Ҳикояи Наниманча аз асари “Ривояти суғдӣ”-и устод Сотим Улуғзода оварда шудааст.
Дар Ревдод ҷомашӯйзанаке буд. Наниманча ном духтаре дошт, ки хона ба хона гашта, пӯшоки чиркин меғундошт ва баъди шустан онро ба соҳибашон оварда медод. Вай ҳафтдаҳро пур карда, ба ҳаждаҳ қадам монда бошад ҳам, шавҳар накарда буд, ҳол он ки духтарони чордаҳпонздаҳсоларо бавоярасида медонистанд ва ба шавҳар медоданд. Наниманча худаш шавҳар кардан намехост, зеро аз якка мондани модари пири дардмандаш андеша дошт ва модараш ҳам аз ҳамин тарсида духтарашро маҷбур намекард. Занак барвақт бева монда, дар чилсолагӣ аз меҳнату машаққати зиндагӣ пир гашта буд ва ҳам тез-тез бемор мешуд. Ду бор ду сағирро ёфта, хонадомод карданӣ шуд, лекин духтараш онҳоро рад кард. Агар хостгоре мебаромад, ки розӣ мешуд, ки модарарӯси ояндаашро ба хонаи худ бараду пояд, Наниманча шояд ҳоло шавҳардор мебуд, аммо чунин хостгоре ҳанӯз набаромада буд. Духтарак ба чеҳра зебо набуд, лекин дилкаш буд, пайкари рехтаи мавзуне дошт. Мардон ба вай бо чашми ҳавас менигаристанд, ҷавонон гап мепартофтанд, аммо Наниманча аз ҷумлаи духтароне буд, ки мақоли «Даст расону ба бало мон» дар ҳаққи онҳо гуфта шудааст. Вай ба болои чақчақию серғайратӣ шаттоҳ ҳам буд, бало буд, бо забони тундаш ба як гап ду гап мегардонду ба кулӯхандоз санг меандохт. Дар хонаводаи ғарибашон мардина набуд, лекин ба ҷои мардина Наниманча бас буд, вай кори ҷавонмардиро мекард.
Модару духтар пӯшоки Ревахшиён ва Вирканро ҳам ме- шустанд.
Рӯзе аз рӯзҳо пӯшоки шустаи онҳоро ба ҷои Наниманча модараш овард.
Ҳангоме ки занаки нимҷон ва хастаҳол бухчаи вазнинро ба замин гузошта, аз даруни он пӯшоки падару писарро мебаровард, Ревахшиён ба вай раҳмаш омад ва пурсид:
Чаро бухчаро худат бардошта гаштаӣ, духтарат куҷост? Занак ҷавоб надода, ба замин нигарист, оби ба чашми чӯкидаи камнураш омадаро бо нӯги сарпечи даридааш пок кард.
–Чӣ хабар? Магар ба Наниманча ҳодисае рӯй дод? – ба хавотир афтод пирамарди раҳмдил.
Ревахшиён андешаманд шуда, дигар пурсуков накард, ба музди ҷомашӯӣ ним ғалбер ҷав бароварда дода, занакро гуселонд.
Рози ғамангези занак дили пирамардро сиёҳ кард. Ва ин фақат аз роҳи раҳмдилӣ набуд, балки ваҷҳи дигаре ҳам дошт. Чанде пеш Виркан аз падараш хоста буд, ки Наниман- чаро ба зании ӯ хостгорӣ кунад. Гуфта буд: «Модарашро ҳам ба хона меорам, очаю духтар хидмати рӯзгори туро ҳам мекунанд». Аммо Ревахшиён ин гапро ҳатто шунидан нахост, қатъан рад кард. Вай аз хешии ҷомашӯйзанаки дарбадар ор мекард. Ҳоло пирамард аз хаёли он ки бо рад кардани хоҳиши писараш аз ғайри ихтиёри худ як дараҷа сабабгори бадбахтии духтарак ва модари ӯ шудааст, азияти виҷдон мекашид.
Виркан аз шикор баргашт.
Ревахшиён розро ба дилаш ғунҷонида натавониста, ба вай гуфт…
Виркан бархост, андешаманд қадаме чанд дар рӯи ҳавлӣ гашт, лаби ҷӯй дикак нишаста, дар оби он даст шуст, боз хест, мурғони сайдкардаашро аз ҷое, ки гузошта буд, бидуни зарурат бардошта, ба ҷои дигар гузошт: сипас баргашта назди падараш нишасту гуфт:
-Ман… Падари кӯдакаш манам.
-Ту? – пирамард ба шунида бовар кардан намехост.
-Оре, падар, ман.
