Маҳал (Самт ва Уфуқ)

Он ҷоеро, ки дар он зиндагонӣ ва ё онро мушоҳида мекунем, маҳал меноманд. Маҳал вобаста ба пасту баландии сатҳи замин ҳамвор, теппанок ва кӯҳсор мебошад.

1.Уфуқ ва тарафҳои он. Агар мо ба маҳалли баланд баромада, ба атроф назар андозем, чунин менамояд, ки гӯё осмон ба сатҳи Замин рафта мерасад. Инро уфуқ меноманд.

Хатеро, ки осмон зоҳиран бо як хати муайян ба сатҳи Замин пайваст мешавад, хати уфуқ мегӯянд.

Уфуқ чор тараф дорад ва бо ҳарфҳои Шим (Шимол), Ҷ (Ҷануб), Ш (Шарқ), ва Ғ (Ғарб) ифода карда мешавад. Дар нақшбардорӣ онҳоро тарафҳои асосӣ мегӯянд. Байни тарафҳои асосиро тарафи мобайнии уфуқ меноманд. Одатан, онҳоро ба таври зерин ифода менамоянд: Шимолу Шарқ (Шим. Ш.), Шимолу Ғарб (Шим. Ғ.), Ҷанубу Шарқ (Ҷ.Ш.), ва Ҷанубу Ғарб (Ҷ. Ғ.) (расми 9).

уфук, самтхо, шимол, шарк, чануб, гарб
9. Тарафҳои уфуқ
  1. Муайян кардани самти уфуқ дар маҳал. Дар маҳал муайян карда тавонистани самти уфуқ барои ҳар як шахс зарур аст. Донистани он имконият медиҳад, ки агар ба ҷое сафар карданӣ бошед, раҳгум назада, ба осонӣ ва зудӣ расед.

Барои ин бояд аввал донист, ки дар маҳал самтро аз рӯйи чӣ муайян мекунанд. Рӯзона самтро аз рӯйи Офтоб, қутбнамо, аломатҳои маҳал, устурлоби офтобӣ, шабона бошад, аз рӯйи ситораҳо ва қутбнамо аниқ мекунанд. Аз ин ҷо, аниқ кардани тарафҳои уфуқро дар маҳал самтёбӣ мегӯянд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Барои ёфтани он пеш аз ҳама дар кадом тараф воқеъ будани шимолро бояд донист ва муайян кард. Онро бо воситаи қутбнамо, ситораи қутбӣ, шохи дарахтон, солҳалқаи кундаи дарахтон, сояи ашё муқаррар мекунем. Баъд аз он ки шимолро муайян кардем, аз рӯйи он дигар самтҳои уфуқро низ муайян мекунем. Бо ин мақсад рост истода, ба шимол менигарем. Дасти рости мо самти шарқ, дасти чапи мо самти ғарб ва паси сар самти ҷанубро нишон медиҳад.

Тирезаи синфи шумо ба кадом тарафи уфуқ нигаронида шудааст? Рӯятонро ба тиреза гардонида, муайян кунед, ки дари синф, тахтаи синф ва мизи омӯзгор аз тиреза дар кадом самт ҷойгир шудаанд? Муайян кардани самтҳои уфуқ дар ҳаёт аҳамияти калони амалӣ дорад. Донистани он ба ҳавонавардон, баҳрнавардон барои дар ҳаво аниқ парвоз ва дар уқёнусу баҳрҳо шино кардан, ба сайёҳон самти ҳаракати худро аниқ кардан имконият фароҳам меоварад.

Нақша ва харита

Саволҳо

  1. Чӣ гуна ҷойро маҳал мегӯянд?
  2. Уфуқ чист?
  3. Кадом хатхоро хати уфук мегуянд?
  4. Самтёби дар махал чи маъни дорад?
  5. Кадом тарафхоро тарафхои асоси мегуянд?
  6. Байни тарафхои асосиро чи мегуянд ва бо чи ифода мекунанд?
  7. Самтхои уфукро дар махал чи тавр муайян мекунанд?
  8. Тарафхои уфукро дар накша чи тавр муайян мекунанд?

Самтхо дар накша, Махал чист? (Уфук чист?), Уфук ва тарафхои он, хати уфук чист? Тарафхои уфук, Шим (Шимол), Ч (Чануб), Ш (Шарк), ва Г (Гарб), Муайян кардани самти уфук дар махал, самтёби чист?

ҚаблӣМиқёс ва намудҳои он (Масштаб дар харита)
БаъдӣАзимут ва муайян кардани он дар маҳал