Нишона (Тамга, Ярлик)

Нишона яке аз мафҳумҳои марказии системаи амалиётии Microsoft Windows ба ҳисоб меравад. Нишона тасвири графикии объекти системаи амалиётӣ мебошад.

Қисми зиёди объектҳои СА Windows дорои нишонаҳои хусусӣ (махсус) мебошанд. Барои кушодани равзанаи ин гуна объектҳо кифоя аст, ки мушнаморо ба болои нишонаи онҳо гузошта, тугмаи чапи мушро ду маротиба зуд-зуд пахш намоем. Нишона метавонад ба ҷузвдон, санад ё барнома тааллук дошта бошад. Масалан, агар мо нишонаи барномаи татбиқиеро ду маротиба пахш намоем, он гоҳ дар экрани компютер равзанаи ҳамон барнома кушода мешавад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Вале дар хотир бояд дошт, ки нишонаи барнома ҳеҷ гоҳ худ ба худ барнома шуда наметавонад. Барнома аз маҷмӯи парвандаҳои алоҳида иборат буда, дар ягон қисми муайяни диски винчестер маҳфуз аст. Нишонаи барнома воситаи (нуктаи) воридшавӣ ба барнома, яъне оғозбахшандаи кори барнома мебошад. Айнан ҳамин нақшро нишонаҳои ҳам санадҳо ва ҳам ҷузвдонҳо бозӣ мекунанд.

Нишонаҳои объектҳоро дар менюи асосӣ, майдони корӣ ва лавҳаи масъалаҳои мизи кории системаи амалиётӣ, тасмаҳои абзор ва майдонҳои кории равзанаҳои дискҳои компютерӣ, ҷузвдонҳо, барномаҳо ва санадҳои мухталиф вохурдан мумкин аст. Дилхоҳ объекти фаъоли компютер дар лавҳаи масъалаҳои мизи кории СА дар шакли нишона инъикос мегардад. Пас, нишонаро ҳамчун равзанаи ғуншудаи объекти компютерӣ тасаввур кардан мумкин аст.

Ҳамин тариқ, байни объект ва нишонаи он як робитаи ногусастание ба вуҷуд меояд, ки тавассути ин робита аксар хосиятҳои объект ба нишонааш интиқол дода мешавад. Маҳз дар ҳамин замина ҳар гуна амалиёте, ки бо нишонаи объект гузаронида шавад, дар асл бо худи объект рӯй медиҳад. Масалан, ҳангоми мушнаморо ба рӯйи нишонаи объект гузоштан ва тугмаи чапи мушро ду маротиба пахш кардан, объект барои корбарӣ фаъол гашта, дар дохили равзанаи худ зуҳур менамояд. Пас аз интиҳои корбарӣ бошад, равзанаи объект баста мегардад ва худи объект аз нав дар шакли нишона ғун карда мешавад.

Дар системаи амалиётии Windows нишонаҳои ҳамаи ҷузвдонҳои истифодабарандагони компютер намуди ягона доранд. Онҳо танҳо бо ном, андоза, санаи сохта шудан ва миқдори объектҳои таркибиашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Нишонаҳои барномаҳои татбиқӣ бошанд, баръакс, ба мисли худи ин барномаҳо гуногун ва ҳарранганд. Нишонаҳои санадҳо бо нишонаҳои тавлидкунандагони барномавии худ (барномаҳои татбиқӣ) ҳамранг мебошанд. Нишонаҳои санадҳои ба воситаи як барнома сохташуда ба ҳамдигар монанд буда, танҳо бо номи худ фарқ мекунанд.

Нишона чист?

Нишона тасвири графикии объекти системаи амалиётӣ буда, шакли гуншудаи равзанаи онро ифода менамояд.

Тамғаи (ярлики) объект низ як навъ нишона аст. Тамға ҷузъи графикии интерфейси системаи амалиётӣ буда, ба воситаи истиноди динамикӣ бо объект (барнома, ҷузвдон, санад) алоқаманд гардонида шудааст. Дар амал тамға низ, ба мисли нишона, ҷузъи оғозбахшандаи фаъолияти дилхоҳ барномаи компютерӣ, санад ё ҷузвдон мебошад. Ҳатто тарзи истифодаи тамға аз тарзи истифодаи нишона ягон фарқе надорад. Дар ин маврид низ, дар баробари ду маротиба пахш кардани тамға, дар экран равзанаи объекти мувофиқ кушода мешавад. Фарқи ягонаи тамға аз нишона дар он аст, ки агар нишона тасвири графикии худи объектро ифода намояд, тамға ифодагари тасвири графикии суроғаи объект мебошад. Яъне дар тамға аслан суроғаи объект нигоҳ дошта мешавад.

Вазифаи асосии тамға зуд дастрас намудан ва кушодани равзанаи объект мебошад. Аз ҳама бештар тамғаҳоро дар мизи кории СА ҷой медиҳанд. Ин усул дар мизи корӣ барои он ҷорӣ карда мешавад, ки барнома, ҷузвдон ё санад метавонад дар ҷузвдони диски дилхоҳи компютер ба қайд гирифта (сабт) шуда, бе ягон душворӣ (ҷустуҷӯйи барзиёд, вақтсарфкунӣ) аз мизи корӣ кушода шавад. Аз усули мазкур на танҳо дар мизи корӣ, балки дар ҷузвдони дилхоҳ низ истифода мебаранд.

Хосияти муҳимми тамға ин аст, ки ҳангоми ҳазф намудани он худи объект бенуқсон дар макони ба қайд гирифташудааш боқӣ мемонад. Аммо, тавре медонем, ҳангоми ҳазфи нишонаи объект, худи объект низ ҳазф мегардад. Сабаб дар он аст, ки нишонаи объект бевосита дар худи парвандаи замимаи кушодашаванда нигоҳ дошта мешавад, вале тамғаи объект худро ҳамчун парвандаи алоҳидаи мустақил муаррифӣ намуда, дар ҷузвдони дилхоҳ метавонад ҷойгир шуда бошад.

Тамға (тамга, ярлик) чист?

Тамға ҷузъи графикии системаи амалиётӣ буда, барои ҳифз намудани сурогаи объекти компютерӣ пешбинӣ шудааст.

Тасвири графикии нишона ва тамғаи мутааллиқ ба як объект, ба ҳам монанд мебошанд. Барои фарқ намудани ин ду ҷузъ дар кунҷи чапи қисми поёнии тамға аломати тирчаи тобхурда илова карда шудааст.


Саволҳо

  1. Нишона чист? Тамга чист?
  2. Кадом объектҳои системаи амалиётӣ метавонанд нишона ё тамға дошта бошанд?
  3. Нишонаҳои барномаҳо аз нишонаҳои системавӣ чӣ фарқ доранд?
  4. Оё нишонаи барнома ва худи барнома як чизанд ё на? Маънидод кунед.

Кисмхои асосии компютер

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама