Навъҳои менеҷмент

Навъхои менечмент. Менечмент аз руи объектхои идоракуни. Менечмент вобаста ба мансубияти функсионали.


Менеҷмент аз рӯи объектҳои идоракунӣ

Менеҷмент иҷроиши чунин функсияҳои идоракуниро дар назар дорад: банақшагирӣ, ташкил, ҳамоҳангсозӣ, ангезиш, қабулкунии қарорҳо, роҳбарӣ, баҳисобгирию таҳлил, назорат, танзим ва ғайраҳо.

Аз рӯи объектҳои идоракунӣ менеҷменти ташкилӣ, стратеги, тактикӣ ва фаврӣ аз якдигар фарқ карда мешаванд.

Менеҷменти ташкилӣ ба таъсиси сохтор, механизми идоракунӣ, тахияи маҷмӯи функсияҳо, қоидаҳо ва стандартҳои идоравӣ алоқаманд аст.

Менеҷменти стратегӣ дар фаъолияти идоракунӣ мақсадҳои дарозмуҳлатро пас аз қаблан муқаррар намудани онҳо амалӣ мегардонад. Иқтидори захираҳои инсонӣ, тағйири самти талаботи истеъмолгар ба сӯи ташкили самараноки истеҳсолот асоси менеҷменти стратегӣ мебошад. Менеҷменти стратегӣ моделҳои гуногун дорад.

Менеҷменти тактикӣ каме ба стратегӣ монанд аст ва барои амалӣ намудани стратегия тартиб дода мешавад. Сатҳи ташкили чунин усулҳои Идоракунӣ зинаҳои мобайнӣ мебошанд ва аз муҳлати барои ояндабинӣ ҷудошуда ҳам кӯтоҳтаранд.

Менеҷменти фаврӣ масъалаҳоеро ҳаллу фасл мекунад, ки дар ҷараёни истеҳсолот ба миён меоянд. Асоси онро тақсими кору захираҳо, назорати рафти иҷрои вазифаҳо дар лаҳзаи феълии кор ташкил медиҳад.

Менеҷмент вобаста ба мансубияти функсионалӣ

Вобаста ба мансубияти функсионалӣ хелҳои зерини менеҷмент ҷудо карда мешаванд:

  1. Маркетинг-менеҷмент. Бозорҳои молиявиро мавриди таҳқиқ қарор дода, каналҳои нави фурӯшро фароҳам месозад, сиёсати нархгузориро ташаккул медиҳад.
  2. Менеҷменти истеҳсолӣ барои назорати равандҳои истеҳсолии корхона, амалисозии фаъолияти асосии он бо ёрии ҳамоҳангсозии амалиёту равандҳо имконият медиҳад.
  3. Менеҷмент дар соҳаи фуруш – раванди ташкили фурӯши маҳсулот, иштирок дар ба расмият даровардани шартномаҳои хоҷагӣ оид ба таҳвили маҳсулот.
  4. Менеҷменти кормандон – банақшагирии сифатнок, истифодабарии захираҳои меҳнатӣ, интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва таълимдиҳии онҳо. Ҳамчунин ба он системаҳои ангезиш ва ҳавасмандгардонии кормандони ташкилот дохил мешаванд.
  5. Менеҷменти молиявӣ – таҳияи мақсаду вазифаҳои идоракунии молияи корхона ва истифодаи усулҳои босамари идоракунии захираҳои молиявии он. Менеҷменти молиявӣ, инчунин менеҷменти таваккалӣ (риск-менеҷмент) ва менеҷменти андозро дар бар мегирад.
  6. Менеҷменти инноватсионӣ – кор бо навовариҳоро ташкил дода, истифодаи кашфиёти илмиро ба мувофика меорад. Чунин идоракунӣ мавчудияти рӯҳияи эҷодӣ дар коллектив, ҳолати махсуси ҳайати кормандонро, ки барои озмоишҳои доимӣ ва азхудкунии технологияҳои нав тайёр мебошанд, дар назар дорад.
  7. Менеҷменти инвеститсионӣ – кор оид ба идоракунии сармоягузорӣ, маблағгузории самараноки сармоя барои минбаъд гирифтани фоида.
  8. Эккаутинг-менеҷмент – идоракуние, ки ба ҷамъоварии бодиққатонаи маълумот, коркарду таҳлили он, бо муқоисаи минбаъдаи нишондиҳандаҳои ташкилоти дигар, ки бо ҳамин навъи фаъолият машғуланд, асос ёфтааст.
  9. Менеҷменти мутобиқшавӣ. Мақсади он – мутобиқшавӣ ба шароити тағйирёбандаи муҳити берунӣ мебошад ва мисоли равшани он -ни- зоми мутобиқшавӣ корхонаҳои брокерӣ мебошанд.
  10. Менеҷменти зиддибуҳронӣ – идоракунии равандҳое, ки бо расмиёти муфлисшавии ташкилот ҳамроҳанд. Масалан, идоракунӣ дар давоми амали истеҳсоли озмунӣ ё зимни бастани созишнома.
ҚаблӣМазмуни менеҷмент
БаъдӣШеърҳо дар васфи Самарқанд