Мавзуъ ва мундариҷаи достони «Ҳасани аробакаш» – и Мирзо Турсунзода

Мавзуъ ва мундаричаи достони «Хасани аробакаш» – и Мирзо Турсунзода иншо эссе реферат.

 


Мавзӯъ: Мавзӯъ ва мундариҷаи достони «Ҳасани аробакаш» – и Мирзо Турсунзода

Нақша:

  1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли шоир
  2. Мазмуни асосии достон
  3. Образи Ҳасан
  4. Дигар образҳои достон

Хулоса

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мирзо Турсунзодаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии зодрӯзаш бо унвони олии Ватан – Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонидааст.

Ӯ соли 1911 дар деҳаи Каратоғи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, аз аввалин толибилмони мактабҳои усули нав будааст. Шоир дар муддати умри пурбаракати худ дар тамоми кору фаъолияти давлатй, фарҳангӣ, илмӣ, адабӣ ва сиёсии кишвари хеш саҳми арзандае гузошт. Турсунзода аз худ осори зиёде ба мо ёдгор гузоштааст. Яқе аз онҳо достони «Ҳасани аробакаш» мебошад.

Достон аз амалиёти қаҳрамони асосии он – Ҳасан шурӯъ мешавад:

Пӯшт машкоб!
Бохабар, мардум!
Ба қафоят нигаҳ кун, нонвой!
Ҳой, ҳезумфурӯши варзобӣ,
Хари худро каш аз даруни лой!
Бо чунин дӯғу валвала омад
Ҳасани ошно аробасавор.
Одамонро ба ду тараф ронда,
Мегузашт аз миёнаи бозор.

Мавзӯи асосии достони мазкур ин сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон ва муборизаи ду тартибу низом, яъне муборизаи ҳаёти нав бо кӯҳна мебошад. Чанд бахши достон ба такдиру сарнавишти таърихии табақаи меҳнатии аҳолӣ дар солҳои 20-30- юми асри XX бахшида шудааст.

Дар достон ғайр аз Ҳасан ҳамчунин Садаф, Иван Кузмич, раиси колхоз, Турсунзодаи донишҷӯ, хаткашон ва дигар қаҳрамонон дар ҳаллу фасли масъалаҳо саҳм гузоштаанд. Дар асар Ҳасан ҳамчун шахси аробакаше, ки ба аспу аробаи худ меҳру муҳаббати беандоза дорад, тасвир ёфтааст. Дар бисоти Ҳасан гайр аз як аспу ароба чизи дигаре набуд. Доираи фаъолияту амалиёти ӯ бо аспу аробааш хеле васеъ буд.

Баъдҳо, рушду инкишофи босамари ҳаёти сотсиалистй дар шахру ноҳияҳои Тоҷикистон оҳиста – оҳиста майдони амалиёти Ҳасанро танг карда, ӯро аз ҷое ба ҷои дигар меронанд. Дар охир шароити ҳаёти нави ҷамъиятй ӯро водор месозад, ки аз баҳри касбу кори хеш барояд. Ҳасан ҳамчун ҷавони кӯҳистонй богуруру сарбаланд буда, меҳнати ҳалолро асоси ҳамаи хушбахтиҳо ва зиндагаи худ медонад. Ҳасан ба касбу кори худ дилбастагии зиёд дошт. У аспи худро рафиқи беҳтарину вафодор дониста, онро муболиғаомез васфу ситоиш мекунад:

Дорад он дӯст яккаву танҳо
Бол афшонда по ниҳоданро,
Аз сари кӯҳу синаҳои дашт
Паҳлавонвор раҳ кушоданро.

Сипас, мувофиқи тағйироти давру замон ӯ низ фаъолияти худро тағйир медиҳад, аз аспу арроба даст кашида, ронандаи мошин мешавад. Симои Садаф дар достон ҳамчун яке аз аввалин духтарони тоҷик, ки дар омӯзишгоҳи муаллимтайёркунй таҳсил намудааст, тасвир ёфтааст. Шоир Садафро дар асар чун духтари поктинат, вафодору боадаб ба қалам додааст.

Шоир масъалаи дӯстиву рафоқати байни халқҳои тоҷику русро дар симои Иван Кузмичи табиб инъикос намудааст.

Хулоса, шоир барои возеҳу равшан ифода намудани мақсади худ аз анъанаву гаҷрибаи адабиёти тоҷику рус истифода кардаает. Ба ин васила, шоир рӯҳияи аепбозону аробакашони давру замони худро равшан ифода намудааст. Турсунзода барои пуробуранг тасвир намудани симои қаҳрамонони худ аз мақолу зарбулмасалҳои халқӣ ва суханҳои пандуандарзй низ истифода намудааст, ки, аз як тараф рӯҳи забони гуфтугӯиро қувват дода бошад, аз тарафи дигар, шеъри ӯро бисёр шавқовару маргуб намудаанд.

ҚаблӣМавзуъ ва мундариҷаи ғоявии «Баҳористон» – и Абдурраҳмони Ҷомӣ
БаъдӣМавзӯъ ва мундариҷаи «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