Мавзухои ашъори Лоик Шерали. Васфи Ватан дар ашъори Лоиқ Шералӣ. Панду ахлок дар ашъори Лоик Шерали.
Мавзӯъ: Мавзуъҳои ашъори Лоиқ Шералӣ
Нақша:
Муқаддима
- Васфи Ватан дар ашъори шоир
- Панду ахлоқ дар ашъори шоир
Хулоса
Устод Лоиқ Шералӣ аз зумраи он шоироне будааст, ки дар шеъру адаби форсизабонон мақому мартабаи ниҳоят баланду беназиреро касб намудааст.
Ӯ соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент дар оилаи шахсони бомаърифат ба дунё омадааст. Лоиқ дар мактаби ибтидоӣ, омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон таҳсили илм намудааст. Устод Лоиқ то охири умр ба халқу Ватани худ содиқона хизмат намуда, раисии Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикиро бар дӯш доштааст.
Лоиқ Шералӣ дар байни мардуми Шарқ мақому манзалате пайдо карда будаанд, ки ба ин андоза касе касб накарда буд. Шоир бар асари бемории сактаи дил соли 2000-ум ҷаҳони моро падруд гуфтанд. Ба қавле, интиҳои ҳаёту мамоти шоири волосухан танҳо ҳамин як марг набудааст:
Баъди мурдан ҳам дилам бебарг нест,
Интиҳои ман ҳамин як марг нест.
Марг агар қатъи равони ман бувад,
То куҷо қатъи ҷаҳони ман бувад.
Ибтидои ман – деҳи хурди Мазор,
Интиҳои ман – ҷаҳони беканор.
Мероси адабии шоир баҳри бекаронро мемонад. Мо ин ҷо танҳо сурудаҳои шоирро дар бораи Ватан, панду ахлоқ мавриди таҳлилу баррасй қарор медиҳем. Дар мавзӯи Ватан ва масъалаҳои пандуахлоқй дар адабиёти мо шеъру ғазалҳо ниҳоят зиёданд.
Устод Лоиқ низ масъалаҳои мазкурро аз назари хеш мавриди таҳлил қарор додаанд. Дар ашъори Лоиқ мафҳуми Ватан аз шири поки модар, аз сангу кӯҳу хоки диёр оғоз шуда, бо мафҳуми умумй ва ягонаи он-Тоҷикистон алоқаманд мегардад:
Ватан cap мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан cap мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Шоир тақдири хешро ба такдири Ватани худ-Тоҷикистони азизу камзамин алоқаманд намуда, таърихи гузаштаи онро бо сӯзу гудоз эҳсос мекунад:
Тоҷикистон – мазҳари ман,
Сарзамини камзамин.
Ту саросар кӯҳсорӣ,
Ту саросар сангзорӣ.
Чунки фарзандони ту дар тули таърихи дароз
Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд.
Чунки фарзандони ту дар ҷӯстуҷуйи бахти худ
Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд.
Масъалаҳои пандуахлоқӣ дар бисёре аз ашъори шоир таҳлилу баррасӣ шудаанд. Шоир панд медиҳад, ки аз ҳар як лаҳзаи умр самаранок истифода бояд бурд, зеро умри одамй кӯтоҳ аст. Дар шеъри «Ало, шодоб соҳилҳо» ин назари хешро чунин изҳор кардаает:
Ало, шодоб соҳилҳо,
Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз
Ки рӯзе хушку ҳам мағшуш хоҳад шуд.
Ало, зебои маҳфилҳо,
Ба қадри ҳар чароғи давра мебояд расид имрӯз,
Ки рӯзе аз шамоли ҳодиса хомӯш хоҳад шуд. Пурра >>
Устод Лоиқ дар ҳама шеъру ғазалҳои худ масъалаи эҳтироми волидонро дар ҷойи аввал мегузорад.
Ба қавли шоир, ҳурмату эҳтироми падару модарро дар зиндагии онҳо ба ҷо орем, беҳтару хубтар будааст:
Дил сӯхт сипас қадри шарар донистем,
Қадри дили модару падар донистем.
Шоир бо суханҳои худ эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва масъулиятшиносии ватандории хонандаи ҷавони тоҷикро тақвият медиҳад.