Муборизаи мардуми Индонезия барои озоди истиқлолият дар асрҳои XX

Муборизаи мардуми Индонезия барои озоди истиклолият дар асрхои 20, Муборизаи мардуми Индонезия барои озоди истиқлолият дар асрҳои XX


Воридшавии Индонезия ба даври муосир

Воридшавии Индонезия ба даври муосир. Мамлакатҳои империалистӣ ба Индонезия ҳамчун ба манбаи ашёи холи кишоварзӣ, бозори фурӯши молҳои саноатӣ, нерӯи арзони корӣ ва ҷои муносиб маблағгузорӣ назар мекарданд. Аз ҳамин сабаб иқтисоди Индонезия ятарафа пеш мерафт.

Ин мамлакат на саноати сабук дошт ва на саноати вазнин. Баъд аз ҷанги якуми ҷаҳонӣ империализми Ҳоландия ҳокимияти худро дар Индонезия базӯр нигоҳ медошт.

Дар истисмори халқи Индонезия ИМА ва ҷопон торафт фаъолонатар ширкат меварзиданд. Ин вақат талабот ба маҳсулоти Индонезия, аз он ҷумла қалъагӣ, каучук, қанд, тамоку, чой ва қахва афзуд. Соли 1937 дар Индонезия ҷамъи маблағгузории мамлакатҳои сармоядорӣ зиёда аз 2 милиарду 264 милион долларро ташкил намуд, ки қариб нисфи он аз Ҳоландия буд.

Коркарди аввалияи ашёи хоми Индонезия асосан ба сармоядорони давлати соҳиби мустамлика таалуқ дошт. Танҳо баъзе намудҳои саноати анъавӣ аз он ҷумла корхонаҳои хурди истеҳсоли газворҳои гуногуни миллӣ батика ба соҳибкорони индонезия талуқ дошту халос.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар Ява қариб 60 фоизи аҳолии индонезия зиндагӣ мекард.

Бинобар ин дар ин ҷазира сол то сол нарасидани замини кишт ҳис карда мешуд. Қисми зиёди кишоварзонро иҷоракорон ва батракҳо ташкил мекарданд. Андозҳои вазнин ва коркардадиҳӣ (баршина) онҳоеро бештар қашоқ мекарданд ки ҳанӯз ҳам қитъаҳои хурди заминро аз даст доданӣ набуданд. Чунин ҳолат кишоварзонро ба ҳаракати фаъоли иҷтимоӣ водор мекард. Соли 1913 кишоварзони деҳаи Чимарами Яваи Ғарбӣ аз пардохти андоз рӯй тофтанд. Соли 1920 шӯришчиён дар деҳаи Гноли Толми Сулавесии Марказӣ мансабдорони маҳалли ҳоландиро ба қатл расонданд. Маъмурияти мустамликавӣ ширкатчиёни баромадҳои халқи маҳалиро тавассути слоҳ пахш мекард.

Сиёсати ҳукумати Ҳоландия дар Индонезия, Ҳукуматдорони ҳоландӣ ба созмонҳои индонезиявӣ ҳушёрона назорат бурда, баъзе фаъолтарин шахсиятҳои ин мустамликаи худро бадарға мекарданд.

Дар баробари ин мустамликадорон ҳаракат менамуданд, ки фъёну ашрофи маҳаллиро ба тарафи худ кашанд. Ҳанӯз соли 1918 онҳо шӯрои халқӣ парламенти ҳаҷвиро таъсис доданд. Як қисми вакилони факсраадро генерал губернатори индонезия ва қисми дигари онро намояндагони ваколатдори интихобкунандагон аз ҳисоби «шӯроҳо»-и музофотҳо интихоб мекарданд.

Мақоми «парламент» (факсраад) танҳо маслиҳатӣ буд. Аз ин рӯ аз тарафи ҳукумат иҷро кардани қарорҳои он шарт набуд. Дар факсараад аксариятро ҳоландиҳо ташкил мекарданд. Вале баъд мустамликадорони ҳоландӣ маҷбур шуданд, ки ба ҳайати вакилони «парламент» намояндагони ашрофони Индонезияро ҳам дохил намоянд.

Генерал- губернатор ваъда дод, ки минбаъд иттиҳодияҳои милатгарои индонезияро таъқиб намекунад.

Ҳоландиҳо баъд аз ҷанги якуми ҷахонӣ ҳам ҳиллаю найрангро барои индонезия дароз кардани умри мустамликадории худ давом медоданд. Масалан, дар яке аз моддаҳои Конститутсия (дар санадҳои расмӣ ҳоландиҳо Индонезияро ҳамин тавр меномиданд) қисми баробарҳуқуқи империя номида шуда буд, ки ин дуруғи маҳз аст.