-Ту чӣ кор кардӣ, лаънатӣ? – шӯрид Ревахшиён. – Агар ин роз ошкор шавад, туро ба дор мекашанд, ӯро сангсор мекунанд!
-Ором бош, падар, Наниманчаро ба занӣ мегирам.
Акнун ту не гуфта наметавонӣ. Кайҳост, ки дӯсташ медорам.
Ревахшиён якбора дам фурӯ баст, ҳеҷ нагуфт.
Фасли харбузапазӣ буд. Виркан аз полизча, ки падараш дар ҳаёти пушти боми хонаашон кошта буд, ду харбузаи калонро канда оварда, ба хӯрҷин андохт, боз ду нони тобагӣ ва аз чорто мурғи титав, ки он рӯз сайд карда буд, дутояшро андохт ва хӯрҷинро ба китфаш гирифта равон шуд. Нимвайрона кулбаи шустагарзанак дар канори деҳа ба лаби чилдиробаи сой меистод. Модару духтар аз болои тавораи пастаки хасин Виркани хӯрҷинбардӯшро, ки калон- калон қадам партофта, ба сӯи дари ҳавличаи онҳо меомад, дида, ҳайрон шуданд: писари Ревахшиён пеш аз ин ба хонаи онҳо ҳеҷ наёмада буд. Наниманча, ба болои ҳайраташ бедаступо ҳам шуд. Виркан низ ҳар дуро медид ва аз онҳо чашм наканда, хандон меомад. Наниманчаи беқарор сурх шуд, сафед шуд ва ниҳоят саросемаву ҳаросон худро ба даруни кулба гирифта, дари онро пӯшид.
Модараш аввал аз ин ҳолу ҳаракати вай тааҷҷуб кард, сониян сабабашро ба фаросат дарёфт. Нахустин бор дарёфт ва ба худ ларзид.
-Шод бош, хола! – ин нидои ҷавонмард занакро ба худ овард. (Суғдиён ҳанӯз «саломалайкум»-и арабиро намедонистанд, ба ҷои салом «Шод бош» ё ки «Хуш бош» мегуфтанд).
Кадбону ба суфачаи зери дарахти пири сершохубарги зардолу пӯстак андохт. Виркан дар он нишаст.
–Ин камак савғотиро бигиру аз имрӯз маро фарзанд бигӯ, ҷавон ба хӯрҷини дар лаби суффа гузоштааш ишора кард.
-Духтаратро бихон!
Аммо аз занак пештар худи Виркан ба духтарак овоз дод:
-Баро, Наниманча, ман пеши ту омадам. Касон дуи моро ба ҳам пайвастан нахостанд, Худо пайваст. Ту барои ман паҳлавонписаре хоҳӣ овард.
Ваҳ, чӣ суруре аз ин суханон бар синаи Наниманча роҳ ёфт, чӣ рӯшноие ба дилаш тофт! Вай гӯё аз ғайб овози фариштаи сурушро шунид, ки аз толеи фирӯз ва истиқболи рахшонаш башорат медод. Дилшикастагӣ, тарсу ваҳми бад- номӣ, ғами бекасӣ ва бепаноҳӣ, ки вақтҳои охир ҷони ӯро дар шиканҷаи азоб андохта буданд, ба як бор нопадид гаштанд. Гар дар ин дам назари Виркан ба вай меғалтид, чӣ малоҳати дилрабое дар вай медид ва шояд ба худ мегуфт, ки арӯсаш воқеан зебост, нозанин аст. Алҳақ, шодию хушбахтӣ ҳатто безебро зебо ва пирро барно мегардонад.
Фақат Виркан дар ҷавоби даъваташ аз кулба чунин овозе шунид:
-Намебароям! Бирав!
Аммо ин овози ноз буд, на қаҳр. Виркан хандиду боз гуфт:
-Хуб, барову худатро ба ман бинамой, баъд меравам.
Модар ҳам духтарашро садо карда:
-Баро! Аз кӣ шарм медорӣ?
Баъди андак фурсат Наниманча аз дари кулба намоён шуд; рӯяшро бо банди дасташ панаҳ карда буд, паҳлунокӣ дар дами дар истод. Виркан ба наздаш рафт, оҳиста даст ба китфаш гузошт, арӯс китф ҷунбонда, дасти ӯро дур кард: домод дар ҳоле, ки лабханд мекард, овозашро қасдан дурушттар намуда, гуфт:
-Ба ман нигар, духтарак! Тезтар он титавҳоро пар бикан ва кабоб бикун, ки ман гуруснаам.
Наниманча ҳам акнун хандида, сурх шуда, як нигоҳи шармзадаи гурезон ба рӯи Виркан афканду бо ҷадал сӯи суфра равон шуд…