, дар шакли муносибатҳои ҷамъиятӣ-ҳуқуқӣ ҷорӣ гашта, мақсади ба ҳаёт пиёда намудани қонуни ҷазоро дорад.

Мурофиаи ҷиноятӣ чун тарзи ҳимояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд замина ва шароитеро бояд фароҳам оварад, ки гунаҳгорони воқеии содиркунандаи ҷиноят фош карда шуда, онҳо ба ҷавобгарии сазовор кашида шаванд ва шахсони бегуноҳе, ки нодуруст зери таъқиботи ҷиноятӣ қарор гирифтаанд, саривақт аз ҷавобгарӣ озод карда шаванд.

Ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ, ин маҷмӯи қоидаҳои рафтор аст, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштирокчиёнро оид ба оғоз намудани кори ҷиноятӣ, таҳқиқу тафтишот, баррасӣ дар суд, иҷроиши ҳукм, тарзи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон, ҷомеа ва давлатро ба танзим дароварда, дар меъёри қонун ифода шудаанд ва баҳри ба ҳаёт татбиқ намудани вазифаҳои судии мурофаи ҷиноятӣ муқаррар шудаанд.

Ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ чун дигар соҳаҳои ҳуқуқ муносибатҳои ҷамъиятии муайянро ба танзим медарорад.

Ба сифати предмети батанзимдарории ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ дар бештари адабиётҳои соҳавӣ инҳо номбар мешаванд:

  1. Фаъолияти мақомоти салоҳиятнок доир ба оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, баррасии парвандаи ҷиноятӣ ва иҷроиши ҳукм.
  2. Фаъолияти иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, ки аз ҷониби қонун муқаррар шудааст.

Муносибатҳои мурофиавии ҷиноятӣ гуфта, он муносибатҳои ҷамъиятиеро меноманд, ки бо меъёрҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ ба танзим дароварда шудаанд.

Муносибатҳои мурофиавии ҷиноятӣ ба худ хос махсусиятҳоро доро мебошанд, ки аз дигар намуди муносибатҳои ҷамъиятӣ фарқ менамоянд:

  1. Як тарафи муносибатҳоро дар ҳама ҳолат мақомотҳои давлатӣ ва ё шахсони мансабдори ваколатдор ташкил медиҳанд.
  2. Дигар субъектони мурофиаи ҷиноятӣ (шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ) дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муайян буда, онро дар доираи муносибатҳои ҳуқуқӣ барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ва намояндагӣ истифода мебаранд.
  3. Таркиби муносибатҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷинояиро ба вуҷуд меоранд:

— фактҳои ҳуқуқӣ, боиси ба вуҷуд омадан, тағйир ёфтан ва қатъ гардидани муносибатҳои хуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ мебшад;

— объекти муносибатҳои ҳуқуқӣ – оне, ки ин бевосита ба мазмуни муносибати ҳуқуқӣ равона карда шудааст (масалан, ҳангоми пурсиш – гирифтани маълумот). Муносибати ҳуқуқӣ ин рафтори субъектоне мебошанд, ки дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадорианд. Ин ҳуқуқ ва ӯҳдадорӣ шакли дохилии муносибати ҳуқуқӣ мебошанд.

Муносибатҳои мурофиааӣ танҳо пас аз оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ба вуҷуд меоянд, минбаъд инкишоф ёфта қатъ мегарданд.

Функсияҳои мурофиаи ҷиноятӣ ин самтҳои гуногуни фаъолияти мурофиаи ҷиноятӣ мебошад, ки бо нақши иштирокчиёни мурофиа ва вазифаҳои дар назди онҳо гузошта шуда муайян карда мешаванд.[4]

Ҳар кадом функсия самти асосии фаъолияти иштирокчии дахлдори мурофиаи ҷиноятиро инъикос мекунад. Гарчанде дар адабиётҳои ҳуқуқӣ оиди шумораи функсияҳои мурофиаи ҷиноятӣ олимон ақидаи ягона надоранд, вале бо дарназардошти мафҳуми функсияҳои мурофиаи ҷиноятӣ мо се функсияи асосии мурофиаи ҷиноятиро ҷудо менамоем.

  1. Айбдоркунӣ. Ин фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо мебошад, ки ба исбот кардани гунаҳгории шахси содирнамудаи ҷиноят ва муайян кардани ҳолатҳои ҷавобгариро вазнин кунанда, равона гардидааст.

Вобаста ба он, ки ин функсияро киҳо иҷро мекунанд, айбдоркунӣ ба айбдоркунии давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ тақсим карда мешавад.

Айбдоркунии давлатӣ новобаста аз хоҳиши шахсони манфиатдор, аз ҷумла, ҷабрдида аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ (прокурор) ба манфиати давлат ва аз номи он ба амал бароварда мешавад. Инчунин фаъолияти айбдоркуниро мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва муфаттиш ба амал мебароранд.

Оид ба парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ, ки танҳо бо шикояти ҷабрдида оғоз карда шудаасту дар сурати бо айбдоршаванда оштӣ шудани ӯ қатъ карда мешавад, функсияи айбдоркунӣ ба худи ҷабрдида тааллуқ дорад.

  1. Ҳимоя. Ин фаъолиятест, ки ба рад кардани айбдоркунӣ, исбот кардани бегуноҳии гумонбаршаванда (айбдоршаванда, судшаванда) ё ин ки муайян кардани ҳолатҳои ҷавобгарии онҳоро сабуккунанда, нигаронида шудааст.

Фукнсияи ҳимояро худи гумонбаршаванда (айбдоршаванда, судшаванда) ва ҳимоякунандаи онҳо ба амал мебароранд.

  1. Ба амал баровардани адолати судӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ. Ин функсия аз моҳиятан баррасӣ намудани парванда ва баровардани қарори ваҷҳнок дар бораи гунаҳгор ё бегуноҳ будани судшаванда ва ба ӯ таъин кардан ва ё накардани ҷазо иборат аст. Тибқи талаботи Конститутсияи ҶТ ин функсияро суд ба амал мебарорад.

Ҳамаи функсияҳои номбурда бо ҳамдигар алоқамандии зич доранд.


[1] Фойницкий И.Я. Курс уголовного судопроизводства. В 2 т. СПб.: Альфа, 1996.

[2] Ниг.: Уголовный процесс: учебник / отв. ред. А.В. Гриненко. – 2-е изд., перераб. – М.: Норма, 2008. –С.1-5.

[3] Ниг.: Демидов И.Ф. Проблема защиты прав человека в российском уголовном процессе (концептуальные положения). – М., 1995.

[4] Ғозиев М. Мурофиаи ҷиноятӣ. – Душанбе: Деваштиҷ, 2009, -С. 12.


Калидвожаҳо: хукуки мурофиаи чинояти, ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ, мурофияи чинояти, мурофиаи ҷиноятӣ дар тоҷикистон, хукук, ҳуқуқ,  donishju tj, донишчу тч, студент тч, донишҷӯ тҷ, реферат, донишҷӯ, кори курси, кори курсӣ, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ, сайти омузиши, сомонаи омузишӣ, сайти точики, сайтхои точики, сайти тоҷикӣ