Муайян кардани координати нуқтаи даркорӣ дар глобус ва харитаи географӣ

Дар глобус ва харитаи географӣ ҳар як нуқтаро метавон муайян кард, ки онро координати географӣ меноманд. Барои он ки координати географии нуқтаи даркориро муайян намоем, арз ва тӯли географиро бояд донист.

1.Арзи географӣ. Масофаи ягон нуқтаеро, ки дар сатҳи Замин аз хати истиво ба самти шимол ва ҷануб бо дараҷа ифода ёфтааст, арзи географӣ меноманд (расмҳои 21,22). Арзи географӣ аз хати истиво ба самти шимол ва ҷануб аз 00 то 900 (қутбҳо) тағйир меёбад.

21.Арзи географӣ
21.Арзи географӣ

22

Бинобар ин тамоми нуқтаҳое, ки аз хати истиво дар шимол ҷойгиранд, ба арзӣ Шимолӣ мансубанд (а.ш.). Он нуқтаҳое, ки аз хати истиво дар ҷануб воқеъ гардидаанд, ба арзи Ҷанубӣ (а.ҷ.) дохил мешаванд. Нуқтаҳое, ки дар як хати мувозӣ ҷойгиранд (хоҳ аз хати истиво дар шимол ва хоҳ дар ҷануби он) як хел арзи географӣ доранд. Арзи хати мувозӣ дар глобус дар хатҳои нисфирӯзии 00 ва 1800, дар харитаҳо бошад, дар ҳошияи онҳо навишта мешавад.

ИН МАВОД БА СОМОНАИ DONISHJU.NET ТААЛЛУҚ ДОРАД

Барои муайян кардани арзи географии нуқтаи даркорӣ (масалан, ягон шаҳр) пеш аз ҳама арзи хати мувозиро бояд муайян кард, ки вай он нуқта дар воқеъ гардидааст. Аммо нуқтаи даркорӣ на ҳама вақт бевосита дар арзи хати мувозӣ воқеъ гардидааст. Аксар вақт нуқтаи даркорӣ дар байни ду хатӣ мувозӣ ҷойгир аст. Дар ин сурат аввал арзи хати мувозии ба хати истиво наздикро меёбем, ки нуқтаи даркорӣ ба он наздик воқеъ гардидааст. Сипас, ба арзи хати мувозии пайдокардаамон миқдори дараҷаи камонаки хати нисфирӯзии (меридиан) байни нуқтаҳои даркорӣ ва хати мувозиро зам менамоем: Масалан, шаҳри Душанбе дар байни хатҳои мувозии 30 ва 40 шимолӣ (аз хати истиво ба шимол) ҷойгир аст. Аз ин сабаб мо аввал хати мувозии 300-ро ёфта баъд миқдори дараҷаи камонаки хати нисфирӯзиро аз хати мувозӣ то нуқтаи шаҳри Душанбе муайян мекунем.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Он ба 80 баробар аст. Сипас 80-ро ба 300 ҷамъ мекунем, ки ҳосили он ба 380 баробар мешавад. Он арзи географии Душанберо нишон медиҳад.

2.Тӯли географӣ. Тӯли географӣ яке аз нишондиҳандаҳои координатҳои географӣ мебошад. Он мавқеи ин ва ё он нуқтаро дар сатҳи Замин нисбат ба хати нисфирӯзии асосӣ ё ибтидоӣ (меридиани асосӣ) муайян мекунад. Аз ин ҷо масофаи кунҷии ин ва ё он нуқтаро дар сатҳи Замин аз хати нисфирӯзии асосӣ, ки бо дараҷа ифода меёбад, тӯли географӣ меноманд (расми 23).

23.Тӯли  географӣ
23.Тӯли  географӣ

Хати нисфирӯзии асосӣ аз болои расадхонаи Гринвич, ки дар наздикии шаҳри Лондон воқеъ гардидааст, мегузарад. Мувофиқи шартномаи байналхалқӣ онро хамчун хати нисфирӯзии асосӣ (меридиани асосӣ) ё ибтидоӣ қабул кардаанд. Хати нисфирӯзии ибтидоӣ кураи Заминро ба ду қисми баробар ҷудо мекунад: Нимкураи шарқӣ ва Нимкураи ғарбӣ. Тамоми нуқтаҳое, ки дар тарафи шарқи хати нисфирӯзӣ ё ибтидоӣ дар Нимкураи шарқӣ воқеъ гардидаанд,- тӯли шарқӣ (мухтасар т.ш.). тамоми нуқтаҳое, ки дар тарафи ғарбӣ хати нисфирӯзӣ ё ибтидоӣ дар Нимкураи ғарбӣ ҷойгир шудаанд,тӯли ғарбӣ ном доранд. Аз рӯйи ин дараҷаҳо тӯлӣ географии ҳар як нуқтаро дар сатҳи Замин муайян мекунанд. Ҳисоб кардани тӯл ҳам монанди ҳисоб кардани арз мебошад. Фарқ дар он аст, ки ҳисобкунии дараҷаи арз аз тарафи хати истиво, ҳисобкунии дараҷаи тӯл аз хати нисфирӯзӣ ё ибтидоӣ (ба самти шарқ ва ғарб) ибтидо меёбад.

Масалан, шаҳри Душанбе аз хати нисфирӯзии ибтидоӣ дар байни меридианҳои 600 ва 700 ба тарафи шарқ ҷойгир шудааст. Барои ёфтани тӯли он мо аввал меридиани 60-ро ёфта, баъд масофаи дараҷаи байни ин хати нисфирӯзӣ ва Душанберо ҳисоб мекунем. Дар натиҷа муайян мегардад, ки шаҳри Душанбе дар 680 тӯли шарқӣ воқеъ гардидааст (Бо ҳамин услуб дар глобус тӯли Теҳронро муайян кунед).

Ҳамин тавр, ҳар як нуқта дар сатҳи Замин дорои арз ва тӯл мебошад, ки координатҳои географии онро ташкил мекунад.


Муайян кардани координати нуктаи даркори дар глобус ва харитаи географи, Арзи географи, Тули географи, арзу тул дар география, арзу тул чист?

ҚаблӣШабакаи дараҷадор (шабакаи градусӣ) ва унсурҳои он
БаъдӣТасвири баландиҳо ва чуқуриҳои сатҳи замин дар харитаҳои табиӣ