Мактаби ибтидоӣ – сарчашмаи ҷаҳонбинии илмӣ

Мактаби ибтидои – сарчашмаи чахонбинии илми


Наёбад марди ҷоҳил дар ҷаҳон ком,
Надорад бӯю лаззат меваи хом.
Носири Хисрав

Барои он ки насли имрӯза аз ақлу заковат ва тамаддуни ҷаҳон бенасиб намонанд ва дар зиндагӣ ҳамеша оқилона рафтор намуда, ноили комёбиҳои беназир гарданд, аз синфҳои ибтидоӣ сар карда ҷаҳонбинии илмии онҳоро пай дар пай ташаккул бояд дод.

Ҷаҳонбинӣ хусусияти басо муҳими шахсият буда, сохти лексикии он аз ду калима: «ҷаҳон» ва «бин ё фаҳм» иборат аст, ки оқилона фаҳмидани ҷаҳонро ифода мекунад. Умуман, ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонфаҳмӣ шакли ба худ хоси шахсро ифода намуда, нисбати муҳити атроф нуқтаи назар ва дар ин муҳит чӣ гуна мавқеъ доштани ӯро муайян мекунад. Ҳар кас нисбати падидаҳои табиат ва ҷамъият тасаввурот ва ақидаҳои худро дорад. Иддае роҷеъ ба ҳодисаҳои табиату ҷамъият фикри солими илмӣ ва баъзеҳо фикри нодурусти ғайриилмӣ меронанд. Ин, албатта, ба дараҷаи маълумотнокии шахс вобаста аст. Вақте ки гап дар бораи тарбияи мактабхон меравад, ин ҷо ташаккули амиқу ҳамаҷонибаи ҷаҳонбинии илмӣ дар назар дошта мешавад. Дар таҳти мафҳуми ҷаҳонбинӣ дараҷаи фаҳмиши шахс, ки дар худ системаи донишҳо, ақоид, эътиқод ва идеалҳои ӯро фаро гирифта нисбати инкишофи табиат ва ҷамъият муносибати ӯро ифода намуда мавқеи ахлоқию эстетикиашро дар соҳаҳои гуногуни зиндагӣ муайян мекунад, дониста мешавад.

Ташаккули ҷаҳонбинӣ раванди кӯтоҳмуддат набуда, дар давоми тамоми умр ҷараён мегирад. Азбаски ин ҷараён бо дигаргуниҳои мунтазам инкишофёбии умумии талабагон вобастагӣ дорад, аз ин бобат системаи тасаввурот, маълумот ва ғояҳои муҳити олам дар марҳалаҳои гуногуни омӯзиш ва тарбияи мактабии онҳо яксон нест – фарқ мекунад. Дар зинаи ибтидоӣ таълими мактаб ба талабагон барпокунии системаи мукаммали ақидаҳо нисбати қонунияти инкишофи табиат ва ҷамъият вазифа гузошта намешавад. Аз ин рӯ ҷаҳонбинӣ барои мактабиёни хурдсол ҳамчун минимуми тасаввурот, фаҳмиш, маълумот ва ғояҳои зайли ҷаҳонбинӣ ташаккул дода мешавад:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  • тасаввуроти ибтидоӣ дар бораи дигаргунии ҳаёти табиӣ дар фаслҳои сол;
  • фаҳмидани оддитарин алоқамандӣ ва вобастагии ҳодисаҳо дар инкишоф;
  • тасаввурот роҷеъ ба моддӣ будани муҳити атроф ва дар инкишофи доимӣ будани он;
  • фаҳмидани табиати мухолифатҳои таърихию иҷтимоӣ (дар байни бойҳо ва камбағалон, капиталистон ва коргарон);
  • тасаввурот дар бораи ҳаёт, меҳнат дар сохти давлатдории демократӣ;
  • фаҳмидани нақши ҳалкунанда бозидани оммаи халқ дар таърих.

Дар ташаккули ҷаҳонбинии диалектикӣ таълими ҳамаи фанҳои мактабӣ, бахусус дар синфҳои поёнӣ дарсҳои табиатшиносӣ, хониш, забони модари, санъати миллӣ ва меҳнат, дар синфҳои мобайнӣ ва болоӣ фанҳои иҷтимоию таърихӣ, техникию фалсафӣ, ҳамчунин корҳои беруназтаълимӣ ва ғайраҳо саҳми фаъол мегузоранд. Барандаи асосии ҷаҳонбинии фарди алоҳида ва гурӯҳи иҷтимоӣ мебошад, ки воқеиятро мувофиқи ҷаҳонбинӣ муайян дарк менамояд. Ҷаҳонбинӣ дорои марому мазмуни бузурги амалиёт буда, ба рафтору кирдор, мақсаду манфиат ва меҳнату маишати одамон таъсир мерасонад.

