Мавзӯи 28. Мотивонидани таълим

Зермавзӯҳо:

  1. Мотивҳо – нерӯи ҳаракатдиҳандаи идрок
  2. Омӯхтан ва ташаккул додани мотивҳо
  3. Ҳавасмандии омӯзиш
  4. Қоида: дар бораи он фикр кунед, ки талабагон чӣ мехоҳанд

1.Мотивҳо – нерӯи ҳаракатдиҳандаи идрок

Мотивонидани раванди омӯзиш тасодифӣ нест, балки омили умдаи завқу шавқбедоркунӣ ба меҳнати омӯзондагӣ, фаъолияти фаҳмидагирии фанни таълимӣ, муайянкунандаи сермаҳсулии ҷараёни дидактикист.

Мотивҳо – қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи раванди дидактикӣ мебошад. Омӯхтан ва амалан дуруст истифода бурдани мотивҳо, ки ташаккулдиҳандаи шахсият ва ҳаракати он ба майли зарурӣ – рукни меҳнати омӯзгорӣ мебошад, дар айни замон барои омӯзгорон хеле муҳим аст.

Мотивонӣ (франс. motif, аз лот. movӯo – ҳаракат мекунам) – номгӯи умумираванд, методҳо, воситаҳои водоркунии талабагон ба маҳсулдории фаъолияти фаҳмидагирии мазмуни таҳсил аст.

Мавзӯро пурра хонед >>


2.Омӯхтан ва ташаккул додани мотивҳо

Бо масъалаи амиқи татқиқоти паҳлӯҳои гуногуни раванди педагогӣ ва сифати шахсият мо ҳамеша муроҷиат мекунем. Омӯхтани мотивҳо яке аз вазифаҳои амалии басо душвор буда, вале агар баландбардории сифати таълим мақсад гузошта шавад, ҳалли он ниҳоят зарур аст. Ғайридақиқ тасаввур кардан нисбати нерӯи ҳаракатдиҳандаи омӯзиш ба комёбиҳои онҳо ноил шудан мумкин нест.

Мавзӯро пурра хонед >>


3.Ҳавасмандии омӯзиш

Дар Юнони Қадим калимаи «стимулус» гуфта чӯбдасти дарози нӯги тездоштаро меномидаанд, ки бо он барзагов ва хачирҳоро меронданд. «Стимул кардан» дар фаҳмиши ҳозира маъноҳои «тела додан, одамро ташвиқ кардан ба ягон коре» мебошад ва ба забони тоҷикии мо маъноҳои мураддифии «ҳавасмандӣ», «рағбатонӣ» – ро ифода мекунад. Инсон ҳамин хел хусусият дорад, ки бидуни мунтазам огоҳкунӣ ва ҳадаҳанамоӣ ҷидду ҷаҳди шахсӣ ё зоҳирӣ, вале мудом бо зарурати бевосита аз ҷо намеҷунбад, фаъол меҳнат намекунад, алалхусус ҳаёт аз ҳаракаткунӣ иборат аст. То водоркуние набошад инсон рӯҳбаландаона фаъолият зоҳир намекунад, такон намеёбад.

Вақтҳое буданд, ки одам ба кор фориғболона муносибат мекард, барои бартараф кардани коҳилӣ аз воситаҳои табиатан оддӣ истифода мебурданд – маҷбуркунӣ бо шаклу намудҳои гуногун, рӯҳан шикастдиҳӣ, аз қабили «…хирс мулло мешавад аз зарби чӯб» арзи вуҷуд карда омадааст. Бо мурури замон баҳри фаъолона амалкунии одам ангезаи таъсиррасон омада расид.

Мавзӯро пурра хонед >>


4.Қоида: дар бораи он фикр кунед, ки талабагон чӣ мехоҳанд  

Дида баромадани ҳавасмандгардонии аниқи тарбия ва таълимро беҳтараш ба андешаҳои муқаррарнамудаи профессори амрикоӣ Г. Оверстрит, ки дар китоби судмандаш «Таъсиррасонӣ ба рафтори одам» пайравӣ бояд кард. Профессор Г. Оверстрит бе парда ва музахрафот тасдиқ мекунад, ки дар асоси рафтори мо хоҳиши ниҳонӣ аст… Беҳтарин маслиҳат ба онҳое, ки ба худ вазифаи касеро барои ин ё он рафтор гап зада розӣ кардан мехоҳанд, дар кори олам, дар оила, дар мактаб ё сиёсат чунин бояд кард: аввало мусоҳиби худро маҷбур кунед, ки чизеро гарму ҷӯшон хоҳиш кунад.

Мавзӯро пурра хонед >>


Санҷиши контролӣ

  1. Омӯзиши мотивонӣ чӣ маъно дорад?
  2. Мотивҳои таълимӣ ва омӯзиш чист?
  3. Мотивҳои таълимӣ чӣ тавр таснифот мешаванд?
  4. Кадом гурӯҳи     мотивҳо дар мактаби         муосир    бештар амалкунандаанд?
  5. Таълими фаъол чист?
  6. Фаъолияти таълимии талабагон чӣ тавр ба вуҷуд оварда мешавад?
  7. Қонунияти амалии шавқмандӣ ба омӯзишро мухтасар ифода кунед.
  8. Роҳҳо, тарз, воситаҳои шавқмандона ташаккулёбии фаҳмидагирии мактабиёнро номбар кунед.
  9. Дар бораи робитаи шавқмандӣ ва талабот маълумот диҳед.
  10. Талаботи иерархия ва истифода бурдани он дар кори муаллимро ифшо диҳед.
  11. Бо кадом алгоритм омӯзиши мотивҳои омӯзиши талабагон ба вуқӯъ меояд?
  12. Бо ёрии кадом мотивҳо ва методика мотивонидани мактабиён муайян карда мешавад?
  13. Кадом методҳои таълим ва ташаккули мотивҳо дар хориҷа, қисман дар мактабҳои амрико истифода бурда мешавад?
  14. Шумо нисбати мотивонидани омӯзандагон чиҳоро пешниҳод карда метавонистед?
  15. Ба меҳнати омӯзиш муносибати мусбатро чӣ тавр бояд дастгирӣ кард?
  16. Ҳавасмандгардонии омӯзиш чиро мефаҳмонад?
  17. Кадом омилҳои таълим дар мактаб истифода мешавад?
  18. Педагогикаи гуманистӣ истифода бурдани кадом омилҳоро пешниҳод мекунад?
  19. Моҳияти бештар аҳамият доштани қоидаҳои ҳавасмандгардонии мактабиёнро ифшо диҳед.
  20. Педагог барои ҳавасмандгардонии омӯзиши мактабён чиро бояд донад ва тавонад?

Адабиёт барои худомӯзӣ

  • Белкин А. С. Ситуация успеха. Как её создать. – М., 1991.
  • Выгоцкий А. К. Формула интереса. – М., 1989.
  • Леонтев А. Н. Потребности, мотивы и эмоции. – М., 1971.
  • Маркова А. К., Матис Т. А., Орлов А. Б. Формирование мотивации учения. – М., 1990.
  • Подласый И. П. Педагогика. – М., 2000.
  • Якобсон П. М. Психологические проблемы мотивации поведения человека. – М., 1969.
  • Юнусов Й. Педагогика. Душанбе: 2005.
ҚаблӣҲуҷҷатҳои меъёрии мазмуни маълумоти мактаб
БаъдӣМотивҳо – нерӯи ҳаракатдиҳандаи идрок