Методологияи фаҳмиши сиёсат

Дар замони муосир дарки моҳияти сиёсат хеле душвор аст. Аслан, моҳияти онро мувофиқи мавқеи истифодашавиаш муайян менамоянд. Айни замон барои муайян намудани мазмун ва мундариҷаи сиёсат якчанд муносибатҳои методологӣ вуҷуд доранд.

Пеш аз ҳама, сиёсат маҷмӯи муносибатҳое мебошад, ки дар миёни умумиятҳои мухталифи иҷтимоӣ зоҳир мегардад (дар миёни миллатҳо, синфҳо, табақаҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва ғ.). Омилҳои таърихии пайдоиши сиёсат бо ҷомеаҳои анъанавӣ, динӣ ва этникӣ алоқаманд аст. Ба воситаи сиёсат манфиат ва талаботи дарозмуддати гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ ифода меёбанд, ки дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо барояшон хеле зарур аст. Дар чунин вазъият сиёсат ҳамчун воситаи танзимнамоии раванди таъмини манфиатҳо баромад менамояд, ки устувории ҷомеа аз он вобастагии зиёд дорад.

Шарҳи антропологии сиёсат ҷиҳатҳои низоӣ ва ба созиш омадани онро муайян менамояд. Дар ин ҷо диққати асосӣ ба ихтилофи манфиатҳо, ки асоси сиёсатро ташкил менамоянд, равона мегардад. Аз ин рӯ, муносибат ва фаъолияти якҷояи субъектҳои сиёсат метавонанд дар шаклҳои мухталиф (аз қабили мубориза, бархӯрд, рақобат, ба созиш омадан (консенсус), ҳамкорӣ, компромис ва ғ.) зоҳир гарданд.

Ҷиҳатҳои низоии фаҳмиши сиёсатро марксистон ва назариячиёни низоъшинос, чун Р.Дарендорф таҳлил намуда, ташаккул додаанд. Аз ин нуқтаи назар, сиёсат фаъолиятест, ки ба воситаи он низоъҳои сиёсӣ бо роҳи зӯрӣ ва ё осоишта ҳал карда мешаванд. Мубориза ҳамчун шакли асосии муносибатҳои сиёсӣ аз ҷониби марксизм ташаккул дода шуда, идеяи муборизаи синфӣ ҳамчун оғози ҷараёни таърихӣ дониста шудааст. Инчунин, ба ақидаи марксистон «сиёсат – ин мубориза барои ҳокимият мебошад. Сиёсат ин бо зӯрӣ бор кардани иродаи синфи ҳукмрон аз болои синфҳои дигар аст».

Фаҳмиши консенсуалии сиёсат дар алоқамандӣ бо рушди демократия ва назарияҳои плюралистии демократия (А.Бентли, Г.Ласки, Р.Дал) ташаккул меёбад. Аз ин нуқтаи назар, сиёсат санъати ба созиш омадан ва пайдо кардани тавозуни манфиатҳо миёни гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аз ин ҷо саволе ба миён меояд, ки моҳияти муносибатҳои сиёсӣ дар чӣ ифода меёбад? Барои посух ба ин савол бояд донист, ки ҷавҳари асосии сиёсатро мубориза барои ба даст овардан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани ҳокимият ташкил медиҳад. Ҳокимияти сиёсӣ қобилияти воқеии қувваҳои иҷтимоӣ буда, ба воситаи он манфиатҳои махсуси объективӣ амалӣ гардида, иродаи субъект дар сиёсат ва меъёрҳои ҳуқуқӣ бор карда мешавад. Моҳияти ҳокимият ба воситаи механизмҳои ҳукмронии иҷтимоӣ муайян карда мешавад.

Ҳамин тариқ, сиёсат шакли махсуси ҳукмронӣ буда, ба воситаи он идораи корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ амалӣ карда мешавад. Ҳокимият асоси сиёсат буда, асли муносибатҳои сиёсӣ ва хусусиятҳои муҳимми муайянкунандаи он низ ба шумор меравад. Ба воситаи чунин хусусият сиёсат ва муносибатҳои сиёсиро аз дигар шаклҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ фарқ кардан мумкин аст. Дар робита бо ин, мутафаккири немис Макс Вебер қайд намудааст, ки: «сиёсат кӯшиши иштирок дар ҳокимият ва ё таъсир расонидан дар тақсими ҳокимият чи дар дохили давлат ва ё миёни давлатҳо ва чи миёни гурӯҳҳои мухталифи одамон мебошад. Касе, ки бо сиёсат сару кор мегирад, вай ба сӯйи ҳокимият майл мекунад…»[1]. Ба воситаи ҳокимият муайян намудани моҳияти сиёсат хосси тафаккури аксари мутафаккирон мебошад. Аз ҷумла Н.Макиавелли, В.Паретто, К.Маркс ва дигарон ба ин гурӯҳ шомиланд. Чунин шарҳу баён оид ба моҳияти сиёсат муносибати директивӣ ном гирифтааст.