Ҷаҳонбинӣ мувофиқи мазмуну моҳият илмӣ, ғайриилмӣ, идеалистӣ, динӣ ва ғайра мешавад. Ҷаҳонбинии илмӣ бо пурмазмунӣ ва аниқии худ аз дигар ҷаҳонбиниҳо ба куллӣ фарқ мекунад, зеро он ба диалектикаи илмӣ ва донишҳои дунявӣ такя намуда, оиди табиат, ҷамъият ва тафаккур дуруст қазия медиҳад. Аз ин лиҳоз мактаби ҷумҳурӣ ба ҳамин ҷаҳонбинӣ бо итминони комил пайравӣ дорад. Чунки ҷаҳонбинии илмӣ ба шахсият имконият медиҳад, ки ҳодисаҳои зиндагиро дуруст дарк кунад ва ба онҳо аз нигоҳи диалектикаи илмӣ холисона баҳо диҳад. Аз ин рӯ вазифаи муҳими ҷаҳонбинии мактаб бо далелҳои раднопазир фаҳмонда, бовар кунонидани дастпарварони худ мебошад.

Ташаккули илмии хонандагони хурдсол роҷеъ ба тасаввуроти табиат ва ҳаёти иҷтимоӣ, тарбияи ҳисси дӯстдории табиат, ғамхорию эҳтиёт кардан ва афзун гардонидани зебоии он, мусаллаҳ намудани хонандагон бо методҳои дастраси дарки олам вазифаи муҳими мактаб мебошад. Бахусус ба чунин маънӣ дар «мактубҳои эзоҳӣ» – и барномаҳои забони модарӣ ва фанни «Табиатшиносӣ» – и синфҳои ибтидоӣ нисбати ин масъала ба маврид зикр шудааст, ки зимни мушоҳидаи муҳит ва таҷирибаҳои ҳаёт ҷаҳонфаҳмии талабагон дуруст ташаккул дода мешавад.

Дар «Мактуби эзоҳӣ» – и барномаи фанни «Табиатшиносӣ» – и синфи IV омадааст: «Баланд бардоштани дараҷаи таълими табиатшиносӣ, беҳтарнамудани тарбияи ҷаҳонбинии илмӣ, зебопарастӣ, ахлоқӣ, экологӣ, иқтисодӣ, ватандӯстӣ, байналмилалӣ, меҳнатдӯстӣ ва ҷисмонию ҳифзи саломатӣ» возеҳ таъкид щудааст. Зикри чунин вазифа ва талабот таваҷҷӯҳи омӯзгорро ба ибораи «ҷаҳонбинии илмӣ» ҷалб мекунад, вай маводҳои таълимиро чуқур омӯхта дар ҳамин қатор алайҳи фаҳмишҳои нодуруст ва ғайриилмӣ вазифадор мегардонад.[1]

Дар ҷаҳонбинии илмӣ дониши ҳодисаҳои табиӣ ва иҷтимоӣ аз надонистан ё аз дониши нисбӣ ба донистани мутлақ майл дода мешавад. Тадқиқоту мушоҳидаҳои тӯлонӣ собит мекунанд, ки нисбати фаҳмиши аввалини олам дар кӯдакон хеле бармаҳал, ҳатто айёми синни томактабӣ шакл мегирад, вале он фаҳмишҳо ҳанӯз хеле маҳдуд, бесистема буда, хусусияти парокандагӣ доранд, ки воқеан, дар фаҳмиши онҳо тасаввуроти умумӣ ва ғалатфаҳмиҳои зиёд дида мешавад. Ғалатфаҳмӣ ва ғайриилмӣ маънидодкунии ину он ҳодисаи муҳити зисти кӯдакон, албатта, пеш аз ҳама, аз ғалатфаҳмию муносибати нодурусти худи калонсолони оила сар мезанад. Чунин тасаввурот ва мулоҳизаҳо асоси ҷаҳонбинии стихиявиро ташкил медиҳанд, чунки онҳо моҳияти ҳодисаҳо, сабабҳои пайдошавии онҳо, қонуниятҳои инкишофи табиат ва ҷамъиятро ҳоло дуруст дарк карда наметавонанд.

Мушоҳида ва тадқиқотҳои тӯлонӣ собит карданд, ки як зумра талабагони синфҳои I – IV тоҷикӣ ба расму русум, «мӯъҷизаҳо» – и ғайритабиӣ итминон доранд. Онҳо ба мактаб бо ақидаю таассуротҳои мухталифи оилавӣ меоянд: яке далеру нотарс, дигаре гирифтори хурофот, сеюмин рӯҳафтодаву тарсӯ ва ғайра. Оё дар чунин ҳолат тассуротҳои ғайриилмӣ ва саҳву ғалатҳои онон ислоҳталаб нестанд? Бидуни ислоҳи онҳо оё мактаби дунявӣ маънӣ дорад?

