НАЗАРИЯИ ОБЪЕКТИВАТСИЯИ Н.А.БЕРДЯЕВ

Н.А.Бердяев фалсафаро ҳамчун илм дар бораи рӯҳ ва вуҷудияти инсон муайян мекунад. ӯ бо қатъият изҳор мекунад, ки ба устувории олами объективӣ, табиат ва таърих боварӣ надорад. «Воқеъияти объективӣ фақат хаёли ботил, фиреби ҳиссӣ ва шуур аст, — мегӯяд ӯ. Вай воқеъияти объективонидашуда аст ва ба ин сифат маҳсули рӯҳ аст. Ҳама он чие, ки объективонида шудааст, онро тағйир додан мумкин аст. Объект зодаи субъект аст, фақат субъект экзистенсиалӣ аст, яъне ҳақонӣ вуҷуд дорад. Фақат дар субъект воқеият маърифатшаванда аст». (Н.А.Бердяев. Самосоюзние. М., 1990. С. 277).

Бердяев фалсафаи худро «идеализми озодӣ» меномад, ки мувофиқи он воқеияти олам маҳсули озодӣ аст, доранда ва барандаи озодӣ субъект, шахс ва рӯҳ аст на «табиат» ва на «объект». Табиат ва объективият рӯҳро ғулом мегардонанд. Табиат ва воқеият зодаи парокандагӣ, бесару сомонӣ, душмани субъектҳо, ашхос ва «рӯҳ-фардҳо» аст. Объективият аз рӯҳ пайдо шудааст, як навъ вайроншавии рӯҳ, бемории саръ аст. Бердяев бартарии озодиро назар ба ҳасти эътироф мекунад, чунки ба ақидаи ӯ, рӯҳ якумин ва ҳастӣ дуюмин аст. Дар олам объективонидашудани рӯҳро Бердяев ғояи асосии фалсафаи худ ҳисоб мекунад. Ба ақидаи ӯ, ҳастӣ дар инсон ба воситаи инсон ошкор ва маърифат карда мешавад. Инсон микрокосм ва микротеос (худои хурд) аст. Инсон ба сифати мавҷуди ҷисмонӣ бо тамоми гардишу ҳаракати ҳастӣ алоқаманд аст. Чун симо ва тимсол инсон шахс аст. Шахсият категорияи табиӣ-биологӣ аст. Фард қисми табиат ва ҷамъият аст. Шахсият наметавонад қисми ягон чизи дигар бошад, тому тақсимнашаванда аст, дар ягонагӣ бо табиат, ҷамъият ва Худо вуҷуд дорад. ӯ эҷодкор аст ва эҷодкории ӯ дар озодиаш зоҳир мешавад.

Дар фалсафаи Бердяев на ҳастӣ, балки озодӣ ғояи асосӣ аст. Дар озодӣ асрори олам ниҳон аст. Худо дар озодӣ вуҷуд дорад ва ба воситаи озодӣ амал мекунад. Шахс аз азал озод аст. Бердяев фаъолияти эҷодии инсонро ӯҳдадории он дар назди худо ҳисоб мекунад. Ба фикри ӯ, ҳар як амали эҷодкоронаи инсон ҷавоб ба амали эҷодкории худо аст. Маънои ҳаёти инсон ӯро бо олам мепайвандад ва ин пайвастшавии вай бо олам дар робитаҳои гузашта, ҳозира ва оянда зоҳир шуда, шакли таърихӣ пайдо мекунад. Ба ақидаи Бердяев, барои озодӣ шартҳои зерин заруранд: ғояи озодӣ, ки тамоми онтологияро муайян мекунад; эътирофи он, ки барои ақидаҳои фалсафӣ асоси ягона вуҷуд надорад. Ғояи озод ва объективонидашудаи олами объектҳо аз маънавият маҳрум аст, бандагӣ ва ғуломӣ, бадиву бадхоҳӣ дар объективонидани онҳо зоҳир мешавад. Бархилофи таълимоти Гегел, объективонидан дар таълимоти Бердяев на ошкор шудану зоҳиршавӣ ва берун омадани рӯҳ, балки ноаёну ниҳон мондани он аст. Олами объектҳо маънавият надорад, фақат субъекти эҷодкор оламро дар худ нигоҳ медорад, дорои зиндагии ботинист ва барои озодӣ кушода аст. Бердяев инсонро мавҷуди озод ва қашшоқ, пуриқтидору заиф, бунёдкору вайронкор ҳисоб мекунад, моҳияти инсонро дар ягонагии ҳастии ботинӣ ва ҳастии зоҳирии он, дар муносибати фаъолонаи он ба олами беруна мебинад. Хислату хусусиятҳо ва сифатҳои ботинии он, ба ақидаи Бердяев, дар маҷмӯъ симои муайяни онро ташкил медиҳад. Худо, мегӯяд Бердяев, аз одам бунёдкориро интизор аст. Худо наметавонад барои одам он чизеро кашф кунад, ки онро одам барои худо кашф мекунад, эҷодиёти инсон бар зидди худо нигаронида нашудааст, баръакс ба иҷро намудани иродаи ниҳонии илоҳӣ нигаронида шудааст. Эҷодкорӣ ҳамеша самти «фардӣ-шахсӣ» ва маънои «аз худ берун баромадан»-ро дорад. Инсон маводе ҳаст, ки аз он ҷамъияти шаҳрвандӣ сохта мешавад ва он шарти зарурии роҳи ҳақиқии воқеият ёфтани маънои ҳаёти инсон аст. Маънои ҳаёти инсон, зуҳуроти он ворид будани он дар замону макон робита доштан, ва пайваста будани онро ба гузашта – ҳозира ва оянда таъмин менамояд. Ин робитаест, ки дар он вуҷуд доштани инсон шакли ҳастии таърихиро мегирад. Хосияти асосии ҳастии таърихӣ дар он зоҳир мешавад, ки он аз инсон масъулиятро талаб мекунад. Масъулият барои ҳар як одам мазмуну зуҳуроти мушаххас дорад. Масъулияти инсон ба системаи муайяни арзишҳо алоқаманд аст. Масъулият ба маънои ҳаёти инсон ҳамон вақт воқеӣ мегардаданд, ки агар дар зиндагии рӯзмарраи он тадбиқ карда шавад.

