Моликияти хусусӣ ва сектори хусусӣ: марҳала, омил ва сирати рушди онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

172

Дар адабиёти кунунии иқтисодӣ оиди моҳият, хусусият, нақшу мақом ва алоқамандии сектори хусусию моликияти хусусӣ гуфтаҳои мухталифе вуҷуд доранд. Тарафдорони равияи марксистӣ сектори хусусиро аз нуктаи назари муносибатҳои сотсиалистии истеҳсолот, моликияти ҷамъиятӣ будани воситаҳои истеҳсолот, истисмори қувваи коргарӣ, ба даст овардани арзиши изофа ва ғайра тавсия менамоянд. Онҳо низоми иқтисодиро ба секторҳои хусусию ҷамъиятӣ тафриқа карда, нисбати сектори хусусӣ ҳисси бадбинӣ эҳсос менамоянд.

моликият, хона

Қисми зиёди пайравони марксизм, кунун ба пайравии назарияи иқтисоди бозорӣ рӯгардон шуда, афзалият ва бартарии моликияти хусусию сектори хусусиро тақлиду тавсиф мекунанд.

Дар ҳақиқат муносибатҳои моликият, ташаккули шакл ва намудҳои ҷадиди он дар бунёд ва густариши муносибатҳои бо-зорӣ, алалхусус, сектори хусусии иқтисод нақш ва мақоми хоса дорад. Маҳз, густариши ҳамаҷонибаи сектори (хоҷагиҳои) ху-сусӣ имконияти пурра истифода кардани “дастаи ҳуқуқ”, таъмини дараҷаи муътадили даромад, подоши хароҷотҳои истеҳсо-лоту муомилот, дараҷаи кофии даромаднокию самаранокӣ, ҳосилнокию шиддатнокӣ, ангеза ва ҳавасмандии иқтисодӣ ва оқилона истифода кардани захираҳои иқтисодиро таъмин карда метавонад.

Сектори хусусӣ дар аксарияти давлатҳои капиталистӣ, таи садсолаҳои охир, хусусан, давраи индустронии капитализм бунёд гашта, то кунун ба сатҳ ва дараҷаи инкишофу таҳаввули баланди худ расидааст.

Дар мамлакатҳои сотсиалистӣ бошад дар солҳои алоҳида, ҳамчун намуна ё худ таҷриба баъзе аз унсурҳои сектори хусусӣ истифода карда шуда буданд. Масалан, дар СССР таи солҳои 1920-1929 таҳти нуфузи сиёсати нави иқтисодӣ (СНИ-НЕП) — баъзе аз ҷузъиятҳои моликияти хусусӣ ба монанди хусусигардонии савдо, корхонаҳои хурди баъди ҷанг (1917-1918) бесоҳиб-монда, додани онҳо ба иҷора ва ғ. истифода карда шудаанд.

Таи солҳои 1930-1953 — иқтисод таҳти назорати қатъии муттамаркази бюрократии сталинӣ карор дошт. 1950-1953-(солҳои ҳукмронии Н. Хрущев) — бидуни ҳаллу фасли баъзе аз масоили иҷтимоиёту иқтисод ва таи 20 соли наздик (1960-1980) бунёд кардани коммунизм басту банди беҳтар ва такмили сектори хусусӣ назаррас набуд.

Соли 1965 — марҳалаи дуввуми ба сектори хусусӣ баргаштани иқтисоди ИҶШС ба анҷом расид. Ин сана бо номи ислоҳоти иқтисодӣ (такмили идора, планкашӣ ва ҳавасмандии иқтисод…), ки асосгузори он иқтисоддони украин профессор Е.Г. Либерман мебошад бештар машҳур аст.

Ин сиёсат минбаъд аз ҷониби роҳбарони давлати Шӯравӣ: А.Н. Косыгин, Л.И. Брежнев ва дигарон таи солҳои 1972, 1979, 1983 (Ю.В. Андропов) дастгирӣ ёфта, минбаъд густариш ёфт. Ин ислоҳотҳо бо таври куллӣ масъалаҳои идораи муттамарказ, планкашӣ, моликият, нархгузорӣ, ташкили сектори хусусӣ ва дигар масъалаҳоро низ тағйир дода натавонист.

