Муносибати зану шавҳари ҷавон

Муносибати зану шавхари чавон.

Вақте ки ду ҷавон оила барпо мекунанд, хуб мешавад агар онҳо дар асоси муҳаббати тарафайн якдигарро интихоб карда бошанд. Дар ин ҳолат онҳо барои дарки ҳамсари худ вақту қувваву иродаи худро сарф намекунанд. Дар ҳолати баръакс, яъне агар ду навҷавон дар асоси пешниҳоди волидон оила барпо намоянд, он гоҳ маҷбур мешаванд, ки шахсияти якдигарро дуру дароз биомӯзанд. Онҳо бояд донанд, ки шахсияти ҳар як инсон аз хислатҳои мусбат ва манфӣ иборат аст. Одам бе камбудӣ намешавад. Ҳар як инсон камбудие дорад, вале на ҳар кас хислатҳои манфии худро медонад. Бинобар ин ҷавонон дар лаҳзаи ошкор намудани камбудии ҳамсари худ бояд донанд, ки ин хислат ислоҳшаванда аст. Шахс хислати манфии худро дониста, иродаи хешро муқобил гузошта, метавонад камбудии худро бартараф созад.

Дар рафти оиладорӣ ҷавонон камбудии якдигарро дида, набояд ба якдигар сухани дурушт гӯянд, балки баъзан гузаштҳо намоянд. Масалан, мард хӯроки сернамаки занашро хӯрда истода, боз таъриф намояд, ки «Азизам, чӣ хел хӯрокҳои бомаза мепазӣ!». Чунинсухани хуш ба занаш таъсир расонида, ӯро маҷбур менамояд, ки таъми хӯроки пухтаашро бичашаду аз камбудиаш огоҳ шавад ва дар оянда бо тамоми маҳорат хӯрок пазаду шавҳарашро хурсанд кунад.

Дар ҳолати баръакс, яъне агар шавҳар камбудии занашро дида, суханҳои сахт гӯяд, муносибаташон вайрон шуда, зан дар оянда наметавонад ва ҳатто намехоҳад, ки хубтару беҳтар рафтор ё амал намояд. Тадқиқоти равоншиносон исбот намудаанд, ки таъсири сухани «ширин» хубтар ва нишонрас мебошад. Барои гуфтани хислати манфии ҳамсар мебояд дар танҳоӣ аввал се-чор хислати мусбати ӯро номбар карда, баъд хислати манфиашро бигӯед. Масалан, «Азизам, ниҳоят қади зебо, рафтори хуб дорӣ ва зани хушрӯ ҳастӣ, вале як камбудии ночизе дорӣ, ки каме хӯрокҳои мепухтагиат сернамаканд». Аз чунин тарзи баёни камбудӣ ҳамсар намеранҷад. Ҳатто баръакс, ҳимматбаландии ҳамсарашро дида, кӯшиш менамояд, ки минбаъд мувофиқи табъи ҳамсараш хӯрок пазад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Шарти асосии хушбахтии оила ишқу муҳаббат ва эҳтироми байниҳамдигарии зану шавҳар мебошад ва хеле муҳим аст, ки ин муҳаббат дар ҷараёни зиндагӣ бо рафтори нек, якдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва хайрхоҳӣ таҳким бахшида шавад. Аз ин рӯ ба навхонадорон зарур аст, ки дар интихоби ҳамсар ботаҳаммул бошанд. Оиларо дар заминаи ишқу муҳаббати тарафайн, бошуурона ва огоҳона ташкил кунанд.

Бақои умр ва зиндагии оилаи навташкил, хушу хурсандии волидон ва хушбахтии наварӯсон ба бисёр омилҳои объективӣ ва субъективӣ вобаста аст. Оё наварӯсон соҳибихтиёрона, аз рӯйи меҳри поку беғаш ба висоли ҳамдигар расидаанд? Оё волидони онҳо аз тӯй розӣ ва тарафдори аҳду паймони наварӯсонбуданд? Оё дар рафти тӯй ва издивоҷ касе норозӣ ва ба чизе даъвогар намондааст?

Агаp ҳангоми бастани ақди никоҳ ҳамаи ин омилҳо риоя шуда, ҷиҳатҳои психологию маънавӣ ва ҷисмонӣ табъи дил бошанд, бешубҳа, зиндагиашон хушу хуррам ва рӯзгорашон гуворо мегузарад. Онҳо як умр барои ҳамдигар маҳбубу писандида, содиқ, якдилу якмаром мемонанд. Kаcе меҳри онҳоро коста ва садоқату тинати покашонро шикаста наметавонад.

