Методҳои назорат, худназоратӣ ва худбаҳодиҳӣ

Методхои назорат, худназорати ва худбаходихи, Мушохидаи педагоги, Сухбат, Пурсишхои психологи


Кӯдакон, ки ҳоло таҷрибаи кофии зандагӣ надоранд, ба назораткунии калонсолон, сипас ба худназоратию худбаҳодиҳӣ эҳтиёҷ доранд. Ин методҳои тарбия дар ҷараёнҳои яклухти идоракунии педагогӣ бо алоқаи бозгашти натиҷаҳои тарбиявӣ ба муаллим кӯмаки зиёд мерасонанд. Барои он ки ба ҷараёни судбахши тарбиявӣ дуруст баҳо дода шавад, фаъолият ва рафтори тарбиягирандагонро бояд омӯхт.

Самарабахшии тарбияи мактабиён баҳри ноилшавии корҳои ба миён гузошта тавассути ин методҳо муайян карда мешавад. Нишондиҳандаи маҷрои дуруст гирифтани тарбияи кӯдакон ин дар ҳамаи намудҳои асосии фаъолият: бозӣ, таълим, меҳнат, корҳои тарбиявии беруназсинфӣ мувофиқи синну солашон иштирок кардани онҳо мебошад.

Нишондиҳандаи муҳими тарбияёбандаи онҳо дар алоқа ва муносибаткунӣ (бо ҳамсолон, иттиҳод ва калонсолон) ифода меёбад. Хусусияти алоқакунӣ ва рафтор аз бисёр ҷиҳат ба натиҷабахшии таъсири тарбиявии шахсият вобаста аст.

Ин нишондиҳандаҳои тарбиявӣ ба дигар қисматҳои таркибии тарбия низ мансубият доранд, чунончи, ба ахлоқ, маданият, зебописандӣ ва ғайра. Дар муносибат, пеш аз ҳама, барои инсон адаб зарур аст, зеро маҳз адаб инсонро зебу зинат мебахшад. А. Ҷомӣ хуб гуфтаанд:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Боядад аввал адаб андӯхтан,
Пас ба дигар кас адаб омӯхтан.

Аз ин нишондиҳандаҳои тарбия ягонтаашро ҳам алоҳида дида баромадан мумкин нест, зеро шуур, амалиёт, рафтор, робитаи шахсият аз ҳам ҷудо нашавандаанд. Дар бобати тақсимоти шартии методҳои мансуби тарбия ва баҳодиҳӣ ба онҳо ҳам ҳаминро гуфтан мумкин аст. Таҳлили умумии раванди педагогӣ аз баҳоҳои натиҷадодаи қисматҳои он ва хусусиятҳои инъикоси ҷараён бармеояд. Ба амалиёти худи тарбиядиҳандагон, дуруст муносибат кардани онҳо бо дастпарварон, хусусияти услуби алоқаи мақбул пиндоштаи онҳо, ҳамкорӣ, таъсири онҳо ба ташаббускорӣ, худфаъолиятии кӯдакон низ баҳо додан зарур аст.

Ба методҳои асосии назорат инҳо тааллуқ доранд: мушоҳидаи педагогӣ, сӯҳбат, самти ошкоркунии бомаърифатӣ, пурсиш (ба тариқи саволномаи хаттӣ, даҳонакӣ), таҳлили натиҷаҳои фаъоляити фоиданоки ҷамъиятӣ, иҷрои супоришҳои органҳои худидоракунии хонандагон, муҳайё кардани шароит барои омӯхтани рафтори тарбиягирандагон ва uайра.

Мушоҳидаи педагогӣ бевосита фаҳмидагирии фаъолият, алоқа, рафтори томи шахсият ва динамикаи дигаргуншавии онҳоро таъмин мекунад. Мушоҳида намудҳои гуногун дорад: бевосита ва ғйримустақим, ошкоро ва ниҳонӣ, муттасил ва ғайри муттасил, монаграфӣ ва маҳдуд шуда метавонад. Барои он ки аз мушоҳида нисбати маданиятнокии шахсият дуруст омӯхта шавад, онро ба мақсади аниқ, мувофиқи барномаи омӯзиши шахсият, аломатҳо ва меъёри баҳои маданиятнокии он бояд бурд. Муҳимаш он ки далелҳои аз мушоҳида ба даст овардашуда дар рӯзнома, харитаи мушоҳида зикр карда шаванд.

Сӯҳбат оиди муайян кардани масъалаҳои ғоявию ахлоқӣ, меъёр ва қоидаҳои рафтор, муайян кардани сабабҳои қабул накардани ин меъёрҳо, кай мушоҳидашавии онҳо аҳамияти калон дорад. Мавриди сӯҳбат муаллимон фикр ва андешаҳои талабагонро зикр мекунанд, то ки ба сифати таъсирбахшии тарбияи худ, муносибати байнихудии кӯдакон, ҳусни таваҷҷӯҳ ва адовати ононро муайян ва арзёбӣ кунанд.

Пурсишҳои психологӣ бештар дар коллективҳои синф ҷорӣ карда мешавад, ки тавассути онҳо хусусияти муносибатҳои байни аъзоёни иттиҳод, дилбастагии рафиқона, ё ин ки баръакс, муносибатҳои манфӣ дошта, ба ин ё он аъзо ошкор мегардад. Чунин пурсишҳо (хаттӣ, даҳонакӣ) барои сари вақт муайян кардани мухолифатҳо ва зуд ҳаллу фасл намудани онҳо имконият медиҳанд. Истифода бурдани пурсишҳо, албатта кори осон нест, мавриди тартиб додани саволнома ва пурсишҳо ба қоидаҳои муайян риоя кардан лозим аст, масалан, саволҳоро на ба шакли мустақим гузоштан, ҷавобҳо мазмунан бояд санҷиши мутақобила дошта бошанд. Талабот ба чунин саволномаҳо аз китобҳои дарсии психологию педагогӣ ё аз тавсияномаҳо барои омӯхтани талабагон, ки ба донишҷӯён ҳини тайёрӣ ба таҷрибаи педагогӣ дода мешавад, пайдо кардан мумкин аст.

Омӯзгорони соҳибтаҷриба барои назорати рафти корҳои тарбиявӣ аз методи мураккаб – ҷалб кардани худи талабагон дар назорати намудҳои фаъолият ва робита истифода мебаранд. Ин метод маҳорати зиёди педагогии коллегиалиро талаб мекунад.

Назорати рафти корҳои тарбиявӣ бо баёни натиҷаҳои бо маданиятии дастпарварон ва дараҷаи фаъолияти муаллимону мактаб ба анҷом мерасад. ҳангоми баҳодиҳӣ ба корҳои тарбиявии муаллим, албатта, маҳорати истифода бурда тавонистани корҳои зерини ӯ ба инобат гирифта мешавад: интихоби дурусти методҳо, шакл ва воситаҳои тарбия, оптималӣ истифода бурдани онҳо дар шароити мушаххас, муносибати тафриқавии ӯ бо талабагон, асоснок тавсиф намудани рафтор ва муносибати хонандагон, нақши муаллим дар тарбияи санъати миллӣ ва меҳнат истифодаи маводҳои фанни «Одобнома», касбогоҳии талабагон ва хусусиятҳои тарафайни муаллиму шогирдон.

Натиҷабахшии корҳои тарбиявиро нишондиҳандаҳои зайл гувоҳӣ медиҳанд: ташаккулёбии асосҳои ҷаҳонбинии илмии дастпаварон, маҳорати дуруст баҳодиҳӣ ба падидаҳо аз нуқтаи назари илмӣ, аз худкунии нормаҳои ахлоқи писанддида, донистан ва риоя намудани қонунҳо, аз қабили Қоидаҳо барои талабагон, фаъолиятҳои ҷамъиятӣ, дастаҷамъӣ, коллективизм, худидоракунии кӯдакон, ташаббускорӣ ва худфаъолиятии дастпаарон, инкишофи эстеткӣ ва ҷисмонии онҳо.

Алалхусус, мувофиқи Оинномаи ҳар мактаб рафтори талабагон ба тариқи зайл натиxагирӣ карда мешавад: «намунавӣ», «хуб», «қаноатбахш» ва «ғайриқаноатбахш». Ҳамчунин саъю кӯшиш ба омӯзиш касбу ҳунар ва фарҳанги миллӣ низ арзёбӣ мегардад.

ҚаблӣМетодхои хавасмандгардони ва махкумкуни
БаъдӣШароити интихоби оптималӣ ва истифодаи методҳои тарбия