Молия (сарсухан)

Ҷараёни гузаштан ба муносибатҳои бозорӣ, ки дар даҳсолаи охири асри XX оғоз гардид, ба ҳаёти иқтисодии ҷумҳурӣ ворид намудани дигаргуниҳои ҷиддиро талаб менамуд. Ин дигаргуниҳо бо аниқсозӣ ва баъзан бо иваз намудаии афзалиятҳо, ҳавасмандӣ ва омилҳои тараққиёта ҷамъият дар ҷумҳурӣ вобаста буданд. Дар чунин шароит рушди иқтисодии ҷумҳурӣ то як андоза аз созмондиҳии оқилонаи низоми молиявӣ вобаста мебошад.

Дуруст сарфаҳм рафтан ба ногузирии консепсияи неоклассикии назарияи молия ва паҳн намудани он дар доираи олимону аҳли амал бо қатъият пурра гардонидани блоки фанҳои молиявиро, ки ба таври анъанавӣ дар мактабҳои олӣ таълим дода мешуданд, талаб намуд.

Дур шудан аз монополияи давлатӣ ва яккасардорӣ дар соҳаи молия ба тағйиротҳои зерин оварда расонд:

  1. Агар дар даври пештара мазмуни фанни молия асосан бо молияи давлатӣ маҳдуд мегардид, ҳоло он то молияи корхо­на, ташкилотҳои суғуртавӣ, молияи хонавода, бозорҳои моли­явӣ ва дигарҳо васеъ гардидааст;
  2. Фанҳои умуман нав пайдо шуданд, ки пештар онҳо аз сабаби ҷойнадоштани предметитадқиқотиашон мавчуд набу- данд. Мисол, менеҷменти молиявӣ, бозорҳо ва институҳои мо­лиявӣ, молияи соҳибкорӣ ва бизнес, таваккали молиявӣ, порт­фели сармоя ва дигархо.

Дар васоити таълимие, ки ба хонандагон пешкаш карда ме- шавад, мундариҷа ва таркиби фаслҳо дар асосӣ мафҳуми васеи предмета таъиноти илмӣ ва амалидошта пешкаш мегардад. Аз нуқтаи назари илмию методӣ фанни молия асосӣ назариявии ҳамаи фаннҳои тахассусии минбаъдаро ташкил менамояд ва барои ҳамин ҳам фасли якуми китоб ба баёни назарияи молиявӣ ва низоми молия бахшида шудааст. Баъд, бо назардошти мавқеи рукнҳои макроиқтисодӣ фасли дуюм ба баёни моли­яи корхонаҳо (ташкилотҳо) ва молияи хонавода, фасли сеюм ба молияи умумидавлатӣ ва чорум – ба молияи байналмилалӣ бахшида шудаанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳар яке аз бахшҳои иқтисодӣ дар навбати худ нуқтаҳои муносибатҳои молиявиро доранд ва бегуфтугӯ дорои хусусияти хоси идоракунии молияи онҳо мебошанд. Аз ҳамин нуқтаи назар дар китоб тавсиф, мантиқ, шартҳои фаъолияти низоми молиявӣ умуман ва рукнҳои алоҳидаи он дар алоҳидагӣ пешкаш гардидаанд.

Мувофиқи стандарти давлатии амалкунандаи маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фасли якум – «Назарияи молия ва низоми молиявӣ» асосан ба тариқи консептуалӣ навишта шудааст. Ин аз ду сабаб вобаста мебошад: якум – курси молия дар блоки фанҳои тахассусӣ, ки мувофиқи нақшаи таълимӣ бо курсҳои махсус пурра карда мешавад, блоки асосӣ мебошад; дуюм – ҳаҷми китоб маҳдуд мебошад ва дар як китоб ҳамаро то нуқтаи охир баён кардан ғайри имкон мебошад. Хонандагон хуб медонанд, ки ҳоло ҷумҳурӣ дар давраи иқтисоди гузариш мебошад. Иқтисоди гузариш дигаргунсозии унсурҳои куҳнаи амалкунанда, ки ба талаботи имруза ҷавобгӯ нестанд ва бунёди унсурҳои навро пешбинӣ менамояд. Барои ҳамин ҳам дар ин ҷо ва дар баъзе фаслҳои баъдина бо мақсади нишон додани он, ки чи дигаргунсозӣ мегардад ва инчунин нишон додани мантиқи ташаккули ин ё он ҳолат ва воқеа муаллиф як чанд ручуи мухтасари таърихӣ менамояд.