Фетишизм  аз калимаи партугалии fitico гирифта шуда, маънои шайъ ё ашёи сеҳрнокро дорад, як навъ эътиқод ва саҷда кардан ба ашёҳо, предметҳо ва қувваҳои ғайб аст, гӯё одамро аз хавфу хатар эмин медоранд, табобат мекунанд, боиси барор гирифтани кору зиндагии он мегарданд, хосияту сифатҳое доранд, ки барои зафар ёфтан аз душманон, ғалаба кардан мусоидат мекунанд ва ғайра. Фетишизм эътиқоду парастише аст, ки ба ашёву предметҳо сифату хосиятҳои мӯъҷизавиеро нисбат медиҳад, ки дар ҳақиқат хоси онҳо нест. Ба сифати объекту предметҳои саҷдаву парастишҳои  фетишӣ, сангу дарахт, баъзе ҳайвонҳо, ҳатто дандонҳои онҳо, зару зевар, предметҳои зебу зинати занҳо, тумору таштов, молу пул ва ғайра метавонанд хизмат кунанд. Фолбинӣ, ҷодугарӣ, ҳаргуна дуохониҳо, найрангҳои экстрасенсорӣ аз ҷумлаи аломату амалиётҳои фетишиянд. Дар тасввуротҳои фетишӣ, қувваҳои моҳиятии инсон ҳам молу  ашё ва ҳам пул мешаванд ва хосиятҳои мӯъҷизавӣ пайдо мекунанд. Фетишизм қариб дар ҳамаи динҳо вуҷуд дорад. Предметҳои парастишҳои фетишӣ дар маишату зиндагии ҳамаи халқҳои дунё вуҷуд дорад. Предметҳои мавриди парастишҳои фетишӣ яку якбора интихоб карда намешаванд, хосиятҳои онҳо дуру дароз санҷида мешаванд ва баъд мавриди парастиш қарор дода мешаванд, ҳамчун анъана аз насл ба насл мегузаранд.