Вале зиндагӣ қоидаву қонун ва талхию шириниҳои худро дорад. Агаp андаке фориғболиву бепарвоӣ зоҳир гардад, ба сари одам моҷароҳои зиёде омаданаш мумкин аст. Бинобар ин волидон бояд чун маслиҳатгар ва омӯзгори писандида ба фарзандон садоқати пок, хоксорию бурдборӣ (сабр), одамдӯстиву ростқавлиро талқин карда, онҳоро ба эҳтироми тарафайн, ҳурмат ва посдории хешовандони арӯсу домод ва риоя кардани анъанаҳои миллии оиладорӣ – шарму ҳаё, иффату покдоманӣ даъват намоянд. Касе, ки ин анъанаҳои аҷдодиро риоя мекунад, бегумон, як умр ҳаёти хушбахтона ба сар бурда, шахси азизу писандидаи халқ мегардад.

Инак, якчанд маслиҳатро пешкаши ҷавонон менамоем, ки дар ҳолати амалӣ гардидани онҳо дар муносибатҳои занушавҳарии онҳо самимият, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳр меафзояд ва ҳаёти оилавиашон пурсаодату беғубор мегардад.

Дар китоби «Ҳазор ҳадис» чунин омадааст: «Чун зан ва мард бо якдигар бо чашми меҳру муҳаббат назар кунанд, Парвардигор ба сӯйи онҳо ба назари раҳмат нигоҳ мекунад ва байнашон улфат пайдо гашта, ҷамъи гуноҳони эшон аз миёни ангуштон бирезад. Яъне ҳамсарон бо якдигар дар зиндагӣ он қадар наздику марбут (вобаста) бошанд, ки байни онҳо барои шахси савум ҷой набошад. Агаp дар миёни зану мард чунин муҳаббат пойдор бошад, фарзанде, ки аз онҳо ба дунё меояд, соҳиби ҳусну одоби ҳамида мегардад».

Шарти дигари нигоҳ доштани муносибатҳои неки байни зану шавҳар даст кашидан аз усулҳои фармонфармоӣ дар оила мебошад. Маълум аст, ки ҳар узви оила, зан ё фарзандон дар ин ё он масъала ақидаи худро доранд ва фикри онҳоро ба инобат нагирифтану ҳама вақт ҳукми худро гузаронидан вайрон кардани одоби оилавӣ мебошад. Мард, ки сарвари оила дониста мешавад, дар ҳолати мухталиф будани ақидаҳои аҳли оила бояд бо маслиҳат роҳи беҳтарини ҳалли масъаларо ёбад. Дар ин ҳолатҳо обрӯйи сарвари оила коста намегардад, балки эҳтироми аҳли оила нисбат ба ӯ зиёд мегардад.

Агар сарвари оила бо дуғу пӯписа гапи худашро гузаронад ва аҳли оиларо бо ҳукми раднопазир кор фармояд, дар байни вай ва аҳли оила дилхунукӣ пайдо мешавад. Дар ин вазъият ҳурмат аз байн меравад. Нисбат ба сарвари оила тарс пайдо мешавад. Таpc омили аз ҳамдигар дур гаштани одамони наздик мебошад. Дар чунин оила зану фарзандон бечунучаро амри сарвари оиларо иҷро менамоянд, фармонбардоранд, аммо дар байни онҳо самимият, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳрубонию дилсӯзӣ вуҷуд надорад. Таҳқири доимии аъзои оила ба ҷудоӣ меорад. Зан аз чунин шавҳар ва фарзандон аз чунин падар дурӣ меҷӯянд, азоби рӯҳӣ мекашанд.

Ин гуна рафтор ба одобу ахлоқи фарзандон таъсири бад мерасонад. Аз хона гурезону хонабезор мешаванд. Баъд аз мустақил шудан фарзандон кӯшиш мекунанд зудтар алоҳида зиндагӣ кунанд. Ба аёдати падару модар аҳён-аҳён меоянд, риштаҳои меҳру вафо канда мешавад. Баъзан падару модарон шикоят мекунанд, ки фарзандонашон ба аёдаташон кам меоянд, бехабар аз он ки дар тарбияи фарзанд худашон гунаҳкоранд. Ба ин муносибат Носири Хусрав гуфтааст:

Ба нармӣ гар сухан ронӣ, ҳамерон,
Ки аз тезӣ ба ранҷ ояд дилу ҷон.

