Маҳорати муаллим

Махорати муаллим – махорати муалим (мавзу, реферат, кори курси)

Давоми матн пас аз блоки реклама

Дар педагогика таърихан ду намуди муносибаткунӣ нисбати фахмиши махорати педагогии муаллим арзи вуҷуд дорад.

Аввалинаш, бо фаҳмиши методҳои меҳнати педагогӣ, дуюмаш, ба раводиди коргирии шахсияти педагог, ки комёбиҳои зиёд ба каф овардан мехоҳад, вобаста аст. Вале азбаски метод аз шахсияти педагог ҷудоӣ надорад, дар ин ҷо ҳеҷ гуна мухолифат нест, фақат фарқият ба кадом самт тобиш хурдани маҳорат ҳамчун метод ба воситаи шахсият амалӣ мегардад, дида мешавад.

Барои аз худ кардани санъати педагогӣ бояд бисёр чизҳоро донист ва тавонист. Бояд қонунҳо ва принсипҳои тарбия, таркиби онҳоро низ донист. Бояд бо такомулоти муфидонаи технологияи раванди таълиму тарбия, дуруст интихоб намудани онҳо барои ҳар вазъияти мушаххас, ташхис намудан, пешгуӣ кардан ва тарҳбандии раванд таҳти дараҷа ва сифати супоридашуда истифода бурдани онҳоро тавонист.

Дар кори педагогии мо ҳамаашро маҳорат ҳал мекунад. — менависад профессор Ю. П. Азаров. — Аммо маҳорат одатан барои муаллимон бо душворӣ ва дуру дароз даст медиҳад.

Андешае вуҷуд дорад: маҳорати ҳақиқии муаллим фақат дар одами боистеъдод, ки майли муайяни ирсиятдошта шуда метавонад. Бояд муаллим тавлид ёфт. Дигар исбот ҳам ҳаст: касби оммавӣ хусусан имтиёзи атошуда наметавонад. Қариб ҳамаи одамонро (ғайри баъзеҳо) худи табиат ба сифати тарбиятгар тақсим кардааст. Вазифа бояд маҳорати педагогиро омӯзад.

«Оё мо метавонем ба тақсимоти истеъдоди тасодуфӣ гузорем? Дар мо чӣ қадар ин хел тарбиятгарони боистеъдод ҳаст? — пурсида буд А. С. Макаренко — ва барои чӣ кӯдак дар дасти педагоги беистеъдод азоб кашад? Ва оё мо метавонем тарбияро аз ҳисоби истеъдод созем? Не. Фақат дар бораи маҳорат, яъне дар бораи дониши ҳақиқии раванди тарбия, дар хусуси тавонистани тарбия бояд гап зад. Ман дар таҷриба ба хулосае омадам, ки масъалаи маҳоратро, тавоноии бо ихтисос асосёфта ҳал мекунад».

Аспектҳои гуногуни психологии меҳнатӣ муаллимро таҳқиқ намуда Н. В. Кузмин тасдиқ мекунад, ки муаллимони боистеъдоди ҳозира на зиёда аз 12% оммаи асосӣ — ин устодони моҳир, ки тавоногари хуб донандаи усулҳои омӯзиш ва тарбия мебошанд ва бо шарофати ин таъсирбахшии кор муваффақ мегарданд.

Маҳорати педагогии муаллим, пеш аз ҳама, тавонистани ташкилии раванди омӯзишро ифода мекунад, ки дар ҳар гуна шароит, ҳатто дар вазъияти ноқулай ҳам ба сатҳи тарбия, инкишоф ва дониши талабгон комёб шуда метавонад. Муаллими ҳақиқӣ ҳамавақт ба ҳар саволи ғайридоимӣ ҷавоб ёфта метавонад. Вай метавонад бо хонандагон бедушворӣ наздик шавад, фикрро равшан гардонад, ба қобилиятҳо такон оварад, ба шарте ки маҳорати (санъати) педагогӣ дошта бошад.

Махорати педагоги

Маҳорати педагогӣ — ин хусусияти шахсиятест, ки маҷмуи худташкилдиҳии фаъолияти касбиро ба дараҷаи баланд таъмин мекунад.