Дар синфҳои ибтидоӣ ҷаҳонбинии илмиро, ки узви таълиму тарбияи шуурона ба шумор меравад, заррае суст набояд кард. Дигар ин ки ислоҳ ва пешгирӣ кардани нуқсону каҷфаҳмиҳо дар айёми хурдсолӣ натиҷабахш аст. Нисбати тарбияи айёми хурдӣ Саъдии бузург фармудаанд: «Дар хурдӣ таъсири тарбият бештар шавад аз он ки дар бузургӣ.

Чӯби тарро чунон ки хоҳӣ печ!
Нашавад хушк ҷуз ба оташ рост».

Ба хусус хирадманду солимфикр тарбия намудани ворисони кишвар тақозои давру замон, мароми ҷомеаи дунявию демократист.

Дарки илмии ҳодиса ва воқеаҳои табиӣ, иҷтимоӣ пай дар пай мавҳумотро мафҳум гардонида, тумани сари роҳи роҳгумкардаро меронад, ба ҳар як норавшанӣ бо далелҳои раднопазири комёбиҳои илму техника равшанӣ меандозад. Чунки фаҳмиши равшанфикрӣ қудрату тавоногии шахсро тақвият медиҳад.

Шуурона муносибаткунӣ нафақат ба кашфиётҳои илми рӯҳафзун пайравӣ дорад, инчунин аз таълимоти ниёгон, асарҳои классикон ва манбаъҳои диние, ки ҳақиқати воқеиятро дуруст инъикос мекунанд ва аз он ҳикматҳое, ки баҳри рушду нумӯъи шахс таъсири мусбат мерасонанд, бархӯрдор мегардад. Аз онҳо нукоти дурусташро тан мегирад, нодурусташро, ки шуурро хира мекунанд, рад мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки бархе аз нақлу ривоят, расму русум, урфу одат, афсона, аломату нишонаҳои тахминию хаёлӣ, ки аз доираи ҳақиқат дуранд, ба хурофоту динҳо вобастагӣ доранд. Чунки онҳо монанди динҳо хеле қадимӣ буда, баъзе нишондоду персонажҳои онҳо хаёлӣ бофта шудаанд ва ба талаботи кунунии инкишофи инсонияти рушдёфта мусоидат намекунанд. Онҳо дар замонҳое пайдо шудаанд, ки инсоният ҳанӯз дар назди қувваҳои офати табиӣ оҷиз буд, сирру асрори пайдоиши онҳоро намедонист. Ҳоло бошад, онҳоро тавассути кашфиётҳои илмӣ ифшо намудааст. Аммо аз ин мӯъҷизакории илм на ҳама огоҳанду на ҳама дуруст дарк мекунанд. Аз ин рӯ, саҳву хатоҳои ононро холисона бо бурҳонҳои котеъ нишон додан, дунёи моддиро фаҳмонда боварӣ ҳосил кунонидан, пеш аз ҳама, ба зиммаи мактаб гузошта шудааст.

Табиист ки дар хонадон кӯдакон хоҳ – нохоҳ бо хости дили падару модарон ину он хел тарбия меёбанд, аммо ин он маъноро надорад, ки мактаби таҳсилоти умуми, мактаби дунявӣ шуда истода, аз солимона ташаккул додани тафаккур, ҷаҳонбинии илмӣ, фаҳмонда додани ҳодиса ва воқеаҳои табиӣ даст кашад. Баръакс, агарчи бачаҳо дар хонадонашон бо фаҳмишҳои нодуруст тарбия ёбанд ҳам, мактаб дастовардҳои ғании илму техника ва амалиёти рӯзафзунро далел оварда, мавҳумоту ғалатфаҳмиҳоро тавассути таълиму тарбияи шуурона бояд ислоҳ кунад. Дар шароите, ки ҳазрати Инсон бо ақлу заковат кароматҳои илмӣ намуда, оҳанро «ҷон» дода, ба парвоз гузоштааст, сандуқчаро гӯё кардааст, сирру асрори кайҳон ифшо дода истодааст…, илм набояд алайҳи мавҳумоти мубҳами оҷизон оҷизӣ кунад. Илми дунявӣ бояд сафедро аз сиёҳ фарқ кунад, баланду авло бошад.


[1] Хатҳоро муаллифон кашидаанд.


Мавзӯи пурра: Асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ ва моҳияти он >>

ҚаблӣМавзӯъ. Асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ ва моҳияти он
БаъдӣМоҳияти ҷаҳонбинӣ ва қисматҳои муҳими он