Методологияи тадкикоти микроиктисод

Методологияи тадқиқоти микроиқтисод. Методологияи таҳқиқоти микроиқтисод


Методология имконият медиҳад, ки бо воситаи кадом тарзҳои дарккунии илмӣ, микроиқтисод ба маънидодкунии ҳақиқии фаъолият ва тараққиёти минбаъдаи ин ё он системаи иқтисодӣ имконият пайдо менамояд.

Усули материализми диалектикӣМатериализми диалектикӣ имконият медиҳад, ки алоқамандии ҷараёнҳо ва ҳодисаҳои иқтисодӣ ва пай дар пай вобаста будани онҳо дарк ва таҳлил карда шавад.

Усули абстраксия илмӣ (ба эътибор нагирифтан; истисно кардан). Ҳангоми тадқиқи вазъияти иктисодӣ, тадқиқотчӣ ҳодисаҳои дуюминдараҷаро ба эътибор намегирад, зеро ба эътибор гирифтани ин ҳодисаҳо, мантиқ ва мақсади тадқиқотро дигаргун сохтанаш мумкин аст. Яъне абстраксияи илмӣ фикран истисно намудани ҳодисаҳои (омилҳои) дуюминдараҷаро дар назар дорад, ки дар айни ҳол тадқиқ карда намешаванд.

Усули индуксия. Бо воситаи усули индуксия гузариш аз омӯзишҳои амалияҳои ягона ба хулосаю ақидаҳои умумӣ ба амал меояд. Дар натиҷаи истифодаи усули индуксия тафаккур аз амалия ба назарияи мегузарад. Мувофиқи ин усул ҳодисаҳои иқтисодӣ дар амал мушоҳида карда шуда, натиҷаҳои ин мушоҳида ба пайдоиши хулосаи мантиқӣ сабаб мегардад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Усули дедуксия. Усули дедуксия имконият медиҳад, ки аз хулосаҳои умумӣ, хулосаҳои алоҳида бароварда шаванд. Усули дедуксия ҳаракати тафаккурро аз назария ба амалия дар назар дорад.

Усули таҳлил ва синтез. Ин усули тадқиқ ҳангоми омӯзиш ва таҳлили ҷараёнҳо ва ҳодисаҳои иқтисодӣ васеъ истифода мешавад. Моҳияти ин усул дар он аст, ки ҳар як ҳодиса ва ё ҷараёни иқтисодӣ дар алоҳидагӣ таҳлил карда шуда, натиҷаҳои ин таҳлилҳо омехта карда мешаванд. Истифодаи ин усул имконият медиҳад, ки оиди ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои иқтисодӣ тасаввуроти мантиқӣ ҳосил карда шавад.

Моделсозии иктисодӣ – математикӣ. Барои саҳеҳтар дарк намудани ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои иқтисодӣ аппарати математикӣ ниҳоят васеъ истифода мешавад, ки ба пешгӯикунии ҷараёнҳои иқтисодӣ имконият медиҳад. Инчунин моделсозии иқтисодӣ – математикӣ бо воситаи истифодабарии графикҳо, схемаҳо, диаграммаҳо, формулаҳо имконияти соддатар дарк намдунаи ҳодисаҳои иқтисодиро фароҳам меоварад. Дар ҷараёни истифодаи моделсозии иқтисодӣ –математикӣ омилҳои гуногуни ба ҳодисаҳои иқтисодӣ таъсиррасонанда бо назардошти таъсири функсионалӣ ба эътибор гирифта мешаванд.

Муқоисакунӣ. Усули муқоисакунӣ имконият медиҳад, ки ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои иқтисодӣ бо воситаи факту рақамҳои аниқ таҳлил карда шуда, ҳолатҳои гуногун ва тамоюли тағйирёбии ин ҳодисаҳо ва ҷараёнҳо баҳо дода шавад.

Усули аналогия – имконият медиҳад, ки қонун ва категорияҳои иқтисодӣ бо истифодаи ҳолатҳои ҳаётӣ ва монандкунӣ омӯхта шаванд.

Усули фарзият – имконият медиҳад, ки қонун ва категорияҳои иқтисодӣ бо истифодаи мисолҳои хайёлӣ дарк карда шаванд.

ҚаблӣРушди микроиктисод хамчун илм
БаъдӣСаҳми ҷоизадорони Нобелӣ дар рушди микроиқтисод