Мафҳум ва моҳияти давлат ва ҳуқуқ

Сабабҳои бавуҷудоии давлат

Маълум аст, ки давлат ва ҳуқуқ падидаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқиеанд, ки дар даврони муайяни инкишофи ҷомеаи инсонӣ ҳамчун шакли ҳамзистӣ ва воситаи нигоҳдошти тартибот ва низом ба миён омадаанд. Чун онҳо падидаи абадӣ ва ибтидоии олами инсонӣ нестанд пас яқин онҳо дар замоне бо фарорасии омилҳои муайян пайдо шудаанд. Ҳамин омилҳои пайдошавии давлат ва ҳуқуқро дар масири таърих ҳамчун омил ва ё сабабҳои пайдоиши давлат ва ҳуқук меноманд. Новобаста аз оне, ки давлат ва ҳуқуқ падидаҳои иҷтимоии ба ҳам сахт тавъаманд, ки аз бисёр ҷиҳат мавҷудияти онҳоро бидуни якдигар тасаввур кардан мумкин, омилҳо ва сабабҳои пайдоиши онҳо айнияти умумӣ ва яксон нестанд. Ин ҷудоӣ ва тафовут аз таъиноти махсусгардонидашуда ва вижагиҳои хосаи давлат ва ҳуқуқ манбаъ мегирад. Яъне омил ва сабабҳое, ки боиси ба вуҷуд омадани давлат ва ҳуқуқ гаштаанд, қабл аз ҳама вобастагӣ лдоранд ба таъиноти хосаи ин падидаҳо ва сипас онҳо тобеъи қонуниятҳои пурракунандаи якдигарӣ мебошанд.

Аз ин дидгоҳ аз назари одӣ чӣ чиз метавонад сабаби пайдоиши давлат гардад? Ва оё ин сабабҳо дар тамоми кураи замин нисбат ба ҳама давлатҳо якхелаанд ва ё вобаста ба навъҳои нахсутин давлатҳо, вобаста ба таъиноти иҷтимоии давлатҳо ва дигар таъсирҳо аз ҳам тафовутҳо доранд? Агар сухан дар бораи сабаби пайдоиши давлатҳо равад вобаста ба навъи таърихиашон онҳо одатан фарқ доранд. Албатта, мумкин аст дар натиҷаи таҳлил чанд сабаби умумии онро, ки хоси кулли давлатҳост ҷудо намуд, дар чунин сурат сабабшиносӣ ба қонунияти пайдоиши давлат майл менамояд. Аз ин дидгоҳ сабабҳои пайдоиши давлатҳо аз назари ҷузъӣ вижагиҳои худро дорад аз назари умумӣ умумиятҳоро. Мисол, давлатҳои зироатпарварии Осиёи Марказӣ як қатор сабабҳои умумиятдоштаро барои пайдоиши давлатҳои зироатпарӣ дороаст. Ин сабабҳо: зарурияти ташкили меҳнати якҷояи зироатпарварон, зарурияти тақсими меҳнат, зарурияти тақсими олоти меҳнат, зарурияти идораи амволи ҷамъиятӣ ва тақсими фоида, тақозои тақсими ваколатҳо ва ташкили идораи давлатӣ, зарурияти нигоҳдоштани ягонагии аъзоёни ҷомеа ва амсоли инҳо. Аммо дар давлатҳои аврупоӣ дар пайдоиши давлатҳои классикӣ, чи тавре, ки Ф. Энгелс муайян намудааст сабабҳои асосӣ чунин буданд: тақсими ҷамъиятии меҳнат, пайло шудани моликияти хусусӣ, пайдо шудани синфҳои доро ва нодор ва муборизхаи оштинопазири байни синфҳо. Натиҷаи ин раванд буд, ки давлат барои нигоҳдоштани ҳамин зиддият таъсис ёфт. Вижагиҳои пайдоиши ҳуқуқи синфӣ ва таҳмилӣ қабл аз ҳама хизмат намудан ба дастгоҳи давлатист. Омилҳои тавлидкунандаи он нигоҳ доштани тартибот, қонунӣ гардонидани низоми тақсимот, пешниҳод кардани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, пешниҳоди ваколати қудрат ва тавоноӣ барои иддае, ташкили ҳокимияти умумии дорои сифатҳои сиёсӣ, таъмин намудани адолат, инсоф ва дигар меъёрҳои баробаркунанда. Ба зами ин боз давлатҳое ҳастанд, ки омилҳои пайдоиши онҳо аз ин сабабҳо ба куллӣ фарқ мекунанд. Мисол, сабаби пайдоиши давлати олмонӣ, ки дар натиҷаи муборизаи беруна вусъат гирифта раванди парокандашавии сохтори авлодиро тезонидааст, боз махссияити худро дорад.

Дар масъалаи пайдоиши давлатҳои баъдӣ ва ё замони нав дигар сабабу омилҳо мавҷуданд, ки ба пайдоиши онҳо мусоидат намудаанд. Ин ҷо ҷангу ҷидол, фуруравии салтанатҳо, тадриҷан завол ёфтани давлатдориҳо ва ҳатта таъсири омилҳои ҷуғрофию табиӣ сабаб шуда метавонад.


Калидвожаҳо: Мафхум ва мохияти давлат, мафхум ва мохияти хукук, сабабхои бавучудоии давлат.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣВазифаҳо ва аҳамияти омӯзиши фанни таълимии ҳуқуқ
БаъдӣҚонуниятҳои бавуҷудоии давлат ва ҳуқуқ