Нақши сиёсии ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ

Ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ мубориза намебаранд ва ҳатто аз болои он назорат намуданро низ барои худ раво намебинанд. Онҳо дар ҳолате ба фаъолиятҳои сиёсӣ машғул мегарданд, ки агар дар раванди иҷроиши вазифаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба он зарурат ба миён омада бошад. Аз ин рӯ, таъсири ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ба муносибатҳои сиёсӣ якранг нест. Масалан, як қатор ташкилот ва ҳаракатҳои касбӣ, коргарӣ, миллӣ ва монанди инҳо ба вазъияти сиёсӣ таъсири амиқ мерасонанд. Гурӯҳи дуюми ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ умуман дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ширкат намеварзанд. Аммо дар шароити муосир, ки сиёсикунонии ҷомеа хосси он аст, ҳар як ташкилоти ҷамъиятӣ бевосита ва ё бавосита дар ҳаёти сиёсӣ ширкат меварзад. Аз ин рӯ, нақши сиёсии ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ дар он ифода меёбад, ки онҳо ба раванди қабули қарорҳои аз ҷониби мақомоти давлатӣ қабулшаванда таъсири амиқ расонида, доимо ба сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фишор меоваранд.

Ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ҳамчун гурӯҳи манфиатхоҳ ва гурӯҳи фишоровар муаррифӣ мегарданд. Консепсияи гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва ё гурӯҳҳои манфиатдор аз ҷониби сиёсатшиносони амрикоӣ А.Бентли, Д.Трумэн ва дигарон ба вуҷуд оварда шуда, дар сиёсатшиносии Ғарб шуҳрати зиёд дорад. Ба ақидаи А.Бентли, сиёсат раванди муносибатҳои мутақобила ва муборизаи муташаккили гурӯҳи одамоне мебошад, ки онҳо барои расидан ба мақсадҳои худ ва ҳимояи манфиатҳои худ кӯшиш менамоянд. Гурӯҳи манфиатхоҳ ташкилоти ихтиёрие мебошад, ки барои ҳимояи манфиатҳои аъзоёни гурӯҳ ташкил карда шуда, ҳамзамон бо ташкилотҳои дигар ва институтҳои сиёсӣ муносибатҳои мухталиф барқарор менамояд.

Агар гурӯҳи манфиатхоҳ барои қонеъ намудани талаботҳои худ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсиррасонӣ намояд, пас онро ҳамчун гурӯҳи фишоровар муаррифӣ намудан мумкин аст. Мафҳуми «гурӯҳи фишоровар» дар ҷомеаи шаҳрвандӣ омили сиёсӣ буда, динамикаи манфиатҳои иҷтимоию гурӯҳиро муайян менамояд. Самаранокии фаъолияти гурӯҳҳои фишоровар аз манбаъҳои ба онҳо тааллуқдошта вобастагии зиёд дорад (маблағ, иттилоот, таҷрибаи зарурӣ, тахассус, таъсироти фарҳангӣ, алоқаҳои мухталиф ва ғ.). Иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои соҳибкорон, ҷамъиятҳои ихтиёрӣ ва як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамчун гурӯҳҳои манфиатдор муаррифӣ мегарданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣМоҳияти ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ
БаъдӣВазифаҳои ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