Нерухои озодихохии миллии Индонезия

Нерӯҳои озодихоҳии миллии Индонезия. Баъд аз анҷом ёфтани ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар индонезия харакати миллию озодихоҳӣ ба марҳилаи нав қадам ниҳод. Бо роҳи зӯрӣ фурӯ нишондани ин ҳаракат барои мустамликадорони Ҳоландия оқибатҳои нохуш дошт. Бинобар ин ба ҳоландия лозим омад, ки дар ин мустамлика усули идоракунии худро камее тағйир бидиҳад. Дар натиҷаи ин дар Индонезия созмонҳои касбию сиёсии истиқлолиятхоҳ таъсис ёфтанд, созмонҳои қабили миллию динӣ фаъолияти худро аз нави дома доданд. Соли 1919 аз тарафи коргарон маркази муштараки иттифоқҳои касаба ташкил карда шуд, ки асоси инро иттифоқҳои касабаи нақлиётчиён ташкил медоданд.

Фаъолияти иттифоқҳои миллӣ ҳам рӯ ба густариш ниҳод. Соли 1917 созмони кӯҳнатарини маданию маърифатии мамлакат «Буди Утамо» («Мақсади олӣ») бо барномаи сиёсии худ баромад кард. Дар он аз ҷумла гуфта мешуд, ки бояд ҳуқуқҳои европавиён ва индонезиявиҳо баробар карда шаванд.

Ба ташкилёбии созмонҳои калони миллии Индонезия мусулмон будани аксарияти аҳолӣ (дар Индонезия кариб 90 фоизи аҳолӣ мусулмон буд) ёрии калон мерасонд. Як навъи иттиҳоди нерӯҳои зидиимпериалистии мардуми динӣ созмони Саракати Ислом (Иттифоқи Ислом) буд, ки то 2 миллион нафар мусулмонони Индонезияро мутаҳид мекард. Саракати Ислом барои бар зидди мустамликадории ҳоландӣ мутаҳид кардани халқи индонезия омили муҳим буд.

Соли 1923 як гурӯҳи калон аз Саракати Ислом ҷудо шуда, созмони Саракати Ракат (Иттиҳоди халқ)-ро таъсис намуд. Ғайр аз ин неруҳо дар индонезия Ҳизби Комунистӣ ҳам фаъолият мекард.

Ин Ҳизб низ дар мавқеи истиқлолияти Индонезия меистод.

Солҳои 1926-1931 дар Индонезия асосан ду ҳизби сиёсӣ фаъолият мекард Ҳизби Комунистӣ Ҳизби халқӣ соли 1931 ба Ҳизби ӣндонезия Партиндо табдил дода шуд. Дар авали ҳамон сол Ҳизби Ягонагии Халқи Индонезия ҳам таъсис ёфт. Дар солҳои 30-юм яке аз ҳизбҳои калонтарин Ҳизби Халқӣ буд. Он зиёда аз 20-ҳазор аъзо дошт. Аз соли 1933 сар карда ба ин ҳизб Сукарнаи аз ҳабс баромада роҳбарӣ мекард.

Шуриши солхои 1926-1927

Шуриши солхои 1926-1927. Дар Индонезия баъд аз ҷанги якуми ҷаҳонӣ муборизаи миллию озодихоҳӣ оғоз ёфт.

Он дар баъзе маҳалаҳо ба шӯриши мусалаҳона мубаддал гардид. Яке аз ин шӯришҳо соли 1926 дар шаҳри Цакаратаи Ява ба амал омад.

Шуришгарон стансияи телефонии пойтахтро ишғол карданд. Вале кӯшиши ишғоли стансияи роҳи оҳан ва маҳбас натиҷаи дилхоҳ надод. Дар Бантан, ки дар ғарбтари Ява воқех гардидааст, ҷанги ҳақиқии чиркӣ ба амал омад. Шӯриши ноҳияҳои атрофии шаҳри Бандунг ва Яваи Марказиро ҳам фаро гирифт. Мустамликадорон ин шӯришро бераҳмона пахш карда, баъд артишро аз Цараката ба навоҳии дигари шӯришбардошта бурданд. Дар ҷазираи Суматра ҳам шӯриш сар зад. Сипоҳи мустамликавии Ҳоландия ин шӯришро ҳам пахш кард.

Мустамликадорон зиёда аз 200 нафар шӯришчиёнро қатл карданд, қариб 4500 нафар ба маҳбасҳо партофтанд, 3 ҳазор нафари дигарро ба болооби дарёи Дигул, ки дар Ирианаи Ғарбӣ воқеъ аст, ба бадарға якумра ҳукм карданд. Баъзе роҳбарони шӯриш маҷбур шуданд, ки ба хориҷа фирор кунанд.

Шуришҳои солҳои 1926-1927 нишон доданд, ки мустамликадорони Ҳоландияро ба воҳима овардан мумкин аст ва дар Индонезия тартиботи мустамликавӣ ободӣ нест. Худи мустамликадорон ҳам хуб мефаҳмиданд, ки дар Индонезия мавқеи мустаҳкам надоранд. Аз ҳамин сабаб ба халқи маҳаллӣ гузаштҳои нав карданд.

Оқибатҳои бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ дар Индонезия. Буҳрони иқтисодӣ дар Индонезия аз соли 1929 то солҳои 1936-1937 давом карда, ба халқи ин мустамликаи Ҳоландия зарари зиёд овард. Соҳаи кишоварзии Индонезия муддати дурру дароз дар ҳолати бӯҳрон қарор дошт. Нарҳои ҷаҳонӣ ба каучук, доруворӣ, қалъагӣ, нафт ва қанд қадре поён рафта, боиси кам шудани истеҳсоли онҳо гадид. Арзиши содирот 50 фоиз поён рафта, қарзи хориҷӣ афзуд.

Буржуазияи Нидерландия кӯшиш мекард, ки аз бӯҳрони иқтисодӣ тавасути меҳнаткашони мустамликаҳо халос шавад. Ин аст, ки дар солҳои бӯҳрон дар ҳолати 2 баробар камшавии хароҷоти иҷтимоӣ андозҳо то 70-80 фоиз зиёд шуданд. Оилаҳое буданд, ки аз гуруснаги дар ҳолати марговар қарор доштанд. Ба ҳар сари аъзои чунин оилаҳо дар як рӯз ҳамагӣ 2-сенти рост меомад. Музди меҳнати коргарон 25-30 фоиз ва маоши хизматчиён ду баробар кам шуд. Шумораи бекорон танҳо дар корхонаҳои қандистеҳсолкунӣ ба 100 ҳазор нафар расид.

Индонезия дар арафи чанги дуюми чахони

Индонезия дар арафи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ. Солҳои 1935-1939 дар иқтисодиёти Индонезия баъзе тағйиротҳои мусбӣ ба амал омаданд. Қисми асосии маблағгузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва саноати коркарди аввалия равона карда шуд, нархи молҳои стратегӣ боло рафт. Соли 1939 ҳиссаи Индонезия дар истеҳсоли ҷаҳонии каучук 37 фоиз, қалъагӣ 17 фоиз ва нафт наздики 3 фоизро ташкил мекард. Қариб 80 фоизи каучуки Индонезия ба ИМА ва Англия содир карда мешуд. Дар тиҷорат ба Индонезия мақоми ҷопон афзуд. Аз ҳамин сабаб ҳукуматдорони ҳоландӣ барои содироти маҳсулоти аз Индонезия ба Ҷопон монеаҳо бунёд мекарданд.

Дар ҳолати наздикшавии ҷанги нави ҷаҳонӣ маъмурияти мустамликавӣ зӯровариро бар зидди ҳаракати миллию озодихоҳии халқи Индонезия пурзур мекард. Генерал-губернатор Де Ёнг, ки дастимондаи инҳисори нефти англисию ҳоландии «Шел» буд, эълон кард: «Ҳоландиҳо аллакай 300 сол Ҳиндустони Нидерландияро тавасути шамшеру калтак идора мекунанд ва мо дар ин ҷо боз сесад соли дигар ҳукумронӣ хоҳем кард».

Дар чунин шароит нерӯҳои сиёсии индонезия сафҳаи худро мустаҳкам мекарданд. Соли 1935 созмонҳои ислоҳотхоҳ дар Ҳизби Индонезияи Бузург (Паруандра) мутаҳид шуданд.

Вале аъзои ин ҳизб он қадар зиёд набуданд. Соли 1937 Ҳизби Гериндо, яъне Ҳаракати халқи индонезия таъсис ёфт. Ин ҳизб дар 37 бахши худ зиёда аз 10 ҳазор нафар аъзоро муттаҳид мекард. Вале азҳоби хурд ҳар кадом дар алоҳидагӣ ба мақсадҳои сиёсии умумилӣ расида натавонистанд.

Бо ҳамин сабаб, моҳи майи соли 1939 онҳо Иттиҳодияи Сиёсии Индонезия (ИСИ)-ро таъсис доданд. Ин созмон дар амал федератсияи ҳамаи ҳизбҳои асосии Индонезия буд. Ба он, аз он ҷумла Гериндо, саракати Ислом ва Гериндра ҳам дохил буданд.

Иттиҳоди сиёсии Индонезия ба маъмурияти мустамликавии Ҳоландия пешниҳод кард, ки дар Индонезия ислоҳоти демократӣ гузаронида шавад. Дар ин сурат тайёр аст, ки ба ҳамроҳии ҳукуматдории ҳоландӣ ҷиду ҷаҳди худро алайҳи таҷовузи зидди Индонезия, ки аз тарафи Ҷопон ба миён омадааст, равона кунад.

  • История стран Азии и Африки в новы время Ц.Б учебники, -м., Изд-во МГУ, 1991
  • Губер А-А.Лим Г.Ф Хайфсу АН. Новая история стран Азии и Африки: Наука.1982
ҚаблӣИстисмори мардуми Индонезия аз ҷониби ҳоландиҳо
БаъдӣИндонезия: руй ба суи истиклолият