Ҷавонон баъд аз ақди никоҳ, ки зану шавҳар мешаванд, дар зиндагии оилавӣ бояд яктану якдил, яъне дар ғаму хурсандии ҳамдигар шарику ғамхор бошанд; муносибатҳои онҳо дар асоси боварии комил ба ҳамдигар бунёд гарданд ва аз ҳамдигар рози пинҳоне надошта бошанд. Агаp марду зани ҷавон розеро аз ҳамдигар пинҳон доранду он роз ба воситаи каси дигар ба гӯши онҳо расад, боварӣ ба ҳамдигар аз байн меравад ва сабаби бад гаштани муносибатҳои заношӯйӣ мегардад, ки барқарор намудани он ранҷу заҳмати зиёдеро талаб мекунад.

Панди Хусрави Деҳлавӣ дар ин ҷо бисёр бамаврид аст, ки гуфтааст:

Ба ростӣ маъруф шав, агар вақте
Дурӯғе аз ту равад, ҷумла рост хонандаш.
На дар дурӯғзанӣ шуҳра шав, ки дар ҳама ҷо
Агаpчи рост бигӯӣ, дурӯғ донандаш.

Равоншиноси маъруфи итолиёӣ Пол Турине дар ин бобат чунин мегӯяд: «…Ҳамсарон набояд сирру асрореро аз ҳамдигар пинҳон доранд, ки оқибати он зиндагонии заношӯйии худро ба мухотира (хатар) андохтан аст.

Пинҳон сохтани корҳо, ҳатто агар бо беҳтарин ният анҷом гирад, бадтарин самаротро дар бар дорад».

Аз ин хотир дар муносибати заношӯйӣ ростию ростқавлӣ бояд пешаи амал интихоб шавад. Ба ин муносибат донишманди тиб Закариёи Розӣ дар китоби «Тибби рӯҳонӣ» гуфтааст: «Аммо одами оқил худро ба чизе, ки оқибати он хавф дорад, чаро гирифтор кунад. Бинобар ин одами оқил ҳамеша чи дар сухан ва чи дар ирода ҳақгӯю ҳақпараст бошад».

Чизи дигаре, ки ба муносибати неки заношӯйӣ рахна мезанад ва оқибат метавонад ба ҷудоӣ анҷом ёбад, рашк аст. Унсурулмаолии Кайковус дар «Насиҳатнома» дар бораи рашк навиштааст:

«Ва бикӯш, то вайро ғайрат (рашк) нанамоӣ ва агар рашк хоҳӣ намудан, зан нахоҳӣ беҳтар бошад, ки занонро рашк намудан ба ситам то порсоӣ омӯхтан бошад ва бидон, ки занони бадрашк мардонро бисёр ҳалок кунанд ва низ тани худро ба камтарин касе диҳанд, аз рашк ваҳмият ва бок надоранд. Аммо чун занро рашк нанамоӣ ва бо вай дукиса набошӣ… вайро неку дорӣ, аз модару падару фарзанд бар ту мушфиқтар бошад ва хештанро аз вай дӯсттар касе мадон ва агар рашк намоӣ, аз ҳазор душман душмантар бувад ва аз душмани бегона ҳазар тавон кард ва аз вай натавон…».

Моҷароҳои беасоси шавҳар ё зани бадрашк қадру қимати инсониро паст мезанад. Аз рашк мард ё зан бо дӯстон, ҳамкорон ва ҳатто хешу табори худ гоҳо метарсанд, ки суҳбат кунанд ё ба ҷое меҳмонӣ раванд. Моҷароҳои доимӣ оқибат ба вайронии оила мерасонад.

Чунонки Фахриддини Гургонӣ гуфтааст:

Набошад ҳеҷ занро рашк бар шӯй,
Ки шӯйи рашкбар бошад балоҷӯй.

Мард ё зан хоҳанд, ки оилаи худро ба вайронӣ набаранд, бояд ҳиссиёташонро идора карда тавонанд ва аз рӯзҳои аввал рашкро аз дил дур карда, ба ҳамдигар эътиқод пайдо намоянд.

Омили муҳимме, ки барои мустаҳкамии оила

ва пойдории муносибатҳои дӯстонаи зану шавҳар зарур аст, ин меҳрубонӣ ва таваҷҷуҳ зоҳир кардан нисбат ба якдигар мебошад. Агаp зану шавҳари ҷавон нисбат ба кору бор, саломатӣ ва авзои рӯҳии ҳамдигар бепарво бошанд, ин боиси кандашавӣ ва суст шудани муносибатҳои дӯстона ва муҳаббату садоқати онҳо мегардад.

