Маълумот дар бораи РЕША (ботаника)

Реша чист?

Реша узви таъминкунандаи рустанӣ бо об, моддаҳои маъданӣ ва мустаҳкамгардонии он дар хок мебошад.

Дар реша моддаҳои барои ҳаёти рустанӣ зарур пайдо мешавад.

Якчанд шакли реша вуҷуд дорад: решаҳои асосӣ, решаҳои иловагӣ ва решаҳои паҳлуӣ. Маҷмӯи ҳамаи решаҳои рустаниро системаи реша меноманд. Системаи решаҳои тирреша ва патакрешаро фарқ кардан мумкин аст. Системаи решаҳои тирреша барои рустаниҳои дупаллатухм ва решаҳои патакреша асосан барои рустаниҳои якпаллатухмҳо хос мебошанд.

Реша аз хок об, моддаҳои дар он ҳалшуда ва моддаҳои маъданиро меҷаббад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Решаҳои зинда нафас мегиранд, барои нафасгирии онҳо оксиген зарур аст. Ба фаъолияти ҳаётгузаронии решаҳо шароити муҳит: ҳарорат, хок, намнокӣ, намакҳои маъдании ҳалшуда ва ҳаво таъсир мерасонад. Дар нӯги решаи ҷавон ҷузъҳои зерин: тақсимшавӣ, сабзиш ва ҷаббишро дидан мумкин аст. Ҷузъи тақсимшавӣ бо ғилофаки реша муҳофизат мешавад. Реша тавассути тақсимшавӣ ва сабзиши ҳуҷайраҳои нӯгӣ ба дарозӣ қад мекашад.

Мӯякрешаҳо дар қитъаи (ҷузъи) ҷаббиш ҷойгир шудааст ва аз хок ғизогирии рустаниро таъмин мекунанд. Нӯги решаи ҷавон дар қитъаи (ҷузъи) ҷаббиш сохтори дохилии зерин доранд: ҳуҷайраҳои мӯякреша пайдокунанда; ҳуҷайраҳои пӯслохи реша; ҳуҷайраҳои бофтаҳои гузаронанда – лиф ва чӯб.

Баъд қитъаи ҷаббиш ба решаи асосӣ наздик, қитъаи гузариш ҷойгир шудааст. Дар ин қитъа дар рустаниҳои дупаллатухм реша ба ғафсшавӣ аз ҳисоби тақсимшавии ҳуҷайраҳои ҳосилкунанда – камбия оғоз мекунад. Дар қитъаи ҷузъи гузариш реша шохронӣ карда, решаҳои паҳлуӣ пайдо мекунад. Шохронии решаро метавон бо тарзи сунъӣ, яъне бо роҳи сарпӯш намудани нӯги реша тезонид.

Коркарди хок – шудгор ва хокпӯш аз хок ғизогирии рустаниҳои киштшавандаро беҳтар намуда, дар навбати худ алафҳои бегонаро нест карда, моддаҳои пӯсидаро дар хок баробар паҳн намуда қобилияти ҳаво ва обгузаронии онро осон  мекунад.

Коркарди хок (култиватсия) бо мақсади нест кардани алафҳои бегона ва нигоҳ доштани намӣ дар хок гузаронида мешавад.

Нуриҳо одатан органикӣ ва маъданӣ мешаванд.

Дар баъзе рустаниҳо решаҳо шаклашонро тағйир дода, дар шакли бехмева, лӯндареша ва лӯндабактерия ҳосил мешаванд.

Обро ҷаббидани реша

ҚаблӣТағйири шакли реша
БаъдӣНавда ва Муғҷа (Мугчаи дарахтон)