Нақши фарҳангофаринии дин дар ҷомеа

Оид ба дин ва сабабҳои пайдоиши он олимон ақидаҳои мухталиф доранд. Дин ва эътиқодҳои динӣ дар раванди ташаккули ҷомеаи инсонӣ ба вуҷуд омада, инкишоф ёфтааст. Ибораи «дин» маънои napacтишу итоатро дошта, онро дар Европа бо ибораи «религио» истифода мебаранд ва он ҳаммаънои дин ме­бошад. Маънои «религио» низ итоат ва ситоиш буда, миллатҳои гуногуни ҷаҳонро бо ҳамдигар мепайвандад.

Дин як шакли шуури ҷамъиятӣ буда, оид ба пайдоиши оламу одам ривоят мекунад. Дин бо тамоми илмҳои ҷамъиятшиносӣ алоқди зич дошта, пайваста бо ин илмҳо ташаккул меёбад. Бо вуҷуди он, ки эътиқод ба динҳои гуногун аз тарафи мардуми олам ба вуҷуд оварда шуда бошанд ҳам, ҳамаи онҳо ба парастиши Худои ягона бурда мерасонанд. Динҳои ибтидоӣ ва шаклҳои асосии онҳо инҳоянд: магия, тотемизм, фе­тишизм, анимизм, баъдтар дар давраи неолит – мифологияи (асотирҳои) авкалин пайдо шудаанд. Акнун ба шарҳи ҳар кадоме аз онҳо мепардорем.

Тотемизм ҳамчун мафҳуми доимӣ дар асри XVIII аз тарафи ҳиндувони Америка эҷод гардидааст. Тотемизм аз истилоҳи тотеми ҳиндувони Америка гирифта шуда, маънои саравлод ва ё авлодро дорад. Тотемизм як навъ эътиқоду боварӣ ва маросими динии одамони ибтидоӣ аст, ки асоси онро боварӣ ва вуҷуд доштани робитаҳои авлодию хешовандӣ байни инсонҳою ҳайвонот, ҷонварон, растаниҳо ва умуман табиату муҳити атроф ташкил медиҳад.

Анимизм бошад аз калимаи лотинии «анима» яъне ҷон, руҳ арвоҳ гирифта шудааст. Одамони ибтидоӣ боварӣ доштанд, ки ҳама мавҷудоти табиат  хоҳ зинда ва хоҳ мурда, хоҳ дар ҳаракат буда ҳама соҳиби ҷону равонанд. Одамон бошанд дорои рӯҳ ҳастанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Фетишизм-истилоҳи франсузӣ буда, маънои луғавиаш бут ва ё тумор аст, Пайравони фетишизм ба қувваи фавқуттабиӣ доштани ашёҳо боварии комил доштанд ва ба он қоил будаид. Хатто боварӣ доштанд, ки бутҳои онҳо дороӣ қувваи сеҳрноканд.

Магия-одамони ибтидоӣ боварӣ доштанд, ки зуҳуротҳои харобиовари табиатро ба воситаи магия (аз калимаи юнонӣ ги­рифта шуда, маънои ҷоду, ҷодугарӣ ва афсунгариро дорад) бартараф кардан мумкин аст. Онҳо оламро ба воситаи асотирҳо (мифология) дарк мекарданд.

Асотир (мифология) -аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънои ривояг, афсона, хикоя, гуфторро дорад.

Асотир (мифология) ҷаҳонбинии одамони ибтидоӣ буда, воқеияти муҳити атрофро дар шакли афсона образнок тасаввур мекарданд, яъне тасаввуротҳои онҳо оид ба олам хаёлӣ буд.

Ин гуна ҷаҳонбиниҳои ибтидоӣ баъдтар ба динҳои ҷаҳонӣ ворид гардиданд. Динҳон ҷаҳонӣ инҳо динҳои буддоӣ, насронӣ ва ислом мебошанд.

Дини буддоӣ – (Буддо номи аслиаш шоҳзода Сидхартха Гаутама) дар асри VI-V пеш аз милод дар Ҳиндустони Қадим ба вуҷуд омадаасг.

Дини насронӣ (масеҳӣ) – асосгузораш Исои Масеҳ буда, дар асри якуми милодӣ ба вуҷуд омадааст.

Дини ислом – бунёдгузораш Мухаммад (с) пайғомбар бу­да, дар асри VII-уми милодӣ дар нимҷазираи Арабистон дар шаҳрҳои Макка ва Мадина ба вуҷуд омадааст.

