Муносибат бо падару модар ва дигар аъзои оила

Муносибат бо падару модар ва дигар аъзои оила.

Эҳтироми падару модар ва дигар аъзои оила яке аз шартҳои муҳимми пойдории оила, таъмини оромию осудагӣ, муҳити солиму мусолиҳатомез ва фазои хушбинона дар оила мебошад. Аз ин рӯ арӯсу домод падару модари ҳамдигарро бояд дӯст доранд, маслиҳатҳои муфиди онҳоро сармашқи зиндагӣ ва рӯзгори хеш қарор диҳанд. Дар ин ҳолат метавон мутмаин буд, ки оила пойдору бобақо хоҳад шуд. Ҳурмати падару модар, падаркалону модаркалон ва дигар аъзои оила яке аз арзишҳои қадима ва беҳтарини оилаи тоҷикон буда, дорои ҷанбаи ахлоқию тарбиявӣ мебошад. Ҷавонон дар назди онҳо бо эҳтиром ҳарф зада, кӯшиш мекунанд, ки бо сухан ё амалу рафтори ноҷое хотири онҳоро озурда нагардонанд. Аз онҳо барои пешбурди зиндагии оила маслиҳату машварат пурсида, андешаи онҳоро, ки аз таҷрибаи рӯзгор баҳраваранд, баҳри рафъи мушкилоти оилавии худ истифода мебаранд. Баъзан барои эҳтироми онҳо аз манфиатҳои шахсии хеш гузашт мекунанд.

Аммо дар зиндагӣ гоҳо чунин ҳам мешавад, ки осмони софи бахти оилавиро абрҳои тираи хусумату моҷароҳо фаро мегирадва зиндагииширини тамоми аҳли оиларо талх мегардонанд. Сабаби ин моҷаро ва хусуматҳо, одатан, аз муносибатҳои арӯсу хушдоман оғоз меёбанд. Донишманди тоҷик Аҳмади Дониш дар рисолаи «Дар одоби никоҳ ва баёни хусумати модаршӯ» зиддияти хушдоману арӯсро чунин шарҳ медиҳад: «Модар муддаии ин аст, ки «фарзанд қитъаи гӯште заифу оҷиз буд, ки ба саъю таваҷҷуҳ ва тарбияти ман рушду камол ёфта ва басе айёми мутавотир, (пайиҳам) ва аъвоми мутаоқиб (солҳои пай дар пай) шабҳо ба рӯз ва рӯзҳо ба шаб овардаам ва дар тарбияташ хунҳо ошомидам ва барои талаб ва хавфи талафи ӯ басо ба кӯчаю бозор давида. Ҷазои ин эҳсон ҷуз ин нест, ки саранҷом фатқу ратқи (идоракунӣ) мақоми фарзанд ба дасти ихтиёри ман бошад ва ӯ бе савобдид ва маслиҳати ман набояд, ки даме об биёшомад».

Ва зан муддаии ин аст, ки «домани ин мард ба чанг овардаам ва худро ба забунӣ ва ходимӣ ба хидмати вай дода ва аз ҳама хешу ақрабо ҷудо гашта ва тарки ҳама гуфта ва савдою муомилаи умр ихтиёр намуда. Сазои ин тафвиз (супурдан) ва тамсил ғайр аз ин нест, ки калиди ҳаллу ақди абвоби дахлу харҷи мард дар қабзаи ихтиёри ман бувад. Ва чун ин ду даъвӣ ба ҳамдигар муориз (мухолиф) аст ва асли хусумат аз ин ҷост ва чун асл бишнохтӣ, бидон, ки фуруоти он ҳама савғо бошад».

Маълум аст, ки хусуру хушдоман ба хотири писарашон арӯсро ҳамчун фарзанд дӯст дошта, ӯро ҳамчун узви оилаи худ қабул мекунанд. Зиндагӣ пастиву баландиҳо дорад. Дар лаҳзаҳои душвори ҳаёт агар арӯс аз онҳо маслиҳат пурсад, самимияту хайрхоҳии онҳо боз ҳам бештар мегардад. Чунончи Ҳофизи Шерозӣ фармудааст:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Пирон сухан зи таҷриба гӯянд, гуфтамат,
Ҳон, эй писар, ки пир шавӣ, панд гӯш кун.