Қисматҳои таркибии маҳорати педагогӣ инҳоянд: самти инсонпарварӣ, дониши касбӣ, қобилияти педагогӣ, техникаи педагогӣ. Ҳар кадоми ин қисматҳо, дар навбати худ, боз шохаҳои худро доранд (ниг. нақ. 10).

Самти инсонпарварӣ аз меҳри бепоён доштани муаллим ба кӯдакон ва касби омӯзгорӣ сарчашма меёбад. Муаллим бояд шогирдони худро ҳамаҷониба омӯзад, то ки онҳо мувофиқи хусусиятҳои фардиашон дуруст муомила карда тавонад. Вақте ки байни тарафайн муносибати гуманистии занҷирӣ барқарор шуд, ба мақсадҳои олӣ (идеалҳо) гузаштан, майлу рағбати онҳоро ангезонидан лозим меояд, зеро мақсадгузорӣ, рангинӣ, завку шавқи зиндагии инсон аст. Бемақсадӣ ба руҳафтодагӣ ва коҳилӣ меорад.

Хуб донистани дониши касбӣ тақозо мекунад, ки муаллим фанни тадрисии худро бо методикааш чуқур донад, илова бар ин, илмҳои ба касбаш вобаста — педагогика, психология, ҳамчун донишҳои мансубро азхуд намояд. Муаллим мумкин аст фанни худро дӯст дорад, донад, аммо дониши худро ба талабагон баррасӣ карда наметавонад. Биноан муаллими ҷавон ҳатман маҳорати роҳи донишгузориро аз муаллимони пешқадами кордон омӯзад, ин санъати муҳимро ба каф орад.

Дар қисмати қобилияти педагогии муаллими мумтоз чунин хусусиятҳои муҳим раводид шудаанд: робитаи некхоҳӣ, инсонпарварӣ нисбати одамон; қобилияти ҳушёрӣ, фаҳмида тавонистани мусоҳибон, ҳусни таваҷҷӯҳи касбӣ, фаҳму фаросати педагогӣ; серҳаракатӣ — инкишофи қобилияти ба иродаи шахсият таъсиррасонӣ ва мантиқан боваркунонӣ; эҳсоси устувор дар ҳар шароит худдорӣ, таҳаммул карда тавонистан, бидуни густохӣ; пешбинии некхоҳона — натиҷаҳои муҳими фаъолияти минбаъда қобилияти эҷодкорӣ доштан бидуни нусхабардорӣ ҳар кори омӯхташударо дар шароиту имкониятҳои худ мутобиқ гардонида тавонистан аст.

Талаботи техникаи педагогӣ — маҷмӯи усулҳоро дар бар мегирад. Воситаи он — нутқ ва муносибати шифоҳӣ. Технакаи педагогӣ аз ду қисмат таркиб ёфтааст: а) идора кардани ҷисми худ, бидуни ҳаракатҳои ғайримақбул, дар курсӣ бо тамкин нишастан, пойҳо на чилику руи зону, балки аз ҳамдигар 10 — 12 см ҷудо ва яке камтаре майл ба пеш бошанд. Имову ишораҳои ба мавриди ғайрилафзӣ, ки нутқи муаллимро дақику мушаххас мегардонанд, лозиманд. Бахусус, ҳамаи ишоратҳои ғайри лафзии қисм дар илм пантомимика номида мешавад.

Пантомимика чист?

Пантомимика (аз юн. pantomimios — айнан такрори ҳамаи тақлид), санъатест, ки ба воситаи имову ишорат тасвири рамзии намудҳо офарида мешавад, нутқи нотифо равшану пурра мегардонанд; б) техникаи нутқ омӯзгор — тарзи талаффуз, нафаскашӣ, суръати нутқ ва таъсиррасонии он ба шахс ва коллектив. Нутқи муаллим бояд ихчаму дақиқ ва мувофиқи сатҳи дониши талабагон дастрасу фаҳмо бошад. Ҷалолиддини Румӣ фармудааст:

Чунки бо кӯдак сару корат фитод,

Ҳам забони кӯдакон бояд кушод.

Ба ин гуфтаи омӯзгорӣ бузургвор гуфтаи зайлро илова кунем мешудагист:

Ҳар саволе, ки биёранд бармиён,

Бо забони фаҳмашон бинмо баён.