Заминаи воқеии марҳалаи саввуми дигаргунсозиҳои имрӯза аз ислоҳоти иқтисодии соли 1985 оғоз меёбад. Ин сиёсати иқтисодӣ, бо ном сиёсати бозсозии ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таҳти роҳбарӣ ва ташаббуси М.С. Горбачев идома ёфт. Бозсозӣ аз сиёсати истифодаи инқилоби илму техника ва дар ин асос инкишоф додани соҳаи машинасозӣ, ба он ҷудо кардани маблағ-гузориҳои илова, кори худро оғоз намуд.

Ба ҷараёни ташаккули сектори хусусӣ қабули “қонун дар бораи корхона” (с. 1987), қарор дар бораи гузаронидани корхо-наҳо, иттиҳодияҳо ташкилотҳо, хоҷагии халқ ба ҳисоби хоҷагии пурра-худидоракунӣ, худмаблағгузорӣ, худтаъминкунӣ, муста-қилияти иқтисодӣ, баланд бардоштани ҳавасмандӣ ва ҷавобга-рии моддии корхонаҳо ба натиҷаи ниҳоии фаъолият таъсири беназир расонид.

Ба корхонаҳо ҳаққу ҳуқуқи хӯҷаинӣ кардан нисбат ба қисми ҷудокардашудаи моликияти давлатӣ, ҳаққу ҳуқуқи мустақилона ба нақша гирифтани фаъолият, идора кардану ихтиёрдорӣ кардани фоида ва тақсими он дода шуданд.

Дар ин давра аввалин маротиба дар “мағзу ҷони” сотсиализм, элементҳои (унсурҳои) ҳақиқии “капитализми давлатӣ”, чун нишонаҳои ибтидоии сектори хусусӣ, дар амсоли бригада-ҳои пудратии дар асоси ҳисоби хоҷагӣ коркунанда дар соҳаи сохтмон, соҳибкории инфиродӣ дар соҳаи савдо, кооперативҳои истеҳсолию тиҷоратӣ ва ғайра ташкил гардиданд.

Дар ин марҳала шакли ба иҷора гирифтани корхонаҳои хур-ду миёнаи давлатӣ аз ҷониби коллективҳои меҳнатии корхона, ташкил кардани шакли ҳамгироии моликият — моликияти муштараки давлатию коллективӣ низ густариш меёбад. Ин ба амиқ гаштани раванди ғайридавлатӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ оварда расонд.

Марҳалаи чаҳорум – солҳои 1990-1995-ро дарбар мегирад.

Дар ҳақиқат соли 1990 арафа ва оғози куллан дигаргунсозии муносибатҳои иқтисодии сотсиалистӣ ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ ба шумор меравад. Ин сана аз оғози давраи нави таъ-рихӣ, қонунӣ ва расмӣ гардондани муносибатҳои бозорӣ, ташаккули муносибатҳои ҷадиди моликият ва таҳаввули шаклҳои он дарак медиҳад.

Иқтисоддонони Шуравӣ сабаб ва зарурати воқеии онро аз имконияти маҳдуди хоҷагидорӣ, механизми амали он (идораи мутамарказ, тарҳрезӣ, маҳдуд будани манфиату ҳавасмандӣ, мустақилият, озодии иқтисодӣ…) амиқ гаштани бӯҳронҳои “пӯ-шидаи” иқтисодӣ, беқурбшавии пул, паст рафтани сатҳи рушди иқтисод, нокифоии сармоягузорӣ ба соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ, ғайримоддӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва ғайра тасаввур мекунанд.

Рушду нумӯи сектори хусусӣ дар ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷи-кистон аз қабули қонун дар бораи моликият (марти соли 1990) ба вуқӯъ мепайвандад. Аз ин давра сар карда, оғози ғайридав-латикунонӣ, хусусигардонии моликияти давлати сотсиалистӣ ва дар чорчӯбаи он бунёд гардидани корхонаҳои ғайридавлатӣ — соҳибкории хусусию хонакорӣ, хусусию гурӯҳӣ, додани восита-ҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ ба иҷора ва табдил додани онҳо ба моликияти хусусии коллективҳои алоҳида авҷ мегирад.

