Мантиқи шаклӣ ва диалектикӣ

Мантиқи шаклӣ ва диалектикӣ. Мантики шакли ва диалектики.


Фикрҳо ба воситаи забон ифода меёбанд, аз ин рӯ онҳо дар забон шаклҳои гуногунро мегиранд. Масалан, як фикрро дар забонҳои гуногун бо тарзҳои гуногун ифода кардан мумкин аст. «Карим – донишҷӯ аст», «Карим – студент», «Karim is a student». Дар ҳудуди як забон бо усулҳои гуногун тасвир кардани фикри муайян низ кори чандон душвор нест.

Ҳар як фикр, ғайр аз шакли забонӣ, боз шакли мантиқиро низ до-рост. Шакли мантиқии фикрро баъзан таркиб ва сохти фикр низ мено-манд. Шакли мантиқии фикри бо ёрии ҷумлаҳои болоӣ зикршуда чунин аст: «Ашёи муайян дорои хосияти муайян мебошанд». Ё агар ба тарзи дигар гӯем «Ашёи муайян унсури гурӯҳи муайяни ашё мебошанд».

Барои шарҳи муфассали шаклҳои мантиқӣ қазияеро бо ҳам муқо-иса менамоем, ки мазмуни мушаххаси гуногун доранд:

  1. Ҳамаи фулузот қобилияти гармигузаронӣ доранд.
  2. Ҳамаи муфатишҳо ҳуқуқшиносанд.
  3. Ҳамаи драматургҳо нависандаанд.

Ҳар як қазия  мубтадои мантиқӣ  (субъект) дорад, ки ашёи фикрро ифода менамоянд. Дар қазияи якум мубтадои мантиқӣ мафҳуми «фу-лузот», дар қазияи  дуюм – «муфатишҳо» ва дар қазияи сеюм «драма-тургҳо» мебошад. Ғайр аз ин ҳар яке аз онҳо хабари мантиқӣ (предикат) доранд. Зеро ҳар як қазия нишонаҳоеро ифода менамояд, ки он ба ашёи фикр хос аст. Дар қазия якум хабари мантиқиро мафҳуми «қобилияти гармигузаронӣ доштан», дар қазияи  дуюм – «ҳуқуқшинос» ва дар қазияи сеюм – «нависанда» ифода мекунад.

Мубтадои мантиқ, бо ҳарфи S (ҳарфи якуми калимаи юнонии “subectum”) ва хабари мантиқӣ бо ҳарфи Р (ҳарфи якуми калимаи юнонии “praedicatum”) ишора мешаванд. Робитаи байни ашёи фикр ва он нишо-нае, ки бо хабари мантиқӣ ифода ёфтааст, муносибати мутааллиқии нишона ба ашё аст, ки тавассути калимаҳои «аст», «мебошад», «доранд» ва ғайра ифода шудааст.

Бинобар ин қазияҳои боло  қатъи назар аз мазмуни мушаххас сохти якхела доранд, ки онро бо формулаи зерин ифода менамоем:

«Ҳамаи S -ҳо – Р мебошанд».

Шакли мантиқии фикрҳои нисбатан мураккаби ҷараёни тафак-курро чӣ гуна муайян кардан мумкин аст?

Барои ошкор намудани шаклҳои мантиқии фикрҳои мураккаб хосият, нишона ва муносибатҳои умумитарини ашёву зуҳурот, инчунин, хосияту нишонаҳои умумитарини худи фикр ва муносибати байни он-ҳоро аз ҳамдигар фарқ карда тавонистан лозим аст. Маҳз ҳамин қабил хосият, нишона ва муносибатҳо мавзӯи таҳқиқи мантиқро ташкил медиҳанд. Хосият, нишона ва муносибатҳои мазкур бо ёрии калимаҳо ё гурӯҳи калимаҳои зерин ифода карда мешаванд: «аст» («мебошад», «до-рад», «анд»), «ҳамаи» («ҳар як», «кулли», «тамоми», «ҳеҷ як»), «баъзе», «агар…, он гоҳ…», «ва», «ё», «пас», «нодуруст аст, ки …» («на», «ғайри») ва ғ. Одатан ин калимаҳоро истилоҳҳои мантиқӣ меноманд ва дар алоҳидагӣ ашё, хусусият ё муносибати онҳоро ифода карда наметаво-нанд.

Аммо, ғайр аз истилоҳоти мантиқӣ истилоҳоте ҳастанд, ки ашёву зуҳурот ё  хосият ва муносибатҳоро ифода мекунанд, вале ба мавзӯи мантиқ дохил намешаванд. Аз ҳамин сабаб, истилоҳоти мазкур, ғайри-мантиқӣ номида мешавад.

Барои ошкор намудани шакли мантиқии фикр мо бояд аз қисми зиёди мазмуни истилоҳи ғайримантиқӣ, ки ба ҳайати гурӯҳи калимаҳо дохиланд, сарфи назар кунем. Амри мазкурро бо роҳҳои гуногун амалӣ гардонидан мумкин аст. Яке аз ин усул он аст, ки аз байни гурӯҳи кали-маҳо тамоми истилоҳоти ғайримантиқӣ партофта шуда, ба ҷои онҳо нуқ-та ё хатчаҳо кашида мешавад. Ҳангоми партофтани истилоҳоти ғайри-мантиқӣ ба ҷои зикри чандкаратаи як истилоҳ хатти якхела ва ба ҷои зикри истилоҳоти гуногун хатҳои ҳархела мекашанд. Ин мулоҳизаҳо гувоҳи онанд, ки ҳангоми муайян намудани шакли мантиқӣ маънои истилоҳоти ғайримантиқӣ тамоман сарфи назар намешавад. Вобаста аз навъи хатҳои рах-рах навъҳои истилоҳоти ғайримантиқиеро, ки аз маънои онҳо итисно шудааст, барқарор кардан мумкин аст.

Роҳи дуюми итиснои маънои истилоҳоти ғайримантиқӣ ивази онҳо бо тағирёбандаҳои рамзӣ мебошад. Дар ин ҳолат ба ҷои зикри бисёр-каратаи як истилоҳ, танҳо як тағйирёбанда гузошта шуда, истилоҳоти гуногун тавассути тағйирёбандаҳои ҳархела иваз мешавад.

Фарз кунем, ки муҳокимаҳои зерин дода шудааст:

  1. «Ҳамаи фулузот (металлҳо) моддаҳои гармигузарон мебошанд. Ҳамаи фулузот (металлҳо) моддаҳои барқгузарон мебошанд».

Пас, баъзе моддаҳои барқгузарон, гармигузарон мебошанд.

  1. «Муфаттиш – ҳуқуқшинос аст.

      Пас, муфаттиши хуб, ҳуқуқшиноси хуб аст».

  1. «Пашша – ҳашарот аст.

      Пас, пашшаи калон – ҳашароти калон аст».

Дар ду муҳокимаи охирин калимаи «ҳамаи» ё «кулли» дар назар дошта шудааст. Дар натиҷаи бо тағирёбандаҳо иваз намудани истилоҳи ғайримантиқӣ аз ин муҳокимаҳо  мувофиқан шаклҳои мантиқии зеринро ҳосил мекунем:

  1. Ҳамаи М – ҳо Р мебошанд.

Ҳамаи М – ҳо S мебошанд.

Пас, баъзе S – ҳо Р мебошанд.

  1. Ҳамаи S – ҳо Р мебошанд.

Пас, ҳамаи S1 – ҳо Р1 мебошанд.

  1. Ҳамаи S – ҳо Р мебошанд.

Пас, ҳамаи S1 – ҳо Р1 мебошанд

Шаклҳои мазкур, шаклҳои мантиқии муҳокимаҳои 1,2, ва 3 мебошанд.

Ҳамин тариқ шакли мантиқӣ таркиби фикрест, ки ҳангоми аз маънои истилоҳоти ғайримантиқӣ сарфи назар намудан пайдо мешавад. Вале, дар ин ҳолат, на ҳамаи маънои истилоҳҳои ғайримантиқӣ сарфи назар мешавад. Аз ин рӯ, шакли мантиқӣ як қисми мазмуни фикрҳоро низ ифода мекунад. Зеро, бо вуҷуди он, ки мазмуни истилоҳоти ғайримантиқӣ сарфи назар мешавад, шакли мантиқӣ дар бораи онҳо ахбори муайянеро нигоҳ медорад. Масалан, мазмуне, ки тавассути шакли мантиқии натиҷагирии якум ифода ёфтааст чунин аст: «Агар ҳамаи ашёи гурӯҳи М ба гурӯҳи Р дохил шаванд ва ҳамаи ашёи гурӯҳи М ба гурӯҳи S дохил шаванд, пас баъзе ашёи гурӯҳи S ба гурӯҳи Р дохил мешаванд». Бо ибораи дигар ҳар як фикр дорои мазмун ва шакл буда, тавассути забон (шакли рамзии фикр) ифода меёбад. Тамоми мазмуни фикрро ба мантиқӣ ва ғайримантиқӣ тақсим кардан мумкин аст. Мазмуни мантиқиро бо истилоҳи мантиқӣ ва мазмуни ғайри мантиқиро, тавассути истилоҳи ғайримантиқӣ ифода менамоянд. Лекин, дар баъзе ҳолатҳо мазмуни ман-тиқиро ба воситаи истилоҳоти ғайримантиқӣ низ ифода кардан мумкин аст.

Таснифи шаклҳои мантиқӣ гуногун мебошад. Навъҳои асоситари-ни шаклҳои мантиқии фикр: мафҳум, қазия  ва хулосабарорӣ (итинтоҷ)  мебошанд.

Мафҳум – фикр дар бораи ашёест, ки тавассути маҷмӯи нишонаҳои муҳим ҷудо шуда, таъмим гардидаанд. Масалан: «давлат», «ҷиноят», «ба ҷавобгарӣ кашидан», «шуури ҳуқуқӣ», «нависанда», «шоири мунаққид», «ҳиссаи нутқ», «форматсияи иҷтимоию иқтисодӣ», «низоми сиёсии ҷомеа» ва ғайра мафҳумҳоянд.

Фикре, ки дар он ба ашё хос будан ё набудани ягон нишона тасдиқ ё  рад мегардад, қазия номида мешавад. Дар қазия муносибат ва робитаи ашё тавассути тасдиқ ё инкор инъикос мешавад.

Масалан: 1. Одами машрубот истеъмолкунанда бисёр мелақад, лекин сухани ӯ номуназам аст. 2. Ба назари одами тамокукаш чунин менамояд, ки гӯё сари ӯ ба фикрҳои муҳимгарои аҳамияти давлатӣ банд аст, лекин дар асл, фақат дуди тамоку сари ӯро иҳота кардааст.

Натиҷагирӣ (истинтоҷ) – ҷараёни ҳосил намудан ва шакли инкишофи дониш аст, ки ҳангоми он аз қазияи маълум дониши нав гирифта мешавад.

Дониши нав (натиҷа) низ тавассути қазия ифода меёбад.

Масалан:

а)  Ҳамаи фулузот қобилияти барқгузаронӣ доранд.

Мис фулуз мебошад.

Пас мис қобилияти барқгузарон, дорад.

б)  Ҳар як ҳайвон ҷисм мебошад.

Ҳар як ҷисм ҷавҳар аст.

Пас ҳар як ҳайвон ҷавҳар мебошад.

Муҳокимаҳои 1, 2, 3 – низ мисоли истинтоҷ (натиҷагирӣ,) мебошанд.

Байни фикрҳо робитае мавҷудаст, ки аз шаклҳои мантиқ, вобастаанд. Чунин робитаро ҳам дар байни мафҳумҳо, ҳам дар байни qазия ва ҳам дар байни натиҷа ошкор намудан мумкин аст. Масалан, байни фикрҳои шакли мантиқиашон «Баъзе S -ҳо Р мебошанд» ва «Баъзе Р-ҳо S мебошанд», робитаи зеринро нишон додан мумкин аст: агар яке аз ин фикрҳо ҳақ бошад, пас, новобаста аз мазмуни мушаххаси онҳо, дигараш ҳам ҳақ мешавад.

Робитаи байни фикрҳо, ки тавассути он ҳақ будани як фикр боиси ҳақ будани фикри дигар мегардад, қонуни мантиқи шаклӣ ё худ қонуни мантиқ номида мешавад.

Қонунҳои мантиқ инъикоси воқеият мебошанд. Чунин инъикос дар ҷараёни фаъолияти амалии одамон ба вуҷуд меояд.

Дар муҳокимаи якум, робитаи байни фикрҳо қонуни мантиқро ифода мекунад. Барои собит намудани он ки оё робитаи байни гуфтор қонуни мантиқро ифода менамояд ё не? зарур аст, ки ба ҷои истилоҳҳои ғайримантиқии гуфтор  истилоҳҳои дилхоҳ (лекин аз қабили истилоҳҳои ғайримантиқӣ) гузошта шаванд. Пас, ҳангоми ивази истилоҳ – ҳо санҷидан лозим аст, ки оё ҳақ будани гуфторҳои муқаддимавӣ боиси ҳақ будани натиҷа мешавад ё не. Агар ҳақ будани муқаддимаҳо ҳамеша боиси ҳақ будани натиҷа бошад, пас, робитаи байни гуфторҳо, қонуни мантиқро ифода мекунад. Дар мантиқи муосир як зумра усулҳое ҳастанд, ки тавассути онҳо қонуниятҳо ва робитаҳои байни фикрҳоро бе ягон мушкилӣ муайян кардан мумкин аст. Бо усулҳои мазкур  шумо метавонед дар боби «Истинтоҷ» (натиҷагирӣ) шинос шавед. Баъди муайян кардани мафҳуми шакл ва қонунҳои мантиқӣ, метавонем таърифи илми мантиқи шаклиро баён намоем.

Мантиқи шаклӣ – илмест, ки дар бораи шаклҳо ва қонунҳои тафаккур баҳс намуда, робитаи фикрҳоро аз ҷиҳати шаклашон меомӯзад.

Тафаккуре, ки ба қонунҳои мантиқи шаклӣ мувофиқат мекунад, тафаккури дуруст номида мешавад. Мантиқи шаклӣ баробари омӯхтани тафаккури дуруст, боз як силсила хатоҳоеро низ таҳқиқу танзим менамояд, ки дар фаъолияти амалию назарии одамон мушоҳида мешаванд. Аз ин рӯ, донистани қонунҳои мантиқи шаклӣ ва риоя намудани талаботи онҳо дар ҷараёни муҳокимаҳо барои возеҳият, ва асоснокии фикр аҳамияти калон дорад. Донистани қонуну қоидаҳои мантиқ имко-ният медиҳад, ки муҳокимаи нисбатан мураккаб бехато, ба таври дуруст ба миён ояд ё агар хато рафта бошад, онро сари вақт ошкор намоем. Касе ки дуруст, бехато ва равшан фикр мекунад, вай фикрҳояшро ҳам дуруст ва равшан ифода мекунад. Ин ақида, бешубҳа, маълум аст, зеро фикр бо забон робитаи узвӣ дорад.

