Нашъамандӣ – вабои аср

Нафсу шайтон мебаранд аз раҳ туро.

То биандозанд андар чаҳ туро.

Фармуда Фаридуддини Аттор. Кору кирдори ношоиста, амали номатлуб касро аз роҳи дурусти ҳаёт гардонда, ӯро рӯ ба табоҳиву заволӣ меорад.

Нашъа низ чун моддаи мадҳушкунанда, бадтаъсир рӯ ба маргу табоҳиоваранда инсонро ба касодӣ, носолимӣ ва беобрӯгӣ мерасонад. Нашъаманд касест, ки аз обрӯю ҳиммати худу наздиконаш рӯй гардонда, ҳастию ҷонро низ асос надониста шахсияти худро помол мегардонад, зеро носолим мегардаду каҷрав, ки ин хусусиятҳо инсонро ба нестӣ мерасонанд. Беҳуда нагуфтаанд:

Ростиро баду бало нарасад,

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Марди каҷрав ба ҳеҷ ҷой нарасад.

Нашъамандӣ чун як бемории ғайриоддӣ ба тамоми узвҳои инсони истеъмолкунандаи маводи нашъаовар, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсир карда, беморро маҷрӯҳ мегардонад.

Чун мавзӯи матни навбатӣ «Нашъамандӣ – вабои аср» аст, охирҳои асри XX ва ибтидои асри XXI буда, масъалаи глобалии тамоми ҷаҳониён гаштааст. Имрӯзҳо касоне, ки ба ин кор даст мезананд, ниҳоят зиёданд. Онҳо шояд бо сабабҳои дур гаштан аз ғаму дард, нуқсону камбудиҳоb хаёт ё бо сабаби ёр шудани беморӣ, шояд аз нодонӣ аз оқибатҳои он ё бо сабаби айшу роҳат ба ин амали номатлуб даст мезананд. Имрӯзҳо душвор нест дарёфт кардани нафароне, ки бе тарсу ҳарос даст ба куштору дуздӣ мезананду хиёнат ба номусу ҷоҳилиҳо мекунанд. Албатта, ин гуна шахсон бевосита истеъмолкунандагони ин маводи зарароваранд, ки заррае аз кору кирдори кардаашон огаҳие надоранд, зеро он беҳушу беёдашон мегардонад.

Барои ин гуна шахсон, ки ҳаловати нашъамандиро медонанд, дарёфт кардани он ба кадом қиммате, ки набошад, ниҳоят зарур аст. Дар натиҷаи дарёфт накардани маблғ онҳо тамоми дороии хонаашонро фурӯхта онро мехаранд. Худро бехонумон гардонида, зану фарзандон ё волидони хешро хонабардӯш мегардонанд. Дар натиҷа, ҷамъият вайрону наздикон парешон ва оилаҳо бесаробону саргардон мегарданд. Худ низ дар кӯчаву хиёбонҳо ба ҳайси нокасу беобрӯй ва хастадилу афгор то ба рӯзи марг овора мегарданд. Ба хору хаси замин баробар поймол мегарданду наздикон аз ҳастиашон шармсору безор.

Ёри бад беҳтар бувад аз мори бад.

То тавонӣ бигурез аз ёри бад.

Бадбахтона, заноне низ ёфт мешаванд, ки ба ин амали номатлуб даст мезананд. Барои дарёфт кардан, ба истеъмол, парвариш ва фурӯши ин маводи зиёновар даст мезананд. Қадру манзалати бузурги зан, модарро, ки олиҳаи ҳусну зебоӣ ва асоси ҳастии зиндагист, бештар паст мезананд. Бехабар аз он ки бузурге гуфта:

Чун шутурмурғ бидон ин нафсро,

На кашад бору на парад ба ҳаво.

Албатта, ин амали номатлуб дар ягон давру замон поянда нахоҳад буд, пойдеворе, иморате, ки тавассути нашъаҷаллобӣ бунёд гаштааст, ноустувор ва бебақост.

Хулоса, кохи баландафрохтае, ки аз амали носазову маблағи номуроди нопок ба авҷ сар кашида, рӯзе валангор хоҳад гашт. Номуроде, ки аз пайи нашъамандист, рӯзе қурбони кӯчаи ишрат ва айши нопок гашта, рӯ ба нестӣ меорад ва пайвандони хешро шармсор мегардонад.

Аминем, ки бо мурури айём нашъамандӣ чун офтоби қуллаи кӯҳе рӯзе рӯ ба ғуруб меорад ва гулҳои аз ин бӯстон сар ба авҷ кашида, пажмурдаву помол мегарданд. Иффат, покдоманӣ, ростӣ, росткорӣ ва солимақлию меҳнатдӯстии ҷавонони миллат пирӯз мегардад.


Калидвожаҳо: Иншои озод дар мавзуи Нашъаманди – вабои аср.

ҚаблӣМактаб – макони илму маърифат (иншои озод)
БаъдӣТараққиёти тарбия (иншо)