Маҷоз (дар адабиёт ва шеър)

Маҷоз низ калимаи арабист, маънои луғавияш маҳалли гузаштан, гузаргоҳ; ғайри ҳақиқат аст.

Дар илми бадеъ аз ҷумлаи санъатҳои маънавист. Агар шоир ё нависанда дар асари худ калима ё таркиберо ба маънои ғайриаслӣ истифода бараду он маънӣ аз ҷиҳате ба маънои аслӣ монанд бошад, онро маҷоз меноманд. Масалан, агар гӯем, ки фалонӣ пояшро ба андозаи кӯрпааш дароз накардааст, чунин маъно дорад, ки ӯ кореро ба зимма гирифтааст, ки аз уҳдааш намебарояд, яъне зӯраш намерасад.

адабиёти точик персонаж

Ҳарчанд маънои маҷоз ғайри ҳақиқат аст, аммо ба тавассути маҷоз ифода кардани маънӣ худ ифодаи ҳақиқат аст. Дар ҳар гуна ифодаи маҷозӣ калима ё таркибе вуҷуд дорад, ки ба маънои ғайриаслӣ ҳидоят мекунад. Чунин калимаро қарина (ҳамнишин) – и маҷоз меноманд. Масалан, агар бигӯем, ки “шамъи анҷуманафрӯзи ман омад”, мақсад ёр буда, “анҷуманафрӯз” қарини маҷоз мебошад. Маҷоз ду навъ аст: Маҷози луғавӣ, ки онро маҷоз дар муфрад низ мегӯянд ва маҷози ақлӣ, ки онро маҷоз дар ҷумла меноманд.

Агар адиб калимаеро истифода намояд, ки ба маънои аслии худ наёмада бошад, онро маҷози луғавӣ меноманд. Мисли: “даст” ба маънои “қудрат”, “тавоноӣ”, ё “моҳ”, “наргис”,“сарв” ба маънои “рӯй”, “чашм” ва “қад”. Дар сурате, ки шоир калимаеро истифода намояд, ки маънои мухолиф ба вуҷуд ояду ин маънои мухолиф ба муҳокима ҳеҷ гуна вобастагӣ надошта бошад, онро маҷози ақлӣ мегӯянд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Истиора низ аз ҷиҳати маъно як навъи маҷоз мебошад.

Мисолҳо:

Ҳар субҳ шитобон биравам бар сари роҳе,
Пеш аз рухи хуршед бибинам рухи моҳе.

Боқӣ

Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем,
Ай бехабар зи лаззати шурби мудоми мо.

Ҳофиз

Бар он нома бинҳод хусрав нигин,
Фиристодаро доду кард офарин.

Фирдавсӣ

Насри ривоятӣ. Наср дар адабиёт


Мачоз дар адабиёт, истифодаи мачоз дар шеър, маълумот дар бораи мачоз точики

ҚаблӣМасъуди Саъди Салмон
БаъдӣҶалолуддини Балхӣ