Бо назардошти ҳамаи ин ҳолатҳо дар фасли якум тасаввуроти умумӣ дар бораи илми молия, моҳият ва нақши молия дар низоми такрористеҳсолкунии ҷамъиятӣ, сиёсати молиявӣ ва накши он дар рушди иқтисодиёт, идоракунии молия ва на­зорати молиявӣ, бозорҳои молиявӣ ва иштирокчиёни онҳо, низоми молиявӣ ва хусусиятҳои хоси фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон баён карда шудаанд.

Фасли дуюм дар баёни моҳият, вазифаҳо ва шартҳои асосии ташкили молияи корхонаҳо ва ташкилотҳои шаклҳои гуногуни ташкилӣ-ҳуқуқӣ, ташаккул ва истифодаи сармояи асосӣ ва гардон, натиҷаҳои молиявии фаъолияти соҳибкории корхонаҳо ва афзунгардонии онҳо бахшида шудааст. Дар ин фасл дар боби 10 «Молияи хонавода ҳамчун ячейкаи махсуси соҳибкорӣ ва бизнес» ҷои махсус ҷудо карда шудааст.

Фасли сеюм «Молияи умумидавлатӣ ва дигаргунсозиҳои он» буҷет ва низоми буҷетии ҷумҳурӣ, даромад ва ҳарочоти буҷети зинаҳои гуногун, мувозинати буҷетҳо, муносибатҳои байнибуҷетӣ, ҷараёни буҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарбар мегирад. Боби 15 фасл ба мутолиаи фондҳои мақсадноки давлатӣ, таркиб, аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ ва вазифаҳои онҳо бахшида шудааст. Қисми таркибии фасл боби 16 «Қарзи давлатӣ ва адои қарзи давлат» мебошад, ки дар он шаклҳо ва намудҳои қарзи давлатӣ ва тартиби адои қарзи дав­лат муфассал баён карда шудаанд.

Дар фасли чорум «Молияи байналмилалӣ» бо назардошти мавқеи Тоҷикистон ва мақоми он дар институтҳои моли­явӣ ва асъориву қарзии байналмилалӣ дар шакли мухтасар дар бобҳои 17 ва 18 молияи оммавии байналмилалӣ аз он ҷумла аз нуқтаи назари глобалӣ ва минтақавӣ ва инчунин молияи миллӣ дар мисоли ИМА, Британияи Кабир, Япония, Фаронса ва Германия муҳокима мегарданд.

Аз китоби Молия (воситаи таълимӣ)-и Ӯроқ Алимардонов (соли 2014).


Хотиррасон мешавем, ки мавзӯҳои ин бахши сомона аз ҳамин китоб нашр мешаванд.

Рӯйхати мавзӯҳо инҷо <<


Молия (воситаи таълими)-и Урок Алимардонов, молия бо забони точики, на таджикском языке, реферат аз молия, Мавзухои дарсии молия, аз фанни молия, китоби молия, реферат аз молия, кори курси, сайти донишчу.тч, сайти точики, сайти донишҷӯ.тҷ, сайти тоҷикӣ, сайтҳои тоҷикӣ, бо забони тоҷикӣ, мавзӯҳои молиявӣ, сайтхои точики, мавзухои молияви, сайти донишчу, сомонаи тоҷикӣ, сомонаҳои тоҷикӣ, тоҷикистон, бо забони тоҷикӣ.

ҚаблӣМуш бо мор (афсонаи точики)
БаъдӣЗарурият ва моҳияти молия. Молия чист?

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед