Маълумот дар бораи Интернет

Дар ин мавод ҷавоб ба чунин суолҳо мавҷуд аст:

Интернет чист?

Интернет чи гуна пайдо шудааст?

Интернетро ки сохтааст?

Пайдоиши Интернет

Маълумот дар бораи Интернет бо забони точики,


Интернет ин системаи умумиҷаҳонии мутаҳидии шабакаҳои компютерӣ мебошад, ки вазифаи асосии он нигаҳдорӣ ва интиқоли иттилоот ба ҳисоб меравад. Аксар вақт интернетро шабакаи умумиҷаҳонӣ ва ё шабакаи байналмиллалӣ низ мегӯянд. Дар асоси интернет Системаи интиқоли иттилоот ба монанди торанкабути ҷаҳонӣ-WWW (World Wide Web) кор мекунад.

маълумот дар бораи интернет

Соли 1969 вазорати мудофиаи ИМА Агентии Тадқиқотии Нақшаҳои Перспективӣ – ARPA (Advanced Research Prosect Agency) шабакаи компютерии ARPAnet – ро ташкил кард. Баъд аз солҳои 70-ум намудҳои гуногуни алоқаи компютерӣ (равон ва қабулкунии файлҳо, ба кор андохтани программаҳо, почтаи электронӣ) ба вуҷуд омаданд. Барои дуруст кор кардани компютерҳои дурдасти шабака ва компютерҳое, ки системаҳои омилии гуногунро истифода мебурданд ва инчунин барои дурустии иҷрои амали мубодилаи иттилоот дар онҳо “забон” – и умумии махсуси компютерӣ сохта шуд. Ин забон имкон медод, ки компютерҳо дар шабака бо воситаи дастаи протоколҳои муайян мубодила намоянд. Умуман интернет то солҳои 70-уми асри XX дар ИМА пайдо гашт ва мақсади ташкили он осон ва қулай гардонидани робитаи байни муассисаҳои илмӣ ва ҳукуматӣ буд.

Тим Бернерс Ли

Соли 1989 дар Аврупо фарзияи «Торанкабути ҷаҳонӣ» пайдо шуд. Ин фарзияро олими машҳури британӣ, хатмкардаи донишгоҳи Оксфорд, бакалавр дар соҳаи физика, корманди маркази тадқиқотҳои ядроии Аврупо Тим Бернерс-Ли (Tim Berners-Lee) пешниҳод намуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Инчунин ин олим дар давоми 2 сол протоколҳои махсуси HTTP ва забони HTML – ро кор карда баровард.

Шабакаи умумиҷаҳонии интернет қисми ҷудоинопазир дар ҳаёти мардумони давлатҳои рубаинкишоф ва мутарраққӣ ба ҳисоб меравад ва ҳамчун воситаи асосӣ ва хеле машҳур барои додугирифти иттилоот шинохта шудааст.

Айни ҳол ба интернет бо воситаи алоқаи радифӣ, хатҳои радиоӣ, телевизиони ноқилӣ, телефон, хатҳои махсуси оптикӣ ва модемҳои мавҷӣ пайваст гаштан мумкин аст. Дар тӯли 5 соли охир истифодабарандагони интернет зиёда аз 60 миллионро ташкил додаанд, аммо ба дигар воситаҳои алоқа барои чунин нишондодҳоро соҳиб гаштан вақти зиёдтар сарф гашта буд.

Фазои иттилоотӣ Сарфаи вақт (Барои шумораи зиёда аз 60 млн. муштариро соҳиб гаштан)
Радио 38 сол
Телевизион 13 сол
Телевизиони ноқил 10 сол
Интернет 5 сол

Нишондодҳои теъдоди истифодабарандагони воситаи алоқа дар давраи муайян.

ҚаблӣБофтаҳо (Бофта чист?)
БаъдӣФаррухии Сиистонӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед