Маорифпарварӣ дар давраи эҳё (Англия, Франсия)

Асри XVIII ба таърих ҳамчун асри Маорифпарварӣ дохил шудааст. Ватани Маорифпарварӣ Англия, баъдтар Франсия, Германия ва Россия гардида будаанд.

Маорифпарварӣ ҷараёни адабию фарҳангӣ ва иҷтимоию сиёсиест, ки намояндагони он бо роҳи таблиғи ғояҳои хайр, адолат, илму маърифат иллатҳои сохти муайяни ҷамъиятиро аз байн бурдани шуда, анъана ва сиёсати онро тағйир додан мехостанд.

Пайравони Маорифпарварӣ шyyppo омили халқунандаи тараққиёти ҷамъият, бемаърифатии одамонро бошад сабабгори иллатҳои иҷтимоӣ медонистанд.

Маорифпарварон аҳамияти халқунандаи омилҳои моддиро дар тараққиёти ҷамъият дарк накарда, инкишоф додани маориф ва маърифатнок намудани оммаро ҳамчун роҳи асосии халоси аз беадолатӣ медонистанд. Дар Европаи Ғарбӣ ғояҳои Маорифпарварӣ дар эҷодиёти намояндагони илму фарҳанг ва санъати он Волтер, Монтескё, Лессинг, Гёте, Жан-Жак Руссо, Дени Дидро, Тюрко ифода ёфтааст. Онҳо ба муқобили аҳкомпарастии асримиёнагӣ ва идеологияи феодалию динӣ фаъолона мубориза бурдаанд. Таълимоти онҳо ба паҳншавии ду озодандешии минбаъда, алалхусус, сотсиалистони хаёлӣ ва маорифпарварони рус имкон додааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Оиди маорифпарварӣ ->>

Маорифпарварӣ

Маорифпарварӣ идеология ва ҷунбиши ақлоние буд, ки дар асрҳои XVII-XVIII аввал дар Англия, Франсия ва баъдтар дар аксари кишварҳои Европа ба вуҷуд омада буд. Одатан бедории фикрӣ ва ҷунбиши иҷтимоиро афкор ва ҳаракати Маорифпарварӣ меноманд.

Маорифпарварон аз номи хирад баромад карда мегуфтанд, ки сохти феодалӣ ба хирад зид аст, аз ин рӯ, дар ҷомеа тартиботи нави оқилона, ҳукмронии хирадро барқарор кардан лозим аст. Онҳо аз сидқи дил боварӣ доштанд, ки одамон бо ин роҳ ба адолати ҳақиқӣ ва хушбахтӣ ноил хоҳанд гардид. Мақсади онҳо аз байн бурдани иллатҳои сохти ҷомеаи мавҷуда ва такомули маорифу маърифатнок намудани омма буд.

Яке аз пешвоёни ғоявии Маорифпарварони франсуз Волтер (1694-1778) буд. Ӯ нависанда, шоир ва мутафаккири барҷастатарини он давра ба шумор мерафт. Волтер бар зидди тартиботи феодалӣ ва калисоҳои католики мубориза бурда, фикру андешаҳояшро оид ба камбудиҳои ҷомеа ҳаматарафа асоснок карда, баён намудааст. Дигар намояндаи Маорифпар­варони (франсия Монтескё буд, ки борҳо ба Англия сафар кар­да, бо намояндагони барҷастаи Маорифпарварон ва файласуфони англис суҳбат намудааст. Ӯ тарафдори ҳокимияти конститутсионию судӣ буд ва талаб мекард, ки ин органҳо ба кору фаъолияти амалдорону шоҳ назорат кунанд.

Нависанда, маорифпарвар, бастакори машҳури дигари Франсия Жан-Жак Руссо (1712-1778) мебошад, ки бо асарҳои фалсафию сиёсиаш машҳур аст. Руссо моликияти хусусиро маҳкум намуда, онро асоси побаробарии иҷтимоии одамон мешуморнд. Руссо баробарии моликиятро талйин намуда, таъқид менамуд, ки ҳар як шаҳрванд бояд меҳнат кунад. Ӯ таъкид карда буд, ки: «Ҳар як шаҳрванди бекорхуҷа дӯзд аст». Руссо бо ин мехосг тамоми мардумро ба ҳалолкорию меҳнатдӯстӣ сафарбар намояд.

Маорифпарвари дигари Франсия Дени Дидро буд, ки ӯро ҷаҳониён ҳамчун мутафаккир ва нависандаи барҷаста мешиносанд.

Ӯ асари бузурги худ «Энсиклопедия»-ро пинҳонӣ ба табъ расонида, руҳониёнро ба зери тозиёнаи танқиди сахт мегирад.

Фарҳанги давраи Эҳё

Мутафаккири бузурги асри XX В.И.Ленин ба Маорифпарварони Европа баҳои баланд дода буд. Фаъолияти пурсамари Маорифпарварон боиси он гардид, ки маданияти моддӣ ва маънавӣ ташаккул ёфта, дар ҳаёти халқҳои ҷаҳон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.

Дар соҳаи маданияти моддӣ навовариҳои зиёде ба вуҷуд омад, ки дар натиҷаи он воситаҳои истеҳсолот хеле тараққӣ карда, боиси афзоиши ҳосилнокии меҳнат гардида буд.

Дар соҳаи маданияти маънавӣ низ комёбиҳои бузурги илмию техникӣ ба даст оварда шуд, ки онҳо барои бартараф намудани мушкилоти инсон истифода бурда мешуданд. Дар натиҷаи кашфиёту ихтироотҳо истифодаи захираҳои зеризаминӣ ба роҳ монда шуданд. Дар тамоми намудҳои санъат ба монанди рассомӣ, меъморӣ, муҷассамасозӣ, мусиқӣ, тасвирӣ таъсири ғояҳои Маорифпарварон эҳсос карда мешуд.

Дар меъморӣ услуби Барокко истифода бурда мешуд. Моҳияти услуби Барокко аз он ибораг буд, ки биноҳо бо ҳайкалу нақшҳои барҷаста чунон оро дода мешуданд, ки дар он ҷои ҳамвор намемонд. Бо усули Барокко бисёр қасрҳою калисоҳо сохта шуда буданд, ки зебоии онҳо ҳоло ҳам инсонро ба ҳайрат меорад. Ин усули меъморӣ аз таҷрибаи меъморони Юнон ва Рими Қадим гирифта шуда буданд.

Санъаткорон ба ҳунари санъаткорони Атиқа пайравӣ менамуданд ва хусусиятҳои онро аз нав эҳё менамуданд.

Маорифпарварон тамоми инсониятро барои барпо наму­дани ҷомеаи боадолат даъват намуда, дар ин раванд ба санъат аҳамияти махсус медоданд, зеро ба ақидаи онҳо санъат метавонад дар тарбияи шаҳрвандон нақши беандоза бузургро бозад.

Ҳамин тавр, ҷавҳари фарҳанги давраи Эҳё, Ислоҳот ва Маорифпарвариро гуманизм, ратсионализм ва реализм ташкил мекарданд.

Давраи Эҳё


Маорифпарвари дар давраи эхё (Англия, Франсия)

ҚаблӣАҚЛ ва БОАҚЛӢ – Хазинаи маърифат
БаъдӣЭҳёи Шимолӣ