Моҳигир ва ҷавони ситамкор (ҳикояи тоҷикӣ)

Андар банӣ Исроил марде буд сайёд, моҳӣ гирифтӣ ва иёлро бад-он доштӣ (яъне аҳли хонаводаро мехӯронд). Пас рӯзе моҳӣ мегирифт, як моҳии бузург ба дом андар афтод, шод шуд. Гуфт: Инро бибарам, бифрӯшам ва ба ваҷҳе харҷ кунам.

Моҳӣ баргирифт ва ба бозор мебурд, ҷавоне пеш омадаш ва гуфт: «Ин моҳӣ мефурӯшӣ?» Сайёд бо хештан гуфт: «Агар гӯям фурӯшам, нек нахарад».

Гуфт: «Намефурӯшам».

Ҷавонро хашм омад, чӯбе бар пушти ӯ зад ва моҳӣ аз ӯ бисутуд ва баҳо надод. Сайёд дуои бад кард ва гуфт: «Бор худоё, маро заиф1 офаридӣ ва ӯро қавӣ2. Доди ман бад-ин ҷаҳон бидеҳ, ки маро то бад-он ҷаҳон сабр нест».

Давоми матн пас аз блоки реклама

Пас он ҷавон моҳӣ ба хона бурд ва занро гуфт:

«Инро бирён кун». Зан моҳӣ бирён кард ва бар хон ниҳод ва пеши мард овард. Мард даст фароз кард, то бихӯрад. Моҳӣ даҳон боз кард ва ангушти мард бигазид. Мард беқарор шуд ва сӯйи пизишк омад.

Пизишк гуфт: «Ангушт бибояд буридан, ки даст ҳама бигирад».

Ангушти ӯро бибурид. Дасташ ба дард омад ва беқарор гашт. Пизишк3 гуфт: «Даст аз панҷа дар бибояд буридан, ки ҳама бозу бигирад». Дасти ӯро бибурид ва бозу ба дард омад ва беқарор бибуд. Пизишк гуфт: «Бозу бибояд буридан». Бозу бибуриданд, китф ба дард омад ва беқарор шуд. Бархост ва рӯй ба биёбон дарниҳод фарёд ҳамекард. Дарахте дид ва дар зери дарахт бинишаст ва хоб бар вай афтод ва бихуфт. Ба хоб дид, ки: «Эй мискин! То кай дасти хештан бурӣ? Бирав, хасмро4 хушнуд бикун».

Аз хоб бедор шуд ва андеша кард, ёд омадаш. Гуфт: «Ман он моҳиро ба ситам сутудам ва маро моҳӣ газидааст».

Бархост ва ба шаҳр боз омад ва он мардро биёфт. Ба дас ту пойи мард андар афтод ва зорӣ карду тавба ба фарёд хост ва чизе, ки дошт, ҳама бад-ӯ дод. Ва сайёд хушнуд шуд. Дарҳол дард биоромид ва шаб бар тавба ва нияти неку бихуфт. Рӯзи дигар Худой бар вай раҳмат кард, дасташ ҳамчунон шуд, ки буд.


  1. Заиф – нотавон, оҷиз.
  2. Қавӣ – зӯр, бақувват.
  3. Пизишк – табиб.
  4. Хасм – душман, рақиб.

Нӯшервон ва ободии мулк (ҳикоя)


Хикоя ва афсонахои точики, донишчу нет, Ҳикояҳо аз «Насиҳат-ул-мулук», Хикояхо аз насихат ул мулуки Мухаммади Газоли, Мохигир ва чавони ситамкор