Намунаи таҳлили луғавии калима. Дар ин мавзӯъ намунаи таҳлили луғавии калима бо грамматикаи забони тоҷикӣ оварда мешавад. Намунаи тахлили лугавии калима >>
Вай дар чеҳраи мизбонаш осори хастагӣ мушоҳида намуд. Ин ҷумла аз 7 калимаи мустақилмаъно: вай, чеҳра, мизбон, осор, хастагӣ, мушоҳида намудан ва калимаи ёридиҳандаи дар (пешоянд) иборат аст.
Чеҳра- рӯй, талъат. Ин калима сермаъност. Ба маънии симою сурат низ меояд.
Мизбон-соҳибхона, меҳмондор, касе, ки меҳмонро пазироӣ мекунад.
Давоми матн пас аз блоки реклама
Осор- вожаи сермаъно буда, маъноҳои нишону аломат, таъсир, хотира ва самараю натиҷаро ифода менамояд.
Хастагӣ- исмест, ки ҳолати рӯҳии шахсро мефаҳмонад.
Мушоҳида намудан- ба чашми худ дидан, назора кардан.
ИНЧУНИН ХОНЕД >> |