Дар замонҳои қадим одамон, мутобиқ ба сатҳи амалияи ҷамъиятӣ ва шуурнокии худ ба предмету чизҳо ва ашёҳое, ки онҳоро мепарастанд, хосиятҳои фавқутабиӣ медоданд, ба онҳо саҷда мекарданд, то ки мушкилиҳояшонро кушоянд ё осон намоянд. Сифатҳои муқаддасу фавқутабиӣ додан ба ҳодисоту предметҳои табиӣ дар рафти инкишофи минбаъдаи тамаддун ба расмият медарояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Минбаъд бо пайдоиши истеҳсолоти молӣ ва инкишофи муносибатҳои молӣ-пулӣ дар ҷамъият, вақте як мол бо моли дигар иваз карда мешавад, пул арзиши ҳамаи молҳоро пайдо мекунад, нафақат мол ва пул, балки муносибатҳои молӣ ва пулии байни одамон ҳам мавриди парастишҳои фетишӣ мегарданд. Ин муносибатҳо ҳамчун молу пул, предметҳои қиматбаҳо, зару зевар мавриди парастишу саҷдакуниҳо қарор гирифтанд. Ҳарчи бештар ба даст овардану захира кардани чунин сарвату бойгарӣ мавриди рақобату бахилӣ, бадхоҳии байни одамон мегардад. Дар шароити истеҳсоли молӣ ва муносибатҳои молӣ-пулӣ ашёҳо гӯё «симои одамӣ» (Маркс) пайдо мекунад, ба субъекти мустақили муносибатҳои ҷамъиятии одамон табдил меёбанд. Дар тасавуроти одамон молу ашё ва предметҳои беҷону безабон гӯё ҷону забон ва муносибатҳои мустақили байни худро пайдо мекунанд, яъне аз муносибатҳои инсонӣ ба муносибатҳои ашёӣ табдил меёбанд, дар натиҷа қудрату қувваҳои инсонӣ бо қудрату қувваҳои ашёвӣ табдил меёбад. Фетешизми молӣ ва пулӣ шакли аз ҳама паҳнгардидаи вобастагии одамон аз ашёҳо аст. Ин вобастагӣ персонификатсияи («ашхосшавии») ашёҳоро дар тасаввуроти одамон ба вуҷуд меорад. Ин маънои онро дорад, ки молу ашёҳо ба субъекти мустақили муносибатҳои ҷамъиятӣ табдил меёбанд, мақому мартабаи одамонро дар ҷамъият иваз мекунанд, ҳол он ки мақому мартаба, қадру қимат ва арзиши инсонии ҳар як кас дар ҷамъият аз рӯи қобилияту сифатҳои шахсӣ, фаъолиятнокии ӯ дар зиндагиву ҷанбаҳои гуногуни меҳнату фаъолият ва муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян мегардад. Ашёҳо, протсессҳо ва дигар падидаҳои табиӣ нисбат ба инсон тамоман беғаразанд, қобилияти ягон муносибат кардану доштан ба инсонро надоранд. Дар асл бошад, ашёгардонӣ нафаҳмидани моҳияти меҳнати худи инсон,  самараҳои он ва аз ин ҷост, ки моҳияти худи инсон аст. Қобилияти ашёҳо, гӯё, ки худ аз худ маънии инсонӣ доранд, дар ҳақиқати ҳол қобилияти хоссаи худ аз худ зоҳиршавии онҳо ҳамчун объекту ашёҳои табии не, балки қобилияти предмети инсонӣ аст, предмети инсонӣ барои он ки дар предметҳо дар он шаклу ба он тарзҳое, ки онҳо истеъмолу истифода бурда мешавад, қувваву қобилият, ақлу заковат, маҳорату дигар сифатҳои худи инсон ва муносибатҳои ҷамъиятии он таҷассум кунонда шудаанд. Ашёву предметҳо ва протсессҳои табиӣ на худ аз худ, фақат ба ҳамин маъно предмети инсониянд ва мазмуни ҷамъиятӣ доранд. Предметҳо, ашё ва протсессҳои табиӣ чунин маънову мазмун ва таъинот пайдо мекунанд на ба туфайли кадом як таъиноти пешакии барои инсон муайяншудаи онҳо, балки ба туфайли он хосияту сифатҳо ва таъиноте, ки онҳо берун аз ҳастии табиӣ-ашёвии худ, дар протсесси меҳнати инсон, дар коркарди муайяни он, дар протсесси мубодилаи онҳо, хуллас дар муносибатҳои ҷамъиятӣ пайдо мекунанд. Берун аз муносибатҳои ҷамъиятӣ онҳо таъиноту функсияҳои иҷтимоӣ, истеҳсолӣ, маишиву маданӣ ва фарҳангӣ надоранд, худ аз худ дар ҳастии табиӣ-ашёвии худ олоту воситаҳои фаъолияту маишӣ ва маданияти инсони нестанд. Гандуми табиии худрӯй омада дар дастархон нон, хокаи оҳан ва дигар фулузот табару теша, дастгоҳ, олоти меҳнат, асбобу анҷомҳои дар маишат истифодабурдагӣ, дарахт  худ аз худ қоғаз, дару тиреза намешаванд. Хокаи табиии тиллову нуқра ва дигар металлҳои қиматбаҳо худ аз худ афзорҳои зебу зинати занону духтарон, кулоҳу камарбанди шоҳон, амирону рӯҳониён ва мавриди ҳасадбарии дигарон намешаванд. Онҳо мавриди парастишҳои фетишӣ фақат дар мубодила ва истеъмолу истифодабарии одамон дар муносибатҳои ҷамъиятии онҳо хислату хусусиятҳои муқаддас ва муъҷизавӣ пайдо мекунанд, мавриди парастишҳои гуногун мегарданд. Шаклҳои дигари фетишизм, ба монанди фетишизми сиёсӣ ва ҳокимият, динӣ вуҷуд доранд, ки дар онҳо на табиату ашёҳо ва падидаҳои табиӣ, балки давлатдорӣ, ҳокимияти сиёсӣ, мақому мартабаи рӯҳониён ҳамчун тӯҳфаи илоҳӣ ба одамон инъомшуда парастида мешаванд.

Хуллас, хосияту сифатҳои сеҳрноку муқаддас, ки ба предметҳо, ашёву протсессҳои табиӣ ва ашхоси алоҳида нисбат дода мешаванд, дар меҳнати объективонидашуда ва предметигардонии меҳнат, ақлу хирад, қувваву қобилият, талабот, ирода ва дигар қувваҳои моҳиятии худи одамон аст.

ҚаблӣИНСОН ҲАМЧУН МАВҶУДИ ФАЪОЛИЯТИВУ ЭҶОДКОР
БаъдӣЗУҲУРОТИ ОЗОДИИ БОТИНИ ИНСОН