Мазмун ва мундариҷаи ғоявии рубоиёти Умари Хайём

Мазмун ва мундаричаи гоявии рубоиёти Умари Хайём иншо реферат эссе.

Умари Хайём Омар Хайям

Мавзӯъ: Мазмун ва мундариҷаи ғоявии рубоиёти Умари Хайём

Нақша:

Муқаддима

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  1. Ҳаёти мухтасари шоир
  2. Мундариҷаи ғоявии рубоиёти Умари Хайём

Хулоса

Умари Хайём яке аз шоирони бузурги адабиёти классикй ба шумор меравад. Шоири тавоно ва ҳакими донишманд қамчун устоди рубой маҳсуб мешавад. Хайёми Нишопурй, ки мутахаллис ба Хайём будааст, соли 1048 дар шаҳри Нишопури Эрон ба дунё омадааст. Шоир умри дарози пурбаракат дидааст.

Ӯ соли 1131 дар зодгоҳи худ шаҳри Нишопур аз олам даргузашгааст. Мадфани ӯро мардуми Нишопур бо ҳурмату зҳтиром нигоҳубин мекардаанд. Вале хешовандони худи шоир дар Шодях барои Умар оромгоҳе сохганд, ки ҷоми сарнагунро мемонад. Оромгоҳ бо рубоиҳои дилангези худи шоир ороиш дода шудааст.

Тавре маълум аст, аз шоир ба мо аеарҳои зиёде боқй, мондааст: «Наврӯзнома», «Мушкилотулҳисоб» «Зичи маликшоҳй» ва ғайра. Ба ғайр аз ин осор шоир рубоиҳои зиёде низ дорад ки, албатта, на ҳамаи онҳо то ба рӯзгори мо омада расидаанд. Мавзӯи рубоиёти шоир мухталиф мебошад. Масъалаҳои фалсафаи зиндагй, рози ҳастӣ, одобу ахлоқ, танқиди кирдорҳои ношоиста, танқиди зулму золимй мавзӯъҳои асосии рубоиёти шоир мебошанд. Умари Хайём ҳамчун шоири инсондӯст масъалаҳои ахлоқи ҳамидаи инсонро мавриди таҳлилу баррасй қарор дода, некиву накӯкорй, дӯстиву рафоқат ва садоқату вафодориро тарғибу ташвиқ менамояд.

Шоир талқин менамояд, ки инсони комил бояд аз ҳар гуна зиштиҳо, бедодгариҳо, ҳирсу тамаъкориҳо иарҳезгор бошад. Қаноатпешагиро яке аз хусусиятҳои неки инсонй донистааст:

Қонеъ ба як устухон чу каргас будан,
Беҳ з-он ки туфайли хони нокас будан.
Бо нони ҷавини хеш, ҳаққо, ки беҳ аст,
К-олуда ба полудаи ҳар хас будан!

Умари Хайём ба амалдорону ҳокимони замони худ нафрат дошта, дар рубоиҳои худ аз рӯйи эҳсоси инсондӯстй онҳоро мавриди сарзаниш қарор медихад:

Дар даҳр ҳар он ки ним ноне дорад,
Ё дар хӯри хеш ошёне дорад.
Не ходими кас бувад, не махдуми касе.
Гӯ шод бизӣ ки хуш ҷаҳоне дорад.

Ғурури хештанпарастӣ, такаббуру ҳавобаландии ашхоси бехирадро мазаммат намуда, кӯтоҳназарии онҳоро дар ин ҷаҳони бекарон таъкид менамояд:

Онон, ки муҳити фазлу одоб шуданд,
Дар ҷамъи камол шамъи асҳоб шуданд,
Раҳ з-ин шаби торик набурданд бурун,
Гуфтанд фасонаеву дар хоб шуданд.

Шоир ба масъалаҳои ҳастии олам ва ҳаракати ҳамешаши ӯ дахл намуда, таъкид менамояд, ки ҳамон гили кӯзагарон низ замоне монанди мо будаанд. Ба кӯза ишора карда мегӯяд:

Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будаст,
Дар банди сари зулфи нигоре будаст.
В-ин даста, ки дар гардани ӯ мебинӣ,
Дастест, ки дар гардани ёре будаст.

Рубоиёти шоир, дар ҳақиқат, дилангез аст ва яке аз сабабҳои ба дилҳо роҳ ёфтани онқо ин аст, ки ҳамаи онҳо мазмуни ниҳоят баланд доранд, бисёр содаву равон ва аз ҷиҳати забони суфтаву сайқал дода шудаанд, Масалан, рубоии зерин, ки бо забони оддй суруда шудааст:

Вақти саҳар аст, хез, эй мояи ноз,
Нармак-нармак бода хӯру чанг навоз.
К-онҳо, ки ба ҷоянд, напоянд басе,
В-онҳо, ки шуданд, кас намеояд боз.

Умари Хайём ҳамчун шоири хақҷӯву адолатпеша аз номи аҳли илму адаб ва аз номи мардуми оддй арзу шикоят намуда, онҳоро чунин ҳушдор медиҳад:

Эй чарх, зи гардиши ту хурсанд наям,
Озодам кун, ки лоиқи банд наям.
Гар майли ту бо бехираду нодон аст,
Ман низ чунон аҳлу хирадманд наям.

Умари Хайём таъкид бар он дорад, ки ҳар як инсон барои ҳаллу фасли кореву боре офарида шудааст. Аз ин оламе, ки барои мову шумо насиб гардидааст, бояд оқилонаву олимона истифода намуд, Зеро, ин лаҳзаҳо барои инсон муқаддасанд:

Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон
Умр асту бад-он сон гузаронӣ, гузарад.

Дар ҳақиқат, мавзӯъҳои рубоиёти Умари Хайём ба тасвири шарту шароити таърихй, ҳаёти мардум, ноумедй аз замона бнхшида шудаанд.

Хусусияти дигари рубоиёти шоир он аст, ки дар онҳо иурсишу посух, шӯхиву мазоҳ, фарёду фиғон ва ҳамчунин истифодаи санъатҳои бадей ба таври васеъ дида мешаванд, Рубоиёти Умари Хайём, дар воқеъ, шӯҳрати ҷаҳониро касб намуда, дар байни тамоми халқияту миллатҳои гуногуни олам мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар шӯҳрати ҷаҳонй пайдо кардани Умари Хайём хизмати мутарҷимони осори ӯ низ хеле бузург аст.

ҚаблӣМавзӯҳои байналхалқӣ ва сулҳу дӯстӣ дар ашъори Мирзо Турсунзода
БаъдӣҲаёти сиёсӣ (адабиёти асрҳои XIII-XIV)