Мавқеи сайентизм ва антисайентизм

Дар марҳилаи баъдиғайриклассикии илм азнавбаҳодиҳии арзиши илм ва нақши он дар ҷаҳони муосир оғоз гашт. Нисбати он, ки илммарказӣ ягона пойдевори имконпазири тамаддунҳост, шубҳаҳо баён шуданд. Бо назардошти он, ки илми муосир на фақат маҳсули тамаддун, балки нерӯи ҳаракатдиҳандаи он мебошад, масъалаи сарнавишти илм ҳамзамон ба масъалаи тақдирсози фарҳанг табдил меёбад.

Баҳодиҳӣ ба нақши объективии илм дар ҷомеаи муосир хеле мухталиф аст: вай байни сайентизм (аз лот.,  scientia – илм, дониш) ва антисайентизм калавиш мехӯрад. Сайентизм нисбат аз дин, санъат ва дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ба илм мавқеи болотарро муносиб дониста, нақши хоссаи онро дар фарҳанг ва ҷомеа қайд менамояд. Ин мавқеъ дар фалсафаи позитивизм ва неопозитивизм пурратар ифода ёфтааст, ки онҳо илмро ҳамчун неъмату арзиши олӣ, ҳамчун воситаи комёбшавӣ ба ҳадафҳои муҳиму наҷиби ҷамъиятӣ (некӯаҳволии иқтисодӣ, бехатарии ҳарбӣ, ташкили васоити нави иртибот ва ғайра) меҳисобанд. Имрӯз сайентизм бо назари технократии инкишофи ҷомеа мепайвандад. Сайентизм дониши табиатшиносиро меъёри ҳамаи донишҳо шуморида, ба роҳҳои дигари маърифат баҳои манфӣ медиҳад. Некдиди сайентистӣ мӯътақид сохтан мехоҳад, ки дар асоси хулосаҳои илмӣ ҷомеаи «дуруст»-ро бунёд кардан, инсонро ба некӯаҳволӣ ва саодатмандӣ расонидан мумкин аст.

Аммо дар асри ХХ оқибатҳои номатлуби дастовардҳои табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ, инчунин пешрафти техникӣ ошкор гаштанд: а) бӯҳрони глобалии экологӣ ба вуқӯъ пайваст; б) озмоиши иҷтимоии татбиқи назарияи илмии сотсиализм бемувафақият гузашт; в) оҷизии илм дар ҳалли масъалаҳои мураккаби иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ, фаъолияти маънавӣ-ахлоқии одамон маълум шуд. Дарк шуд, ки тавассути илм «дар олам тартибот ҷорӣ кардан» мумкин нест, илм наметавонад ҳадафҳои ҳаётро ифода кунад, даъвои он дар масъалаи дарёфти ҳақиқат хеле муболиғанок аст, вай зуҳуроти тадқиқшавандаи табиӣ ва ҷамъиятиро содаю сатҳӣ баён мекунад. Чунин вазъият атнисайентизмро ба миён овард.

Далелҳои антисайентистӣ бар муқобили илм: илм баҳри ноил шудан ба чунин мақсадҳои муҳими инсон ва ҷомеа, аз қабили амнияти экологӣ, мустақилияти шахсият ва ғ. мусоидат накард, баръакс мамониат эҷод намуд; илм натавонист, ки инсониятро аз фирефтагиҳои шуури оммавӣ, шуғл ба ирфон, беадолатиҳои ҷамъиятӣ, худсариҳои тамаъкоронаи стратегияҳои иқтисодӣ, субъективияти тамъаҷӯёнаи қарорҳои сиёсӣ наҷот диҳад; роҳи дурусти бартараф кардани гуруснагӣ, қашшоқии маънавӣ ва моддиро наёфт.

Аз назари антисайентизм, ҳама нобарориҳои илм дар он аст, ки вай аз манфиатҳои ҳаётии инсон канда шудааст. Аммо тазод дар он аст, ки аз як тараф, «одам бо илм саодатманд шуда наметавонад», аз тарафи дигар, «вай бе илм боз ҳам камтар саодатманд буда метавонад» (А.Пуанкаре). Бинобар ин, дар замони муосир масъалаи арзиши мутлақ ё зидди арзишҳо будани илм ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфт.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Иштибоҳи асосӣ дар некдиди сайентистӣ ин буд, ки ба илм имкониятҳои номаҳдуди маърифатиро нисбат медод. Азбаски аз илм ҳалли масъалаҳои бунёдии ҳастии инсонро интизоранду вай ин масъалаҳоро хуб ҳал карда наметавонад, одамон аз илм ноумед шуда, ба ҳаргуна донишҳои соҳирӣ, ирфонӣ ва дигар дониши қарибулилмию дурӯғилмӣ рӯ меоранд. Масъала ва ишкелиҳое, ки вобаста аз инкишофи илм ба миён омадаанд, дар назари омма образи мухталифи илмро ба вуҷуд оварданд: ҳамҷоя бо тараннуми он, дар як вақт изтиробу нобоварӣ нисбати он афзун гардид. Воқеан, дарки возеҳи ҳудуди имкониятҳои маърифати илмӣ зарур аст. Боварӣ ба илм (бе дарки дурусти имкониятҳои маърифатӣ ва ҳудудҳои вай) сабаб мегардад, ки иллати ҳама қулфатҳои тамаддунро танҳо ба илм вобаста кунанд. Вале бо вуҷуди ин, зикр бояд кард: антисайентизм барномаи воқеии ҳифз ва инкишофи минбаъдаи тамаддунро пешниҳод карда наметавонад, бо  зиддиақлонӣ буданаш гумон аст, ки роҳи рафъи ду хатари асосии ҷомеаи муосир – нобудшавии муҳити зисти инсон ва фасодшавии шахсияти ӯро нишон дода тавонад. Таҳлили танқидии илм, нақш, маъно ва вазифаи вай бояд на барои нест намудани ратсионализм чун ҷузъи муҳими тамаддун, балки барои фаҳмиши танқидии принсипҳо ва асосҳои он, ба он шомил кардани рукнҳои ахлоқӣ ва гуманистӣ хизмат кунад. Илм, ки дар Замони нав зода шудааст, яке аз идеалҳои асосии маънавӣ-ҷаҳонбинӣ мебошад. Бинобар ин, аз он даст кашидан боиси садамаи маънавии башарият мегардад.

Мутаассифона, дар марҳилаи муосир мавқеи антисайентизм нисбати сайентизм боло рафта, нуфузи илмро то дараҷае паст кардааст. Ин ҳолат ба маблағгузорӣ дар соҳаҳои илм низ таъсир расонидааст. Алҳол гуфтан душвор аст, ки чунин тамоюли фарҳангии дар охири асри ХХ хурӯҷкарда то кай давом хоҳад кард.


 Калидвожаҳо: Мавкеи сайентизм ва антисайентизм.

ҚаблӣМанзараи илмии олам
БаъдӣФалсафаи илм ва инкишофи он. Вазифаҳои илм дар ҷомеа