Марҳалаи панҷум— солҳои 1995-2000.

Дар ин давра ба ҷараёни эҳёву ташаккули шаклҳои нави моликият (бонкҳои тиҷоратӣ, корхонаҳои хурди хусусӣ, моликияти коллективӣ, ширкатҳои саҳҳомӣ), густариши ҳаракати кооператсия матлубот дар ҳавзаи истеҳсоли предметҳои истеъмолии мардумӣ, хизматрасонии истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, таҳия ва такмили қонуну қонунгузориҳо оиди моликият, соҳибкорӣ, бизнес, иҷора, ғайридавлатикунонӣ, бонкҳо, замин ва ғайра ба сомон мерасад. Дар ин асос имконияти бештари қонун, аз худ кардану соҳибӣ намудан ва азонихуд кардани объектҳои моликияти хусусӣ ба миён меояд.

Ин давра, ҳамчун марҳалаи ибтидоии бунёди муносибатҳои бозорӣ тибқи қабули барномаи дигаргунсозии иқтисодиёти То-ҷикистон дар давраи солҳои 1995-2000 ва то давраи солҳои 2003-ум оиди ташаккул ва густариши бозори миллӣ ва амиқ гаштани раванди сектори хусусӣ сурат мегирад. Таи даҳсолаи ояндаи асри ХХI, тибқи ояндабинии Э. Раҳмонов давраи сифатан нави инкишофу таҳаввули сектори хусусӣ ва ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд…

Шикасти низоми абадқудрати сотсиалистӣ бо ҳамагуна фи-шангҳои идораи маъмурӣ ва танзими давлатии иқтисод ва табдил додани сектори ҷамъиятӣ ба сектори хусусию мухталат кори осон нест. Ҳалли он ба омилҳои зиёди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқу-қӣ, маъмурӣ, бурунмарзӣ ва ғайра вобаста мебошад.

Дар бунёд ва ташаккули сектори хусусӣ чунин омилҳо таъ-сир мерасонанд:

— ҳаҷм ва таркиби бозори миллӣ;

— бозори сармоя (воситаҳои истеҳсолот);

— бозори молия;

— бозори меҳнат;

— дараҷаи рушди ҳавзаи кишоварз;

— нақш ва мақоми шаклҳои нави моликият дар инкишофи иқтисоди миллӣ;

— шароитҳои таърихӣ, дараҷаи рушди қувваҳои истеҳсол-кунанда, ҳаҷми сарват ва захираҳои иқтисодӣ ва ғайра;

— ҳаҷм ва самаранокии сармоягузорӣ.

Таҳлили баъзе аз ин омилҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан, бозори молҳои истеъмолӣ ва хадамот хос мебошад. Дар марҳалаи ҳозира ба ин шакли бозор, хислати танзими худ ба худ, ҷаллобӣ ва корчаллонии беинтиҳои ваҳшиёна, номусоидию номутаносибии тақозою арзаи молҳо, набудани фишангҳои мусоиди танзим — хусусан танзими давла-тӣ, аз байн рабудани савдои давлатӣ хос мебошад.

Дар марҳалаи аввал, гарчанде ночиз бошад ҳам баъзе аз тадбирҳои давлат оиди танзими бозори истеъмоли хоҷагии халқ, бартараф кардани камбудиҳо, истиқрор ва ба эътидол даровардани он чашмрас мебошад.

Баъди заволи низоми муттамаркази тавлид ва тақсими воси-таҳои истеҳсолот, қатъ гардидани системаи таъминоти моддию техникии давлатӣ-камбуди восита ва предметҳои меҳнат, хелу намудҳои зиёди ашё ва маҳсулот ҳис карда мешавад. Ба қадри имкон равобити мустақими тиҷоратии байни корхонаҳои тавлидгару корхонаҳои истеъмолгар, бо воситаи хизматрасониҳои хусусию инфиродӣ, хусусию гурӯҳӣ, хизматрасониҳои брокерӣ, биржавӣ, базаҳои яклухтфурӯшӣ, ки дар мояи тиҷорат амал мекунанд ба роҳ монда мешавад.

Бозори молия дар арафаи эҳёву ташаккул буда, ҳамчун хариду фурӯши қоғазҳои қимматнок (саҳмияҳо, заёмҳо)-и корхонаҳо, бонкҳо ва давлат сурат мегирад. Азбаски вазни қиёсии саҳ-мияҳо байни дорандагони он тақсим карда мешавад, аз ин хусус васеъ гардидани доираи бозори қоғазҳои қимматнок, алҳол чандон чашмрас намебошад.

Ба вуҷуд омадану васеъ гаштани сектори хусусӣ барои густариши бозори меҳнат бештар ҷалб кардани мутахассисон, бекорон ба ҷараёни истеҳсолоту муомилот, ба миён овардани ҷои кори иловагӣ, ҷалб кардани захираҳои иловагии меҳнатӣ мусои-дат мекунад. Фирори мутахассисон аз сохаҳои илм, маориф, саноат ба соҳаҳои сектори хусусӣ — бизнеси хурду миёна ва дигар фаъолияти соҳибкорӣ бештар намоёнтар аст.

Барои мӯтадил ва истиқрор намудани бозори меҳнат, ҳуку-мат ва давлати Тоҷикистон вазифа гузоштаанд, ки то соли 2000-2010-ӯм шароитҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии истифодаи захираҳои меҳнатиро муҳайё намуда, пас аз 10-15 соли ояндаи наздик ташаккули низоми тамаддуни онро ба вуҷуд оваранд. Ин низом ба ҷараёни ҳамаҷониба таъмин кардани тадбирҳо оиди тайёр ва таҷдиди мутахассисон, баланд бардоштани сатҳ ва дараҷаи ихтисоси коргарон, таъмини ҳимояи пурраи ҳаёти иҷти-моии аҳолӣ равона карда мешавад. Маҷмӯи ин тадбирҳо барои бунёд ва ташаккули субъекти моликият ва сектори хусусӣ заминаи бузург шуда метавонад.

Имконияти инкишоф ва таҳаввули сектори хусусӣ дар бахши кишоварзӣ зиёдтар мебошад. Ташкил кардани шакл ва намудҳои хоҷагиҳои хусусӣ-хоҷагиҳои инфиродӣ, иҷоравӣ, деҳқо-нӣ, фермерӣ, кооперативӣ, шаклҳои хоҷагиҳои мухталат имкон медиҳанд, ки бозори миллӣ бештар бо маҳсулоти истеъмолӣ ва ашё таъмин карда шавад.

Истифодаи сектори (хоҷагиҳои) хусусӣ дар қисмати замин-ҳои бекорхобида, ҷангалзорҳо, саҳрову биёбонҳо, нишебию теп-паҳо, мавзеъҳои гуногуни кӯҳӣ, ҳамчун фаъолияти соҳибкории хурду миёна, оилавию инфиродӣ, дар асоси ташаббус оиди ташкил кардани осиёбҳо, устохонаҳо, обҷувозҳо, ҳавзаи боғдорию чорводорӣ, ғунучини алафҳои дорувории манфиатбахши хӯро-ка, сехҳо, оиди тавлиди онҳо ва ғайра имконпазир мебошанд.

Агар бизнеси хурд дар тиҷорат ва тавлидоти маҳсулоти саноатӣ андаке равнақ ёфта бошад, он дар бахши комплекси кишоварзию саноатӣ на чандон назаррас аст, ҳол он ки имконияти он барои истифодаи ихтироотҳо, навоварӣ ва истифодаи техникаю технологияи замонавӣ ва сармоягузорӣ нисбатан зиёдтар мебошад. Афсӯс, ки дар иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар бизнеси кӯчагӣ, савдои чатрапӯш (палаткагӣ), ҳамчун воситаи ба даст даровардани даромади муфт аз ҳисоби воридоти чизҳои хориҷӣ истифода карда мешавад.


Моликияти хусуси ва сектори хусуси: мархала, омил  ва сирати рушди онхо дар Чумхурии Точикистон, мархилаои моликияти хусуси, марщилащои моликияти хусусь, омилхои моликияти хусуси