Вакте ки зану шавҳар ба ғаму андуҳ, ноомадҳои кору зиндагӣ ва хурсандии ҳамдигар шариканд, ин шаҳодати устувории меҳру муҳаббати онҳост. Ва замоне зану шавҳар мебинанд, ки мавриди муҳаббату таваҷҷуҳи ҳамдигаранд, риштаю пайвандҳои ишқу муҳаббат ва дӯстии онҳо боз ҳам мустаҳкам мегардад.

Олими итолиёӣ Пол Турине дар ин бобат мегӯяд: «Касе, ки муҳаббат дорад, дигаронро мефаҳмад ва касе, ки мефаҳмад, нисбат ба дигарон муҳаббат дорад. Оне, ки муҳаббати дигаронро нисбат ба худ эҳсос мекунад, мутмаин эҳсос хоҳад кард, ки миёни ӯ ва дигарон тафоҳум (ҳамдигарфаҳмӣ) вуҷуд дорад».

Фаридуддини Аттор низ ба ҳамин масъала ишора намуда гуфтааст:

Гаp туро ҳар кас, ки ёри ғам бувад,
Рӯзи шодӣ ҳам бипурсаш, зинҳор!

Дар зиндагӣ ҳолатҳое рух медиҳанд, ки инсонро болида ва ё рӯҳафтода мегардонанд. Дар эҷоди муносибати сазовор бо аъзои оила, таъмини фазои орому осуда ва баланд гузоштани ҳурмату эҳтиром нақши асосиро падару модар ва зану шавҳар мебозанд. Муносибат ва рафтори наку беҳтарин роҳ барои хушбахтӣ, эҳтироми волидону зану шавҳар, бартараф намудани муноқишаю моҷароҳои оилавӣ аст.

Бо меҳру муҳаббати хосса арҷ ниҳодан ба хирад

ва кирдорҳои шоистаю накуи ҳар аъзои оила падидаи хуб аст. Масалан, олим Хун Тсзичен сабаби асосии ҳаёти солимро дар хирад ва хирадмандӣ медонад: «Хирадмандон ба ҳама дилписанданд. Инсони бохирад муноқишаро боақлона рафъ месозад. Донишмандон ҳавобаланд намешаванд. Ин гуна инсонҳо монанди асаланд, ки дар хӯрок меъёри кифоя доранд».

Вале, мутаассифона, дар бархе аз оилаҳо нофаҳмӣ, беҳурматӣ, нофармонии зан ё шавҳар ба насиҳату суханони пандомези волидон мушоҳида мегардад.

Дар рӯзҳои аввали зиндагии навхонадорон ба ҳар узви оила ҳиссиёти нави меҳрубонӣ, ғамхорӣ, шавқ, ҳисси кунҷковӣ ва майли дӯстдорӣ ба якдигар пайдо мешавад. Ин ҳиссиёт хуб аст, вале агар бо низоъ омехта гардад, он ба якдигарнофаҳмӣ, норозигии рӯйирост, эродҳо ва пичингҳо табдил меёбад. Чунки ҳар шахс бояд як муддати муайяни ба ҳам мутобиқшавиро паси сар кунад. Ин аз масъулият, хоҳиш ва маҳорати ҳал кардани ҳолатҳои низоъ ва кӯшиши ҳамдигарфаҳмӣ вобаста мебошад.

 Дар бисёр ҳолат занон сабабгори ба вуҷуд омадани муноқишаҳо мегарданд. Зеро дар баробари пайдо шудани баҳси зану шавҳар садои худро ба шавҳар боло мекунанд, ки ин усули муносибат, махсусан барои мардони тоҷик, писанд нест. Зеро дар хонадони тоҷик падарсолорӣ ҳукмрон аст. Аз ин рӯ аз ҷониби занон зоҳир гаштани беҳурматӣ нисбат ба мард дар ҳар маврид маҳкум карда мешавад.

Муносибати самимонаю эҳтиромона ва мусолиҳатомезу хушбинонаи зану шавҳар ва бо ризогии ҳамдигар кору амалеро анҷом додан асоси хушбахтии хонадон ва тарбияи хуби фарзандон аст.

Саволҳо

  1. Кадом сифатхои хамсолони худро бештар кадр мекунед?
  2. Кадом муносибатхоро дар муомилаи зану шавхар зарур медонед?
  3. Зери ибораи «Оилаи хушбахт» чиро мефахмед?
  4. Падарсолори чи маъни дорад?
ҚаблӣМаърифати рӯзгордорӣ ва нигоҳдории манзил
БаъдӣМуносибат бо падару модар ва дигар аъзои оила