МУАССИСАҲОИ ТУРИСТӢ

Яке аз унсурҳои иқтидори туристӣ рушди инфрасохтори туристӣ ба ҳисоб меравад, ки маҷмӯи объектҳо, корхонаю идораҳои мансуб ба  шабакаи туристиро ба вуҷуд меорад. Ғайр аз ин  боиси рушди устувори ташкили ҳудудии хоҷагии туристӣ мегардад.

Шабакаи туристӣ – ин маҷмӯи ҷойгиркунонии муассисаҳои туристӣ ба монанди туризми табобатӣ – истироҳатию солимгардонӣ, варзишӣ ва маърифатӣ дар мамлакат (вилоят, ноҳия) мебошад.

Нишондиҳандаи асосии рушди шабаки туристӣ зиччии муассисаҳои туристӣ, ки баробар ба миқдори ҷой (ба ҳазор км2  рост меояд) мебошад. Вобаста ба ин ҳудудҳо ба рушдёфта, миёна ва сусттараққӣкарда ҷудо мешаванд. Омили асосии муайянкунандаи рушди фаъолияти туристӣ базаи моддӣ маҳсуб меёбад. Базаи моддии туризм маҷмӯи унсурҳои моддӣ ва ҷиҳозии қувваҳои истеҳсолкунанда, ки дар раванди истеҳсоли хизматрасонии моддӣ истифода мегардад, ба шумор меравад.

Хоҷагиҳои туристӣ ба якчанд зерсоҳаҳо, яъне осоишгоҳҳо, осоишгоҳ – солимгардонӣ, табобатию беҳдоштӣ, хона-истироҳатгоҳ, пансионатҳо ва базаҳои истироҳати ҷудо мешаванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Осоҳишгоҳҳо дорои базаи моддии рушдёфта буда, ҳамзамон ҳудуди васеъро ишғол намудаанд, ки ба се минтақаи асосӣ, яъне табобатӣ, хоҷагидорӣ ва чорабиниҳои фароғатию фарҳангӣ ҷудо мешаванд. Муҳимтарин он табобатӣ буда, дар худ биноҳои хобгоҳӣ ва табобатӣ, комплексҳои варзишии зимистонаю тобистона, ошхона, марказҳои дилхушӣ, манзараҳои дилфиребро фарогир мебошад.

Иморати табобатӣ аз якчанд шӯъбаҳо ба монанди ташхис, физиотерапӣ, табобат бо шуъо ва гармӣ (ташхиси равонӣ, варзиши табобатӣ, механотерапия, гидротерапия ва ғайра), ҳуҷраҳо (шахс, сӯзандармонӣ, галотерапӣ, «ҳавои кӯҳӣ», дондонпизишкӣ ва ғайра), ҳамчунин табобати обӣ, гармоба ва ҳавзҳо, табобат бо гил ва ғайра иборат мебошад.

Як қисми осоҳишгоҳҳо аз рӯи дараҷаи ташхис ва ҷиҳози лозимӣ аз беморхонаҳои (клиника) ташхисӣ афзолият доранд. Марказҳои фароғатӣ китобхона, мизи билярдбозӣ, толорҳои рақсу киноконсертӣ ва марказҳои бозиҳои гуногунро дар бар мегирад. Ба осоишгоҳҳо теъдоди зиёди мутахассисони гуногункасб ба монанди пизишкон – курортшиносҳо, ҳамшираҳои тиббӣ, мутахассисони ғизои парҳезӣ, хизматгузорон, ташкилкунандагони фароғат барои истироҳаткунандагон, гидрогеологҳо, назоратчиёни ҷойҳои дорои обҳои маъданӣ, кормандони муҳосибот, нақлиёт, устоҳо ҷалб карда мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон осоҳишгоҳҳо дар ҳудудҳое ташкил ёфтаанд, ки дорои захираҳои гуногунранги талаботии табиӣ мебошанд. Чунончӣ ососҳишгоҳҳои Хоҷаобигарм, Обигарм, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Зумрад, Зайрон ва ғайра. Дар миқёси кишварҳои аъзои ИДМ бошад ин гуна осоишгоҳҳо бештар дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Қафқоз (Озорбойҷон, Гурҷистон, Арманистон), соҳили баҳри Сиёҳ, нимҷазираи Камчатка бештар ҷойгир карда шудааст.

Ба осоишгоҳҳо бештар категорияҳои истироҳаткунандагоне мераванд, ки синашон аз 50 сол боло аст. Фаъолияти осоишгоҳҳо хусусияти тамомисолӣ дорад. Марҳилаи талабот дар онҳо аслан аз 21 то 24 рӯзро дар бар мегирад. Баъзан то ду ҳафта кӯтоҳ карда мешавад.

Шабакаи муассисаҳои истироҳатӣ хонаистироҳатгоҳҳо, пансионатҳо ва пойгоҳҳои (база) истироҳатиро дар бар мегирад. Ҳадафи асосии муассисаҳои истироҳатӣ ин ташкил намудани истироҳат, солимгардонӣ ва талаботи мардуми кишвар мебошад. Дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Иттифоқи касаба муайянкунандаи ташаккули ин шакли истироҳат ба шумор меравад. Ҳоло бошад дар радифи ташкилотҳои Иттифоқи касаба амалинамоии ин шакли истироҳату талабот аз ҷониби ширкатҳои туристӣ, худи шаҳрвандон ва корхонаҳои фаъолияташон гуногун роҳандозӣ мегардад.

Ташкили туризми варзишию маърифатӣ аз ҷониби пойгоҳҳои туристӣ, парасторхонаҳо, бошишгоҳҳои туристӣ, лагерҳои кӯҳнавардӣ, муассисаҳои меҳмондорӣ (меҳмонхонаҳои туристӣ, кемпингҳо) ва ғайра матраҳ мегардад. Ҳанӯз дар аксари мавзеҳои туристии ҷаҳон пойгоҳҳои туристӣ фаъолият менамоянд. Мақоми махсусро миёни муассисаҳои туристӣ боғҳои (парк) рекреатсионӣ ишғол менамоянд. Бузургтарини онҳо – боғҳои миллӣ мебошанд, ки дар ҳудудҳои зебои табиию таърихӣ ташкил мешаванд ва барои истироҳати кӯтоҳмуддату фаъол равона мегарданд. Боғҳои рекреатсионӣ инчунин дар минтақаҳои ҳифзшаванда ташкил карда мешаванд. Дар баробари он муассисаҳои дилхушӣ, аквапаркҳо, диснейлендҳо ва ғайра пайдо мешаванд.

Муассисаҳои туристӣ намудҳои гуногуни меҳмонхонаҳоро низ дар бар мегирад.  Аввалин меҳмонхонаҳо (корвонсаройҳо) ҳанӯз 2 ҳазор сол пеш аз мелод дар тамаддуни қадимии Шарқ пайдо шудаанд. Бо мурури замон дар Юнони қадим ва Рими қадим меҳмонхонаю меҳмонсаройҳо арзи ҳастӣ намуданд, ки барои хизматрасонӣ ба савдогарони сафаркунанда, санъаткорон, зиёраткунандагон ва ҷаҳонгардон пешбинӣ шуда буданд.

Дар замони муосир аз рӯи дараҷаи хизматрасонӣ меҳмонхонаҳо ба 6 категорияи асосӣ, яъне якситорадор ва шашситорадор тақсим мешаванд. Ин гуна меҳмонхонаҳо, бахусус панҷситорадор дар кишварҳои Аврупо, Амрикои Шимолӣ, Чин, Ҷопон, Мисру Туркия фаъолият доранд.

Ҳамзамон меҳмонхонаҳо аз рӯи андоза (ғунҷоиш) ба чор категорияи асосӣ тақсим мешаванд:

  • хурд (то 100 – 150 ҷой);
  • миёна (аз 100 то 300 – 400 ҷой);
  • калон (аз 300 то 600 – 1000 ҷой);
  • бузург (зиёда аз 1000 ҷой).

Ғайр аз ин бузургии меҳмонхона муайянкунандаи дараҷаи хизматрасонии он мебошад.

Бозори мақсаднок – категорияи мушахасси одамонест, ки меҳмонхона онҳоро ба сифати меҳмонҳои арзишманд дидан мехоҳад. Дар ҳол меҳмонхона иқдоми маркетингии хосеро ҷиҳати ҷалби сарватмандон пеша менамояд. Масалан шабакаи меҳмонхонаҳо ба монанди «Marriott»: «Marriott Margius», «Marriott Hotels», «Marriott Inns», «Courtyard by Marriott», «Fairfield Inn by Marriott», «Residens Inn by Marriott», ин гуна иқдоми маркетингиро пеш гирифтааст ва афзалияти он дар он зоҳир мегардад, ки дар минтақаи муайяни географӣ якчанд меҳмонхонаи якранг вале самтҳои гуногун (бо мақсади ҷалби категорияҳои гуногуни туристон) бунёд мегардад.

Аз рӯи хизматрасонии бозорҳои мақсаднок меҳмонхонаҳо ба чор гурӯҳи асосӣ ҷудо мешаванд:

  1. Меҳмонхонаҳо барои туристоне, ки мақсад ва моҳияти асосии сафарашон фаъолияти касбӣ мебошад (бизнес, тиҷорат, мулоқот, машварат, симпозиум, конфронсҳо, кунгураҳо, табодули таҷриба, намоишҳои касбӣ, муаррифии маҳсулот ва ғайра);
  2. Меҳмонхонаҳо барои туристоне, ки мақсаду моҳияти сафарашон истироҳат (фаъол, ғайрифаъол, омехта) ва талабот (профилактикӣ, барқарорнамоӣ) мебошад. Ба ин гуна меҳмонхонаҳо дохил мешаванд:
  • Меҳмонхонаҳои курортӣ;
  • Пансионат ва хонаистироҳатгоҳҳо;
  • Меҳмонхонаҳои туристию саёҳатӣ;
  • Меҳмонхонаҳои туристию варзишӣ (маҷмааҳои туристӣ);
  • Казино (маркази дилхушӣ) – меҳмонсаройҳо (меҳмонхонаҳо барои дӯстдорони бозиҳои хусусияти қиморӣ дошта);
  • Махсусгардонидашуда (бо низоми хизматрасонии ташкили воситаҳои нақлиёти шахсии туристон, худхизматрасонӣ).
  1. Меҳмонхонаҳои транзитӣ (маҷмааҳои туристӣ):

– меҳмонхонаҳои назди фурудгоҳӣ;

– меҳмонсароҳои назди саристгоҳҳои роҳи оҳан;

– меҳмонсароҳои бандарҳои баҳрӣ.

  1. Меҳмонхонаҳо барои истироҳати доимӣ
Таснифоти меҳмонхонаҳо ва дигар воситаҳои ҷойгирнамоии туристон.
ҚаблӣОБЪЕКТҲО ВА КОМПЛЕКСҲОИ ТУРИСТӢ
БаъдӣМИНТАҚАҲО ВА МИНТАҚАҲОИ ТУРИСТӢ