Омӯзиши забони англисӣ — Муроҷиат ба шахси ношинос

Мавод дар заминаи барномаи «Забондон» омода шудааст.


  • Дар забони англисӣ барои муроҷиат намудан бештар аз калимаҳои Sir ва Miss истифода мебаранд.

Ба анъанаи истифода бурдани калимаи Sir  танҳо муроҷиат намудан ба марди калонсол, унвондор, вазифадор   ё аз ҷиҳати иҷтимоӣ мавқеъ дошта истифода карда мешавад.

Ҳамин тавр хонандагон метавонанд, ба муаллим муроҷиат кунанд, аскарон ба офисерон, фурӯшандагон ба харидорон, хизматгорон, пешхизматон ва ғайра. Аммо чун қоида ба ҷинси зан ин тарзи муроҷиат истифода бурда намешавад.

Miss – ба қадри имкон муроҷиат ба духтар, ҷавонзан мебошад, ки бо калимаи Miss харидорон ба фурӯшанда зан, муштариёни қаҳвахона ва тарабхона ба пешхизматзан муроҷиат мекунанд.


  • Дар муносибат ба чавонон чунин шакли муроҷиат истифода бурда мешавад:
Ҷавонмард!
Ҷавон!
Ҷавон! (йигит (гуфтугӯӣ)
Бача! (кӯдак (гуфтугӯӣ)
Духтар!
Young man!
Youth!
Hey, you there!
Hey, there!
Young woman!

Young man, youth, young woman дар забони англисӣ ба ҳайси муроҷиат ба шахси бегона аст. Young man –ро метавон дар ҳолати суҳбати падар бо писар, модар бо писар, профессор бо донишҷу ва ғайра истифода бурд. Дар ҳолати сӯҳбати ҷиддӣ мисол, байни модару духтари наврас доим чунин калимаҳои   young woman, young lady, miss истифода бурда мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

  • Бетакаллуфона – бо маънои паст, аммо муроҷиати дӯстона чунин аст:
Дӯст (ҷӯра)!  Friend!
Ошно (ҷӯра)!   Mate Chum!
Pal! Buddy!

На ҳамаи шаклҳои додашуда ба муроҷиати дӯстона истифода мешаванд, ки метавон онро муроҷиат ба дӯст номид.  Friend  дар  ҷумлаи додашуда истифода бурда намешавад. Ба монанди, Listen, pal, I dont want to see you hanging around here any more, see! – Гӯш кун ошно дигар ман туро дар ин ҷо набинам, фаҳмо? Get out of the way, buddy! – Ҷӯра ба канор-яктараф аз роҳ. Роҳ деҳ!


  • Муомилаи навбатӣ танҳо  муносибат ба хешовандон аст:
Модаркалон, бибиҷон!
Падаркалон, бобоҷон!
Grandmother, grandma!
Grandfather, grandpa!

  • Муроҷиати  одамони солхӯрда ба ҷавонони бегона  (навозишкорона):
Духтарам!   Dear! Dearie! Luv (love)! Ducky! Miss!
Писарам! Son! Sonny! Boy!

  • Муроҷиатҳо ба монанди “модар, модарам, падар, падарам” ба шахсони бегона дар забони англисӣ истифода намешаванд.

  • Муносибатҳои гуфтугӯӣ:
Ака! Brother! Buddy! Old man! Mate!
Хоҳар! апа! Sister!

  • Ба омӯзгорон ва муаллимон дар мактабҳои Британия мактаббачагон Mr + насаб ё Sir; ба муаллимаҳо Miss + насаби духтар муомила мекунанд, ҳатто агар ба шавҳар барома бошад ҳам. Дар ИМА бошад, шакли муомила ба муаллимон ба мактабҳои Британия монанд аст, аммо ба муаллимаи оиладор аз рӯи ҳолати оиладорӣ: Mrs + насаби шавҳарӣ ё Miss + насаб истифода мебаранд, ба монанди: Miss Caroline, Mrs Forrester.

  • Муносибатҳои расмӣ:
Рафиқ милиса! Officer!
Рафиқ мусофир!

 Қиёсан муомилаи  “рафиқ мусофир” дар забони англисӣ нест. Агар назоратчии нақлиёт барои тафтиш намудани чиптаи мусофир муроҷиат намояд, он гоҳ ӯ бояд ин гуна муомила кунад Your ticket, please! Ронандаи таксӣ ба мусофир муроҷиат намуда метавонад пурсад, ки:  Where to, chief?


  • Муомила бо ҳайати кормандони тиббӣ:
Духтур!   Dr (Doctor) + насаб, Doctor,
Mr  + насаб
Хоҳар! (ҳамшираи тиббӣ) Nurse!
Matron!
Sister!
Доя! Nurse! (ходими хурди тиббӣ дар беморхона)

  • Муомила бо беморон:
Бемор! Mr/Mrs/Miss + насаб
Касал, мариз! Mr/Mrs/Miss + насаб

  • Муроҷиат ба шунавандагон:
Рафиқон!
Дӯстон!
Хонумон ва ҷанобон!
Дӯстони гиромӣ!
Comrades!
Friends!
Leadies and gentlemen!
Dear friends!
Ҳамкорони гиромӣ! Ladies and gentlemen, esteemed colleagues!

Матлаби пешин: «Муомила ва ҷалб намудани диққат».

Матлаби баъдӣ: «Муроҷиат ба шинос».

Манбаъ: «Одоби муошират», Муҳиддинова Т. Ҳ., Душанбе — 2014.

ҚаблӣБозори молиявӣ ва таркиби он
БаъдӣБозори қоғазҳои қимматнок ва иштирокчиёни он

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед