Масъалаи эътиқод ба Худои ягона дар партави таҳкиқотҳои бостоншиносии замони муосир

Марҳилаи нави гузориш ва таҳқиқи масъалаи моҳият ва табиати дин баъди ба зинаи нави рушд баромадани диншиносии илмӣ (муқоисавӣ) оғоз меёбад. Омили асосие, ки барои рушди диншиносии илмӣ мусоидат намуд, бо кашфиёту бозёфтҳои бостоншиносӣ алоқаманд буд. Маводҳои бостоншиносӣ бар он далолат мекарданд, ки тасаввуротҳо дар бораи Худои ягонаи офаридгор ҳанӯз дар кадимтарин давраҳои таърихи башарият вуҷуд доштанд. Маълум гардид, ки дар рӯи Замин ягон қавму қабила нест ва набудааст, ки дар бораи Худои яккаву ягона тасаввурот надошта бошад. Аз ин ҷо муҳаққиқони диншинос ба чунин хулосаи мантиқан дуруст расиданд, ки ғояи аз тарафи Гегел ва дигар намояндагони фалсафаи дин пешниҳодшуда дар бораи он, ки анимизм, магия, сеҳру ҷоду ва политеизм пеш аз монотеизм вуҷуд доштаанд,- комилан хатост. Ҷонибдорони Гегел ва мактаби фалсафаи дини ӯ барои дифоъ аз тасаввуроти анъанавии худ мегуфтанд, ки аборигенҳо унсурҳои яккахудоиро аз яҳудия, масеҳият ва ё ислом иқтибос кардаанд. Вале, баъди бозёфтҳои нав ба нави бостоншиносӣ ва дастовардҳои антропологиву этнографӣ, онҳо  маҷбур шуданд, ки аз фарзияи сохтаи худ даст кашанд. Муҳақиқи   англис С.Л. Рэтрэем баъди амиқу ҳаматарафа таҳқиқ кардани ҳаёти динии яке аз халқиятҳои африқоӣ- ашантҳо, исбот кард, ки эътиқоди ин халқият ба Худои ягона ба хеҷ ваҷҳ иқтибосӣ буда наметавонад, чунки ин эътиқод аслу хамирмояи тамоми дигар эътиқодоти ин халқиятро ташкил медиҳад.

Дар ибтидои асри XX факту санадҳое ба даст оварда шуданд, ки дар бораи ҳаёти динии одамони 100- ҳазор сол пеш мезистагӣ гувоҳӣ медоданд. Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки одамони он замони дури таърихӣ низ на ба қувваҳои табииву рӯҳии сершумор, балки ба як қувва, ё ба Худои воҳиди ягона муътақид будаанд. Дар партави ин бозёфтхо аксарияти диншиносони муосири аврупоӣ аз нақшаи маъмулии «анимизм- политеизм- монотеизм» ё «магия (ҷодугарӣ)- дин- фалсафа (илм)» даст кашиданд.

Аз миёнаҳои асри XX сар карда дар диншиносии илмӣ (муқоисавӣ), асосан, ду ҷараён рушд намуда истодааст. Яке аз ин ҷараёнҳо чунин ақидаро тарғиб мекунад, ки аз фикри ковиши мазмуни ҳаёти динии башарият тамоман даст кашидан лозим аст. Намояндаи асосии ин ҷараён —  мактаби лейденӣ мебошад. Пайравони ин ақида  динро ҳамчун як шакли тазоҳури фаъолияти ҳаётии одамон тахқиқ намуда, ба ин масъала, ки донишу фаолияти динӣ то кадом андоза асосу мароми воқеӣ доранд, ҳеҷ гуна мароқ зоҳир наменамоянд. Дар ин гурӯҳ, маъмулан, танҳо шакли ҳаёти динӣ дар маърази таҳқиқ гузошта мешавад. Пайравони мактаби лейденӣ мӯътақиданд, ки мазмуни ботинии ҳаёти динӣ ё донистанашаванда мебошад, ё умуман вуҷуд надорад. Як вижагии ақоиди тарафдорони мактаби лейденӣ дар он аст, ки онҳо барои шарҳу тафсири ин ё он мафҳуми як дин ба кор бурдани усули муқоиса ва истифодаи мафҳуми дини дигарро қотеона маҳкум менамояд.

Ба ҳамин тариқ, дар асри XIX файласуфони диншинос мехостанд кори динро аз тариқи ҷустуҷӯи ҷомеаи тодинӣ, ё ҳадди ақал, аз роҳи ёфтани ҷомеаи бисёрхудоӣ, — тамом карданӣ буданд. Дар асри XX бошад назарияи дигар пайдо шуд: акнун, ба ақидаи мактаби лейденӣ, эътиқоди динӣ- ин маҷмӯи эҳсосоти субъективонае мебошад, ки метавонад  ба як фарди ҷудогона, ё ба як халқ ё миллат, ё умуман, ба як тамаддуни бузург мутааллиқ бошад.

Ҷараёни дувуми диншиносии илмии муосир — мактаби таърихӣ- падидашиносӣ ном дорад. Асли таълимоти ин мактаб аз эътирофи вуҷуди Худои воҳид маншаъ мегирад. Намояндагони маъруфи ин мактаб Р.Отто (муаллифи китоби «Муқаддасот. Муқаддима ба ҷанбаҳои фароақлонии эҳсоси улуҳият ва  муносибати онҳо бо шуур», соли 1928) ва М.Элиади (муаллифи асари «Фарҳанги адён», 1986) мебошанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Нуқтаи назари аз ҳама муҳими мактаби таърихӣ — падидашиносиро чунин шарҳ додан мумкин аст: Мавзӯи таҷрибаи динӣ на танҳо дар ҳаёти ботинӣ ва эҳсосоти инсон, балки берун аз он, айнан низ вуҷуд дорад. Дин, муқаддасот, тарс аз марг ва умеди наҷот аз он, —  ҳамаи инҳо аз амиқиву дақиқии таҷрибаи инсон дар ҷодаи кашфи ҳастии фавқуттабиӣ- Худои воҳид шаҳодат медиҳанд. Хуллас, вуҷуди Худо дар назари пайравони ин мактаб, — мисли қораи Амрико дар назари кошифонаш, — бараъло намоён аст.

Умуман чи тавре ки аз ин сайри кӯтоҳ дар таърихи муносибати дин ва фалсафа таассурот ҳосил кардем, яке аз муҳитарин масъалае, ки боиси ихтилофи ғоявии миёни мутафаккирон мегардид — таносуби эътиқоди динӣ ва ақлоният ба ҳисоб мерафт. Ин масъала алъон низ аз зумраи масоили мубрами фалсафӣ маҳсуб мешавад.


Масъалаи эътикод ба Худои ягона дар партави тахкикотхои бостоншиносии замони муосир

ҚаблӣМасъалаи таносуби эътиқод ва ақл дар фаҳмиши асримиёнагии масеҳӣ ва исломӣ
БаъдӣФалсафа