Мирсаид Миршакар (1912-1993)

«Ман дар Боми Ҷаҳон ба дунё омадам. Боми Ҷаҳон! Ҳангоме ки мо ин суханро ба забон мегирем, кадом як Боми афсонавиро дар назар надорем. Оре, Боми Ҷаҳони ҳақиқӣ вуҷуд дорад, он на дар паси куҳи Қоф, балки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Дар ҳудуди Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ Помир дохил мешавад. Дар он ҷо одамон дар баландии то 3000 метр нисбат ба сатҳи баҳр зиндагӣ мекунанд. Аз қадимулайём Помирро Боми Ҷаҳон меномиданд. Дар бораи Помир китоби бисёре навишта шудааст.

Ман ҳам хостам ватани худ – Боми Ҷаҳонро васф намоям.

Достонҳои «Қишлоқи тиллоӣ», «Ленин дар Помир», «Мо аз Помир омадем», «Калиди бахт», «Одамон аз Боми Ҷаҳон», «Панҷи ноором», «Ишқи духтари кӯҳсор» ба рӯзгори мардуми Помир бахшида шудаанд.

Вақте ки ман 16 сола шудам, маро дар қатори дигарон ба шаҳри Душанбе, ба хондан фиристоданд. Тирамоҳи соли 1928 зиёда аз 30 нафар ҷавонон, чун рудҳои кӯҳӣ аз баланди ба поён фаромада, бо роҳҳои вайрону нимвайрон ба шаҳри ҷавон, Душанбе омадем. Он вақт ин масофа як моҳ вақти моро гирифт. Ҳоло ин масофаро бо самолёт метавон дар 40-50 дақиқа тай намуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Баъд хондаму хондам. Дар сохтмонҳои азими ҷумҳурӣ иштирок кардам. Он вақт шаҳри Душанбе хурдакак буд. Имрӯз бинед, ба як шаҳри бузург, ба як гулистону боғшаҳр табдил ёфтааст. Ман ҳам то тавонистам дар ободӣ ва шукуфоии пойтахтам меҳнат кардам, саҳм гузоштам.

Фарзандони азизам, шумо ҳам нағз хонеду меҳнат кунед. Танҳо бо меҳнати ҳалол шахс обрӯ ва мақому манзалат меёбад. Дигар, пирон, калонсолонро эҳтиром намоед, то ки оянда ба қадри шумо низ бирасанд».

Устод Мирсаид Миршакар соли 1993 дар шаҳри Душанбе вафот кард, аммо асарҳои эҷодкардааш номи ӯро зиндаю ҷовид нигоҳ хоҳанд дошт. Ҳоло ду пораро аз достонҳои «Панҷи ноором» ва «Ленин дар Помир» бароятон пешкаш хоҳем кард.


ҚаблӣФотеҳ Ниёзӣ (1914 -1997)
БаъдӣПанҷи Ноором (оғози достон, духтарони Дарвоз)