Нашиди точики 2024 – Акшам чакад

Дар ин саҳифа як қисми Ғазали хуби “Ашкам чакад хар ними шаб” дар шакли матн (текст) ва дар навор (видео) оварда мешавад. Нашиди точики 2024 Ашкам чакад хар ними шаб нашиди тоҷикӣ >> 

Нашиди точики Ашкам чакад хар ними шаб

Ашкам чакад ҳар ними шаб,
Бар сафҳаи Қуръони ман.
Гӯё, ки оташ мезанад,
Ҳар шӯълааш бар ҷони ман.

Қуръон магӯ дарёст ин,
Дарёи нопайдост ин.
То ҷовидон барҷост ин,
Ҳар ояааш бурҳони ман.

Аз баркати ҳар ояе,
Бинам зи раҳмат сояе.
Ҳар дам паноҳам медиҳад,
Аз оташи пинҳони ман.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳар ҷумла ларзонад маро,
В-аз шавқ гирёнад маро.
Лутфи Худо хонад маро,
Сад вой аз ҳирмони ман.

Ҳар сурааш Доруш-шифо,
Дар нури он атри сафо.
Бар дард нопайдо бувад,
Қуръони ман, дармони ман.

Аз ҳақ нидо ояд, ки “ҲОН!”
Ай бандаи олудаҷон!
Охир чаро печидаӣ,
Сар аз хати фармони ман?

Чун мурғгони хонагӣ,
Ғамгинӣ аз бедонагӣ.
Бенониӣ то рӯзу шаб,
Густарда бини хони ман.

Давоми нашидро дар ин навор бубинед >>

ҚаблӣЗанбӯри асал. Занбӯриасалпарварӣ
БаъдӣШапалаки абрешим. Кирмакпарварӣ