Моҳият ва шаклҳои назорати молиявӣ

Яке аз вазифаҳои муҳимтарини идоракунии молиявӣ на­зорати молиявӣ мебошад.

Назорати молиявӣ назорати мақомоти конунбарорӣ ва иҷроияи ҳамаи зинаҳои давлатӣ, инчунин мақомоти махсус оид ба фаъолияти молиявии ҳамаи субъектҳои иқтисодӣ (давлат, корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо) бо истифодаи усулҳои махсус мебошад.

Назорати молиявӣ назоратро оид ба риояи конунгузории молиявӣ дар ҷараёни ташаккул ва истифодаи фондҳои захи­раҳои пулӣ, баҳодиҳӣ ва самаранокии иқтисодии амалиётҳои молиявию хоҷагӣ ва мувофиқи мақсад будани хароҷоти истеҳсолиро дарбар мегирад. Хусусияти хоси назорати молиявӣ дар он аст, ки он назорати арзишӣ мебошад. Бинобар ҳамин дар фарқият аз намудҳои дигари назорат (маъмурӣ, иқтисодӣ, санитарӣ ва дигарҳо) дар ҳамаи соҳаҳои такрористеҳсолкунии ҷамъиятӣ ҷой дошта, тамоми ҷараёни ҳаракати фондҳои пулиро ҳамроҳӣ менамояд.

Шаклҳо ва усулҳои мушаххаси ташкили назорати моли­явӣ ин таҷассуми амалии ба молия, ҳамчун категорияи иқтисодӣ хос будани назорат мебошад. Аз сабаби он, ки низоми мо­лиявии давлат ҳама намуди фондҳои пулиро дарбар мегирад (ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва субъектҳои алоҳидаи хоҷагӣ) назора­ти молиявӣ гуногунсатҳ ва бисёртарафа мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Таърихан назорати молиявӣ ҳамчун назорати давлатӣ оид ба хароҷоти воситаҳои хазинаи давлат ба вуҷуд омадааст. Васеъгардии доираи муносибатҳои молиявӣ, амиқтар гардидани муносибатҳои тарафайни байни субъектҳои хоҷагидорӣ, пайдошавӣ ва рушди бозорҳои молиявӣ, такмили шаклҳои ташкилӣ, соҳибкорӣ дигаргунсозӣ ва истифодаи шакл ва усулҳои ташкили назорати молиявии мувофиқро талаб менамуд.

Дар замони ҳозира назорати молиявӣ дар шаклҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷой дорад. Назорати молиявии давлатӣ барои амалӣ намудани сиёсати молиявии давлат пешбинӣ шудааст. Назорати молиявии ғайридавлатӣ дар шаклҳои зерин бурда мешавад:

  • дохилихоҷагӣ;
  • дохилисоҳавӣ;
  • бонкӣ оид ба фаъолияти хоҷагӣ молиявии мизоҷон;
  • мустақил (аудиторӣ).

Мақсади ниҳоии ҳамаи намудҳои назорати молиявӣ ягона буда, барои таъмини риояи қонунгузории соҳаи молия ва афзунгардонии самаранокии тақсим ва истифодаи захираҳои молиявӣ равона шудааст. Дар айни замон вазифаҳо ва уҳдадориҳои назорати давлатӣ ва ғайридавлатӣ гуногунанд. Агар вазифаи асосии назорати молиявии давлатӣ мусоидат ба муваффақиятона амалӣ гардидани сиёсати молиявии давлат бо роҳи таъмини риояи конунгузории молиявӣ, роҳ  надодан ба истифодаи ғайри мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ бошад, пас вазифаи асосии назорати молиявии ғайридавлатӣ, баланд бардоштани самаранокии иқтисодии исти­фодаи захираҳои молиявии субъектҳои иқтисодӣ, таъмини дурусти нишондиҳандаҳои ҳисоботи молиявии субъектҳои хоҷагидорӣ мебошад.

Дар назария ва амалия шаклҳои зерини гурӯҳбандии назо­рати молиявӣ истифода бурда мешавад (ба Нақшаи 2 нигаред).

