Муайян кардани хусусияти матоъ (Кори лаборотории №1)

Муайян кардани хусусияти матоъ (Кори лаборотории №1).


Таҷҳизот: намунаи матоъҳо, асбобу анҷомҳо.

Рафти кор. Хосияти матоъро бо таҷриба тавассути узвҳои ломиса, босира, сомеа муайян кунед.

Намунаи ду матои интихобшударо гиред: пашмӣ ва абрешимӣ.

  1. Бо даст палмосед ва ҳис кунед, ки кадоми онҳо мулоимтар аст?
  2. Бо чашм кадом фарқҳояшро дарк кардед?
  3. Овози барқад ва кӯндаланги матоъро муайян кунед (бо ду даст сахт кашида, якбора овозро муайян кардан мумкин).
  4. Дар даст 30 дақиқа дошта, ғиҷимшавиашро санҷед ва сар диҳед, ки аз ин ду матоъ кадомаш зиёдтар ғиҷим шудааст.
  5. Риштаҳои кӯндаланг ва барқадро ҷудо карда, риштаи ғафсро канед ва мустаҳкамии онҳоро муайян кунед, ба нӯги риштаҳои кандашуда аҳамият диҳед, ки кадоме аз онҳо нӯги борики ҳамвор ва кадомаш нӯги титшуда дорад.
  6. Муайян кунед, ки муқоисаи шумо бо далелҳои ҷадвал мувофиқанд ё не?

Худназораткунӣ. Санҷиш:

  1. Матои абрешимӣ ва пашмиро гирифтед.
  2. Матои абрешимӣ мулоимтар аст ё пашмӣ?
  3. Дар вақти муқоисаи нӯги риштаҳо ба кадом хулоса омадед?

Ҷадвали 9. Нишонаи муайянии матоъ
Матоъҳо   Намунаҳои муайянкунӣ
аз намуди зоҳириаш бо даст палмосидан аз кандашавии риштаҳо
Абрешимӣ      
Пашмӣ      
Савол ва супориш

Ҷадвали нишонаи муайянкуниро ба қоидаҳо риоя карда пур кунед.

  1. Ватани пилла куҷост?
  2. Тухми кирмак аз куҷо ва чӣ хел паҳн шудааст?
ҚаблӣНахи абрешим
БаъдӣАппликатсия (гулпартои)-и матоъ