Мубодилаи моддаҳо ва табдили энергия (дар рустаниҳо)

Мубодилаи моддахо ва табдили энергия (дар рустанихо / растани).


Агар рустаниҳо аз муҳити беруна моддаҳои барои онҳо заруриро мунтазам қабул накунанд зиндагӣ карда наметавонанд. Организме, ки ғизо намегирад, нафас намекашад оқибат нобуд мешавад. Дар навбати худ, дар раванди фаъолияти ҳаётиаш рустанӣ баъзе моддаҳоро ба муҳити беруна хориҷ мекунад: оксигенро дар натиҷаи фотосинтез; гази карбонатро дар вақти нафаскашӣ; оби барзиёдро дар шакли буғ ва қатра тавассути баргаш; реша ба хок баъзе кислотаҳои органикиро хориҷ мекунад ва ғайраҳо. Ин маънои онро дорад, ки дар байни организми зинда ва муҳити беруна ҳамеша мубодилаи моддаҳо (55) идома дорад.

Дар ҳар як ҳуҷайраи зинда доимо аз моддаҳои нисбатан сода моддаҳои мураккаб ҳосил мешаванд. Масалан, дар вақти фотосинтез дар ҳуҷайраҳои сабзи барг аз об ва гази карбонат қанд ҳосил мешавад. Сипас, аз қанд метавонад оҳар, селлюлоза ва дигар моддаҳо ҳосил шаванд. Дар ҳуҷайраҳои реша намакҳои маъданӣ бо дигар моддаҳо пайваст мешаванд. Дар баробари ҳосил шудани моддаҳои гуногун ҳатман равандҳои мутақобила низ мегузаранд: вайроншавӣ ва таҷзияи моддаҳои мураккаб то моддаҳои сода (масалан, дар вақти нафаскашӣ қанд то гази карбонату об таҷзия мешавад).

Қисме аз ин моддаҳои сода агар ба берун хориҷ гарданд, қисми дигарашон ҳамчун мавод барои ҳосил шудани моддаҳои нав дар дохили организмҳо сарф мешаванд.

Ҳамин тавр, табдилёбии доимии моддаҳо дар ҳуҷайраҳои зинда, фурӯбарӣ, ҳосилкунӣ, вайроншавӣ ва хориҷшавии ин моддаҳо мубодилаи моддаҳо номида мешавад. Ин аломати асосии ҳаёт дар рӯйи Замин аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Қайд кардан лозим аст, ки ҳосилшавии моддаҳои мураккаб аз моддаҳои сода сарфи энергияро (неруро) талаб мекунад. Дар вақти фотосинтез энергияи нури офтоб истифода бурда мешавад ва он дар намуди моддаҳои мураккаби ҳосилшуда (қанд, равған, сафеда) нигоҳ дошта (97) мешавад.

Расми 97. Ҳаракат кардани моддаҳо дар рустанӣ, лӯндаҳо ва решамеваҳо. Захира шудани моддаҳои органикӣ (нақша)
Расми 97. Ҳаракат кардани моддаҳо дар рустанӣ, лӯндаҳо ва решамеваҳо. Захира шудани моддаҳои органикӣ (нақша)

Дар вақти таҷзияшавии моддаҳои мураккаб то моддаҳои сода энергия хориҷ мешавад. Агар тухм ё гул бошиддат нафас кашад, энергия дар шакли гармӣ хориҷ мешавад гармшавии тухмро ба хотир оред. Хусусан ин ҳолат ҳангоми сӯхтани маводди пайдоишашон рустанигӣ – ҳезум, ангиштсанг, торф баръало зоҳир мешавад. Энергияи дар онҳо маҳфузбуда

дар шакли гармӣ хориҷ мешавад. Лекин қисми зиёди энергияи дар раванди нафаскашӣ хориҷ- шуда он барои ҳосил шудани бисёр моддаҳои ба рустанӣ зарур (55) сарф мешавад.

Ҳамин тариқ, мубодилаи моддаҳо ҳамеша ба мубодилаи энергия – фурӯбарӣ ё хориҷ кардани он зич алоқаманд аст. Манбаи асосии энергия барои рустаниҳо – фотосинтез ва нафаскашӣ ба ҳисоб меравад.


  1. Шумо мубодилаи моддаҳоро чӣ тавр мефаҳмед?
  2. Тавассути кадом равандҳо мубодилаи моддаҳо сурат мегирад?
  3. Оё организмҳои зинда бе мубодилаи моддаҳо зиндагӣ карда метавонанд?
  4. Мубодилаи моддаҳоро дар рустаниҳо бо мисолҳо шарҳ диҳед.
  5. Дар мубодилаи моддаҳо мубодилаи энергия чӣ тавр сурат мегирад?
ҚаблӣТаъсири сигоркашӣ ба узвҳои нафас
БаъдӣАлоқаи мутақобилаи узвҳои рустанӣ