Opе, баъд аз сипарӣ гаштани муддати муайян арӯс ба адои корҳои рӯзгор шурӯъ мекунад. Агаp арӯс дар оилаашон аз падару модар тарбияи нек гирифта бошад, дар хонаи шавҳараш низ эҳтироми калонсолонро ба ҷо меорад, ҳамсари худро дӯст медорад ва иҷрои корҳои рӯзгор дар оилаи нав ба ӯ мушкилие пеш намеорад. Дар чунин оилаҳое, ки арӯс корҳои худро бо розигии хушдоман ва дигар калонсолони оила анҷом медиҳад, барои норозигию моҷароҳо асосе ҳам намемонад. Хусуру хушдоман муҳаббату эхтироми арӯсро нисбат ба худ эҳсос мекунанд, меҳри онҳо ҳам ба арӯс меафзояд. Дар масъалаи ҳурмату эҳтиром Фаридуддини Аттор гуфтааст:

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,
Тo азизи дигарон бошӣ ту низ.

Фарзандоне, ки дар асоси анъанаҳои неки миллӣ ва панди бузургон тарбия ёфтаанд, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтироми калонсолон, самимият ва қадрдонӣ ба камол мерасанд. Эҳтироми арӯс ба хусуру хушдоман ва муносибати шавҳар ба волидони ӯ риштаи дӯстии ҳар ду оиларо мустаҳкам карда, омили зиндагии хушбахтонаи ҷавонон мегардад.

Гоҳо аз муносибати носозгори арӯсу хушдоман низоъ ва моҷароҳо бармехезанд, ки сабаби нотинҷию малоли хотири тамоми аҳли оила мегардад. Чунин моҷароҳо дар натиҷаи якравии арӯс, беҳурматӣ ба хушдоман ва аъзои оила сар мезанад.

Модар ки то омадани арӯс кадбонуи хона буду ҳама кор бо маслиҳати ӯ анҷом меёфт, мебинад, ки арӯс дар хона ҳукмронӣ мекунаду аз вай маслиҳате намепурсад, озурдахотир шуда, ба ғазаб меояд ва норозигии худро бо кинояву ситеза ба арӯс изҳор мекунад. Агаp арӯс хатои худро фаҳмида, бо нармӣ узр хоҳад, ки бо ин амалаш фикри малол кардани хотири модарро надошт, шояд бо ҳамин низоъ аз байн бардошта шавад. Аммо агар арӯс дар рӯҳияи худхоҳию худбинӣ тарбия ёфта бошад, кӯшиш мекунад гапашро гузаронад. Бо ин рафтор оташи ғазаби хушдоман боз ҳам афзуда, дар оила фазои ноором ба вуҷуд меояд. Арӯси беандеша мустақилияти худро намоиш дода, бе маслиҳати хушдоман меҳмон даъват кунад, ба меҳмонӣ равад, норозигии хушдоман аз арӯс меафзояд. Аз амалҳои нодурусти арӯс ба писараш шикоят мекунад. Ҳамин тариқ, алангаи оташи хусумати арӯсу хушдоман баланд мешавад.

Аз зиддияти арӯсу хушдоман бештар шавҳар азият мекашад, чунки вай дар байни ду оташ мемонад: аз як тараф, модар, ки намехоҳад дили ӯро ранҷонад, аз дигар тараф ҳамсараш, ки ӯ ҳам барояш азиз аст. Оқибати ин моҷароҳо ба он оварда мерасонад, ки писар ё ба хотири модар аз ҳамсар ва ё ба хотири ҳамсар аз волидон ҷудо мешавад.

Саволҳо

  1. Дар мочарохое, ки байни арусу хушдоман сар мезананд, аксаран киро айбдор медонед?
  2. Аpуc бо хушдоман чи тавр бояд рафтор кунад, ки оромии оила пойдор бошад?
  3. Зан ба шавхар шарт мегузорад, ки хамрохи хусуру хушдоман зиндаги кардан намехохад ва падару модар намехоханд, ки писарашон аз онхо чудо зиндаги кунад. Ба фикри шумо ин мочароро чи гуна бояд хал кард?
ҚаблӣМуносибати зану шавҳари ҷавон
БаъдӣТарбияи оилаҳои ҷавон дар рӯҳияи меҳмондорӣ ва меҳмоннавозӣ