Муҳаммад (с) – асосгузори дини ислом

Ҳар кадоме аз ин динҳои ҷаҳонӣ дороӣ дастури муқаддаси фарҳангии худ буда, ҷавҳари асосии онҳо аз таълимотҳои ахлоқию фалсафи иборат мебошанд. Ин динҳо мардумро ба рафоқат, нексириштӣ, самимият, покизагӣ, муҳаббати хақиқӣ, муттаҳидӣ, саховатмандӣ, бофарҳангӣ, ахлоқи хамидаи инсонӣ хидоят монамоянд.

Дин дар ҷомеаи инсонӣ бояд вазифаҳои муқаддаси худро иҷро мамояд.

Хар як таълимоти нав давоми таълимоти пешина аст. Нақши дин дар ҷомеаи инсонӣ хеле бузург аст. Дар тули хазорсолаҳо тамаддун дар доираи муқаррароти дин инкишоф ёфтааст ва арзишҳои фарҳангӣ бо таъсири омили динӣ эътирофи умум пайдо карда, асоси устувори фарҳанги ҷомеаи чаҳониро ташкил додаанд. Ба ҳамин хотир бисёре аз муҳакқиқон ин ё он тамаддунро ба дин вобаста ва симои маънавии ҷомеаро аз он иборат медонанд.

Табиисг, ки дар пешрафти ҷомеаи инсонӣ дин мусоидат кардааст ва анъанаю муассисаҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки ба пешрафти тамаддун кумак расонидаанд. Анъана ва арзишҳои устувори фарҳангӣ, ки ба ақоиди динӣ ороста шудаанд, пойдевори мустаҳками фарҳангиро ташкил додаанд.

Чуноне ки аз манбаъҳо бармеояд баробарӣ, адолати иҷтимоӣ, сулҳу бародарӣ, ки ғояҳои асосии анъана ва арзишҳои фарҳангиро ташкил медиҳанд, дар тамоми динҳои ҷаҳонӣ мавқеи устувор ишғол мекунанд. Масалан, дар дини мӯъбини ислом бузургдошти инсон ва эҳтироми шахсият на танҳо нисбати муътақидони он, балки нисбати пайравони динҳои дигар низ ҷорӣ аст.

Мавқеи ислом нисбати пайравони дигар динҳо дар асоси усули таҳаммулпазирӣ ташаккул ёфтааст. Мавқеи таҳаммулпазирии дини муъбини ислом барои таҳкими муколама бо дигар дину тамаддунҳо хизмат мекунад.

Дар замони муосир раванди ҷаҳонишавӣ арзишу асолагхои миллии халқу миллатҳои гуногунро таҳти хатари нобуди қарор дода, зуҳуроти бархурди фарҳангу тамаддунҳоро ба миём овардааст.

Ин зуҳурот дар давоми қариб се даҳсолаи охир аз ҷониби бисёр сиёсатмадорон ва олимону муҳаққиқони Шарқу Ғарб ҳамчун масъалаи меҳварии муносиботи байии кишварҳо арзёби мегардад.

Аз ин рӯ, таҳдидгарону коршиносон аҳли башарро аз оқибатҳои хатарноки бархурди тамаддунҳо огоҳ сохта, муколама на гуфтугӯи тамаддунҳоро яке аз роҳҳои муассири муқовимат бо ин падидаи номатлуби даврони муосир мешуморанд.

Халқи тоҷик дар тули таърихи чандинҳазорсолаи худ ҳамеша аз таҳаммулпазирӣ ва маслиҳату муколама кор гириф­та, собит сохтаанд, ки бо роҳи зурӣ хал кардани мушкилоту низоъҳо ва ба ҳам муқобил гузоштани ҷаҳонбиниву ақидаҳои мухталиф метавонад на танҳо сабабгори фасодии ахлоқ ва халалдор гардидани фарҳангу тамаддунҳо, балки шикасти давлатҳо низ гардад.   ,

Дар замони муосир низ мардуми Тоҷикистон бо такя ба афкор ва таҷрибаи таърихии ниёгони худ раванди гуфтугӯи тамаддунҳоро ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд.

Хамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттахид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба оқибатҳои бетарафию беэътиноӣ нисбат ба ҳуввият, таъриху фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҳушдор додааст.

«Фалсафаи хеле қадимаи муросою мадорои халқи тоҷиқ,- таъқид менамояд Эмомалӣ Раҳмон,- имрӯз низ метавонад ба ҳайси намунаи равшани муколамаи фарҳангу тамаддунҳои гу­ногун хизмат намояд».


Накши фархангофаринии дин дар чомеа, реферат, кори курси, бо забони точики

ҚаблӣСанъат ҳамчун унсури фарҳанг
БаъдӣИлми фарҳангшиносӣ дар асри XX ва ибтидои асри XXI