Аксар вақт мегӯянд, ки кас қонуну қоида ва усулҳои мантиқро дарк накарда, ҳатто аз мавҷудияти онҳо бехабар, ҳангоми фикрронӣ ба таври стихиявӣ онҳоро риоя карда метавонад. Бешубҳа, ин фикр рост аст. Тафаккурамон табиатан мантиқӣ мебошад, вай тобеи қонунҳоест, ки ба туфайли онҳо мо, одатан, фикрамонро ҳангоми муҳокима алоқаманд месозем. Аз ин рӯ, ҳатто ба таври стихиявӣ дуруст будани тафаккур ба мо ёрӣ мерасонад, ки доир ба ашёву зуҳуроти атроф дуруст муҳокима рон-да, аз муҳокимаҳои нодуруст эмин бошем. Аммо ба таври стихиявӣ исти-фода бурдани қонуну қоидаҳои мантиқ нисбатан маҳдуд аст. Ҳангоме, ки инсон дар назди худ масъалаҳои дорои аҳамияти калони амалию назариро мегузорад, ин усул самараи худро гум мекунад. Пас, барои пайдо намудани сифатҳои муҳими муҳокимаҳо, ки боиси возеҳӣ, мунтазамӣ ва асоснокии онҳо мегардад, донистани қонуну қоидаҳои мантиқи шаклӣ зарур аст.

Таъкид кардан  зарур аст, ки мантиқи шаклӣ шаклҳои тафаккурро, қатъи назар аз тағйироту инкишофи онҳо меомӯзад. Агар бо ибораи дигар гӯем, ҳангоми таҳқиқи шаклҳо ва қонунҳои тафаккур, инкишофи фикру донишҳои мо ба инобат гирифта намешавад.

Чӣ хеле, ки гуфтем, тафаккурро ғайри илми мантиқ «равоншиносӣ», «физиологияи фаъолияти олии асаб» ва «фалсафа» (мантиқи диалек-тикӣ) низ меомӯзанд. Акнун метавонем ба таври мухтасар вазифаи ҳар яке аз онҳоро баён кунем.

Равоншиносӣ – зуҳуроти рӯҳии инсон ва хусусияти падидаҳои рӯҳи-ро таҳқиқ менамояд, ки онҳо бо тафаккур алоқаи узвӣ доранд. Бинобар ин равоншиносӣ чунин сабабҳо ва шароитҳоеро ошкор менамояд, ки он-ҳо барои пайдоиш ва инкишофи тафаккури фарди муайян мусоидат ме-кунанд. Равоншиносӣ инчунин сабабҳои солимию мӯътадилӣ ва ё носо-лимию вайрон шудани тафаккури фардро ошкор мекунад.

Физиологияи фаъолияти олии асаб – ҷараёнҳои моддии мағзи сарро, ки асоси тафаккурро ташкил медиҳанд, меомӯзад.

Мавзӯи таҳқиқи мантиқи диалектикиро, шаклҳо ва қонуниятҳои инкишофи дониш ташкил медиҳанд. Аз воситаҳои мантиқи диалектикӣ дар ҳолати ба инобат гирифтани инкишофи донишҳо истифода бурдан мумкин аст. Мантиқи диалектикӣ чунин шаклҳои инкишофи дониш (проблема, фарзия, ва ғайра), ва усулҳои маърифат аз таҷрид ба мушах-хас (аз абстракт ба конкрет) гузоштан, таҳлил ва тавлиф (анализ ва син-тез) ва ғайра – ро таҳқиқ менамояд.

Дар ҷараёни маърифат, агар мантиқи диалектикӣ ба усулҳои ман-тиқи шаклӣ такя намояд, дар навбати худ, мантиқи шаклӣ ҳам ба усул-ҳои мантиқи диалектикӣ такя менамояд. Робитаи байни онҳо робитаи мутақобила мебошад.

ҚаблӣМавзӯи мантиқ. Хусусияти инъикоси олам дар зинаи тафаккури абстрактӣ
БаъдӣПринсипҳои асосии мантиқи диалектикӣ