Аз нуқтаи назари ҳокимият муайян намудани сиёсат ба воситаи фаҳмиши институтсионалӣ низ инъикоси васеи худро пайдо менамояд. Муносибати инстутсионалӣ сиёсатро ҳамчун соҳаи муносибатҳои давлат, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сохтор ва институтҳои ҷамъиятию сиёсӣ нишон медиҳад, ки дар он ҳокимият ва сиёсат ба таври хеле равшан таҷассум меёбанд. Пайдоиши институтҳои сиёсии мазкур аз рӯйи дараҷаи даркнамоии манфиатҳо аз ҷониби синфҳо ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ муайян карда мешавад. Инчунин, маҳз намояндагии ин гурӯҳҳо метавонанд, ки институтҳои сиёсию ҷамъиятиро ба вуҷуд оваранд. Мавҷудияти ҳар як институти сиёсӣ нишондиҳандаи ҳимояи манфиатҳои гурӯҳи муайян мебошад. Дар системаи сиёсии ҷомеа мавқеи марказиро давлат ишғол менамояд, ки он аз ташкилоти олии сиёсӣ иборат буда, дорои ҳуқуқи расмии маҷбурнамоӣ мебошад. В.И.Ленин қайд намуда буд, ки «дар сиёсат аз ҳама чизи муҳим –сохтори ҳокимияти давлатӣ мебошад»[2]. Дар чунин ҳолат «сиёсатро ҳамчун иштирок дар корҳои давлатӣ, самти фаъолияти давлат, муайян намудани шакл, вазифа ва мундариҷаи фаъолияти давлат» шарҳ додан мумкин аст[3].

Дар шароити муосир дар баробари давлат дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои таъсиррасон нақши фаъол доранд. Дар маҷмӯъ, институтҳои мазкур асоси амалишавии сиёсатро ташкил намуда, таркиби дохилии онро мукаммал менамоянд ва имкон медиҳанд, ки сиёсат дар ҷомеа вазифаи махсусро иҷро намояд.

Инчунин, сиёсат ҳамчун соҳаи махсуси ҷамъиятӣ зерсистемаи мустақили ҷомеа ба шумор рафта, дорои маркази қабули қарор ва муҳити муайян мебошад. Сиёсат раванди омода сохтан, қабул намудан ва амалӣ гардонидани қарорҳои муҳим мебошад. Ҳадафи асосии сиёсат идора намудани равандҳои иҷтимоӣ мебошад, ки дар шакли таъсирасонии системанок ва мақсаднок нисбат ба ҷомеа амалӣ мегардад. Сиёсат бо чунин хусусиятҳои худ дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ мавқеи марказиро ишғол намуда, муҳиммияти қарорҳои сиёсиро муайян намуда, онҳоро барои кулли ҷомеа ҳатмӣ мегардонад.

Намояндагони чунин навъи фаҳмиши сиёсат олимони машҳури амрикоӣ Т.Парсонс, Д.Истон ва Г.Алмонд мебошанд, ки муносибати системавиро ташаккул додаанд. Ба ақидаи Т.Парсонс, сиёсат маҷмӯи воситаҳои ташкилие мебошад, ки дар мувофиқат бо вазифаҳои бунёдии системаи сиёсӣ барои расидан ба мақсадҳои умумӣ хизмат менамояд.

Дар заминаи ин навъи фаҳмиши сиёсат муносибати функсионалӣ ташаккул дода шудааст, ки он моҳияти сиёсатро бо роҳи шарҳи вазифаҳои асосии он муайян менамояд. Ташаккулдиҳандагони функсионализм вазифаҳои сиёсатро ба таври зерин муайян намудаанд: идоранамоӣ, таъмини тартибот, нигоҳ доштани устувории ҷомеа, дар мувофиқа бо ҳокимият тақсим намудани арзишҳо ва ғ. Дар ин замина вазифаҳои системаи сиёсӣ низ аз ҷониби Г.Алмонд ба таври муфассал таҳлили худро ёфтаанд.

Чунин шарҳу баён нисбат ба моҳияти сиёсат кофӣ нест, аммо он имкон медиҳад, ки сиёсатро ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ дарк намоем. Ҳамин тариқ, сиёсат фаъолиятест, ки бо муносибатҳои умумиятҳои иҷтимоӣ алоқаманд буда, ба даст овардан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани ҳокимияти давлатӣ ва идора намудани равандҳои иҷтимоӣ моҳияти онро ташкил медиҳад.

Сиёсат ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ одатан ба се шакли муносибат ҷудо мегардад: сиёсат ҳамчун фаъолият; сиёсат ҳамчун илм; сиёсат ҳамчун санъат.

  1. Сиёсат ҳамчун фаъолият – сиёсате мебошад, ки дар ин ё он самт амалӣ карда мешавад (масалан, дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, амният, муносибатҳои байналхалқӣ ва ғ.).
  2. Сиёсат ҳамчун илм – ин лоиҳаҳои гуногуни назариявие мебошанд, ки аз доктринаҳои сиёсӣ ва асосҳои методологии сиёсат ва дигар падидаҳои сиёсӣ иборатанд. Вазифаи асосии сиёсат ҳамчун илм аз ояндабинии омилҳои мухталифи фаъолияти сиёсӣ, муайян намудани мақсад ва вазифаҳои сиёсати давлатӣ иборат мебошад.
  3. Сиёсат ҳамчун санъат – ин санъати идоранамоӣ, амалӣ гардонидани ҳокимият, ҳимоя намудани манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, санъати ба даст овардан ва нигоҳ доштани ҳокимият, санъати интихоб намудани усул ва воситаҳои ба ҳадаф расидан ва ғ. мебошад.

[1] Макс Вебер. Избранные произведения. – М., 1990. – С.646.

[2] Ленин В.И. Полное собрание сочинений. – Т.23. – С.239.

[3] Ленин В.И. Полное собрание сочинений. – Т.33. – С.340.

ҚаблӣМафҳум ва моҳияти сиёсат
БаъдӣТаърихи халки точик