Нутқи муаллим ҳам ба хусусиятҳои аҳли синф бо суръати миёна ва тез бояд бошад, на як зайл оҳанг гирад, балки бо интонатсия — гоҳ паст, гоҳ баланд, гоҳ хурушон бошад. Пуртаъсирӣ — хурушонии нутқ эҳсосоти сомеонро такон меоварад, мисли аз забони қахрамони халқи тоҷик Темурмалик овардаи устод С. Айнӣ:

Атри кафан зи хоки ватан кардам орзу,

Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок…

Нутқи хурушон ба шахс ва коллектив чун оҳанрабои ба худ кашанда таъсир мекунад.

Моҳияти маҳорати педагогӣ — маданияти шахсӣ, дониш ва доираи назарӣ муаллим, ҳаматарафа тайёрии назариявии вай бо азхудкунии усулҳои замонавии таълим ва тарбия, техникаи педагогӣ ва таҷрибаи пешқадамро худ таҷассум мекунад.

Алалхусус, маҳорати педагогии муаллим аз чанд ҷиҳат ба санъати навозандагӣ ва актёрии саҳна монандӣ дорад. Агар мутриб торҳои асбобро дуруст кор фармуда натавонад, оҳанги навозандагиаш гушхарош мебарояд. Қисматҳои маҳорати педагогӣ ва методу усулҳои марбути фаъолияти муаллимӣ ба сони пардаҳои асбоби мусиқӣ дуруст интихоб карда нашаванд, кори ӯ барор намегирад, таъсири муфид намебахшад, чунон ки мегӯянд «Ҷони нодон дар азоб». Педагог ҳамеша як нақшро мебозад, ки ин ба тарбиягирандагон таъсири мусбат расонидан аст.

Омӯзгоре, ки ҳини раванди таълиму тарбияи дастпарварон ахлоқ ва одоби педагогиро сарфи назар мекунад, дар қалби онон ҷо гирифта наметавонад, ба робита бо талабагону волидони онҳо, ҳамчунин педагогикаи ҳамкориро аз даст медиҳад. Этика (илми ахлоқ) ва одоби муоширати педагогӣ узвҳои муҳими маҳорати педагогӣ ба шумор мераванд, ки мо нисбати онҳо мухтасар таваққуф мекунем. Зеро нисбати онҳо дар курси «Муқаддимаи ихтисоси омӯзгорӣ» муфассалтар маълумот дода шудааст.

Этикаи педагогӣ илми ахлоқу одоби муаллим аст. Муаллими замон дар ҳар гуна вазъият, дар ҳама ҷо бояду шояд ба он риоя кунад, то ки шогирдон аз ӯ наҳаросанд, ҳамчун дӯстӣ мунису ғамхорашон бидонанд. Дар чунин муносибат бо ҳар васила омӯзгор метавонад аз олами ботини шогирдон огоҳӣ пайдо кунад, қобилияту майли ниҳони ононро дарёбад. Оре, муаллими мумтоз чун ғаввоси заршинос ба қаъри дили шогирдон ғутта зада, аз ботини ниҳони онҳо марвориду дурдонаҳои истеъдод ба соҳили мурод меоварад ва бо камоли фазилату хайрхоҳӣ он қобилиятҳоро болу пар мебахшад.

Одоби муоширати педагогӣ — риояи муаллим оиди меъёри қоидаҳои муносибат нисбати талабагон ва волидони онҳо ва интихоби роҳи дурусти муомила бо эшон дар ҳар гуна маврид дар назар дорад.

Одоби муаллим ба принсипҳои ахлоқи умумиинсонӣ асос ёфтааст. Олами ниҳони хонандагонро дарк карда, таъсири мусбат расонидан ҷиҳати муҳими одоби муошират аст.

Бархе аз муаллимон ҳангоми мусоҳиб шудан бо шогирдон ва волидайн гапро аз шикояту нуқсонҳо оғоз мекунанд, ки ин бар хилофи одоби педагогист, зеро ин тавр муносибат шикаст меорад. Одоби педагогӣ тақозо мекунад, ки зимни муомила бояд қабл аз нуқсони шахс сифати мусбати ӯро дар навбати аввал гузошт, сипас хеле эҳтиёткорона аз камбудиҳо андеша ронда, роҳи ислоҳи онро ба волидон тавсия намояд.

Муаллими мактаби муосир

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама