Марзбоно – шеърхо барои сарбозон

Шеър дар бораи сарбозон / сарбоз аз сомонаи мо

сарбозони точик

МАРЗБОНО

Марзбоно, рӯзу шаб бедор бош,
Чашму гӯши Меҳанӣ! Ҳушёр бош.

Ҳамчу Исмоили Сомонӣ ту ҳам
Дар лаби марзи Ватан девор бош.

Модари ту илтиҷоят мекунад,
Халқи ту ҳар дам дуоят мекунад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Гар ту эмин мекунӣ ин марзро,
Аз бало эмин Худоят мекунад.

Дидаи ту дидбони кишвар аст,
Пири роҳат Коваи Оҳангар аст.

Лашкаре гар такядори миллат аст,
Марзбон худ такядори лашкар аст.

Хатти марзи ту хати тақдири мост,
Суғду Хатлон, Рашти мо, Помири мост.

Ҳастии ту ҷавшану шамшери мост,
Бонии фарҳанги оламгири мост.

Марзбоно! Рӯзу шаб бедор бош,
Чашму гӯши Меҳанӣ! Ҳушёр бош.

Ҳамчу Исмоили Сомонӣ ту ҳам
Дар лаби марзи Ватан девор бош.

Рустами Ваҳҳоб

ҚаблӣИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ – ичлосияи такдирсоз (иншо, эссе)
БаъдӣШеър дар бораи Пешвои Миллат