Нақшаи 2. Гурӯҳбандии шаклҳои назорати молиявӣ

Нишонахои

Гурӯҳбандӣ

Шаклҳои назорати молиявӣ
Регламенти баргузорӣ Ҳатмӣ, ташаббусӣ, берунӣ, дохилӣ
Вақти гузаронидан Пешакӣ, ҷорӣ, минбаъда
Субъекти назорат а)      Давлатӣ (Президент, мақомоти ҳокими­яти конунгузорӣ, мақомотҳои ҳокимияти иҷроия, мақомоти махалии ҳокимияти давлатй);

б)      Ғайридавлатӣ (муассисаҳои молиявию қарзӣ, идоравӣ, дохилихоцатӣ, мустацил (аудитӣ)

Объекти назорат воситаҳои буҷетӣ, фондҳои мақсадноки давлатӣ, ғайрибуҷетӣ, андозӣ, қарзӣ, суғуртавӣ, сармоягузорӣ, гумрукӣ, асъорй

Назорати молиявии ҳатмӣ аз тарафи сохторҳои назорати молиявии давлатӣ мувофиқи қонунгузории ҷорӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда гузаронида мешавад. Ба ин дохил мешавад: санҷишҳо оид ба андоз, санҷиши аудитии ҳисоботи молиявии солонаи ташкилотҳои алоҳида ва дигарҳо.

Назорати молиявии ташаббусӣ бо хоҳиши роҳбарияти субъектҳои хоҷагидорӣ гузаронида шуда он ба сифати идора­кунии молияи он баромад менамояд.

Назорати молиявии дохилӣ бо ташаббус ва қувваи кормандони штатии худи субъектҳои хоҷагидорӣ, берунӣ бошад аз ҷониби махсуси назорати аз хориҷ гузаронида мешавад.

Назорати молиявии пешакӣ дар вақти баррасӣ ва қабули буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, нақшаҳои молиявии корхонаҳо ва ташкилотҳо, сметаҳои даромад ва хароҷоти му­ассисаҳои буҷетӣ гузаронида мешавад. Он баҳодиҳӣ ба асоснок будани нақшаҳои молиявӣ ва буҷетҳои ҳамаи зинаҳо, пешгирии имконияти вайронкунии қонунгузории амалкунанда, роҳ  надодан ба истифодаи бесамари захираҳои молиявӣ ва монанди инҳоро пешбинӣ менамояд.

Назорати ҷории молиявӣ дар рафти иҷрои буҷетҳои ҳамаи зинаҳо, нақшаҳои молиявӣ, сметаҳои даромад ва хароҷот ва барномаҳои алоҳида гузаронида мешавад.

Назорати молиявии баъдина дар вақти дида баромадан ва тасдиқи ҳисоботҳо оид ба иҷрои буҷетҳо, ҷамбасти натиҷаҳои фаъолияти хоҷагию молиявии субъектҳои хоҷагидорӣ дар ҷамбасти соли молиявӣ гузаронида мешавад.

Назорати молиявии давлатӣ аз тарафи сохторҳои ҳокимияти давлатӣ (сохторҳои тобеи бевоситаи Президент, мақомотҳои ҳокимияти қонунгузорӣ, мақомотҳои ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳалии иҷроияи ҳокимия­ти давлатӣ) ташкил карда мешавад. Мақсади назорати мазкур дар ҳимояи манфиатҳои давлат дар рафти амалӣ гардонидани сиёса­ти молиявии давлат таҷассум меёбад.

Назорати мақомоти маҳалии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба монанди назорати молиявии давлатӣ гузаронида мешавад.

Назорати молиявии муассисаҳои қарзӣ барои санҷиши риояи қонуният дар соҳаи қарздиҳӣ ва пардохтҳо аз тарафи мизоҷони бонк равона карда шудааст.

Назорати молиявии соҳавӣ аз тарафи сохторҳои махсуси вазорату идораҳо нисбати корхонаҳову ташкилотҳои тобеъи онҳо ташкил карда мешавад.

Назорати молиявии дохилии хоҷагӣ ҳамчун шакли асо­сии назорат аз тарафи вохидҳои кории молиявӣ ва иқтисодии корхона (ташкилотҳо) гузаронида мешавад. Мақсади асосии назорати молиявии мазкур аз тарафи роҳбарияти корхона (ташкилот) муайян карда мешавад.

Шакли нави ташкили назорати молиявӣ, шакли мустақим (аудит) мебошад. Назорати аудити аз тарафи ширкатҳои аудиторӣ дар асоси қонунтузорӣ ба роҳ монда мешавад.


Мохият ва шаклхои назорати молияви, Назорати молияви чист? Гурухбандии шаклхои назорати молияви, Назорати молиявии хатми, Назорати чории молияви, Назорати макомоти махалии ичроияи хокимияти давлати, Назорати молиявии муассисахои карзи, Назорати молиявии сохави

ҚаблӣБанақшагирӣ ва пешгуии молиявӣ
БаъдӣТо ту ба додам мерасӣ