Оқибатҳои ҳукмронии муғулҳо дар Осиёи Миёна

Муғулҳои яғмогар ба пешрафти неруҳои тавлидотии кишвар зарбаи ҳалокатовар заданд. Шаҳру деҳот, ҳунар ва кишоварзӣ рӯ ба таназзул оварданд, вале мардуми баору номус ва заҳматкаши тоҷик бо мурури замон ин харобаҳоро обод карданд. Муғулҳо низ фоидаи аз нав барқарор кардани қувваҳои истеҳсолиро фаҳмида буданд. Феодалони маҳаллӣ, тоҷирон ва рӯҳониён дар байни муғулҳо нуфуз доштанд ва заҳматкашонро ба нафъи худу ғосибон сахт истисмор мекар­данд. Тоҷирони маҳаллӣ дар савдои байналхалқӣ мавқеи ҳалкунанда дошта, нақши миёнаравиро мебозиданд. Меҳнаткашони маҳаллӣ аз оддитарин ҳуқуқҳои инсонӣ маҳрум карда шуда буданд.

Махсусан аҳволи косибону ҳунармандон, ки истисморгарон онҳоро ғуломвор кор мефармуданд ниҳоят бад буд. Қисми зиёди онҳоро ба Муғулистон бурда буданд. Аҳли ҳунар дар корхонаҳо зери назорати истилогарон кор мекарданд, ки ин хеле дахшатовар буд. Косибону ҳунармандони озод ҳам ба муғулҳо андози вазнинтарин – тамғу месупориданд.

Вазъи ҳаёти кишоварзон хеле бад буд. Муғулҳои саҳронишину ғоратгар марказҳои фарҳангӣ ва шаҳру деҳаҳои ободу зебои мардуми бофарҳанги тоҷикро ба харобазор табдил доданд. Аммо онҳо натавонистанд, ки анъанаҳои фарҳангии тоҷикон ва марказҳои мадании онҳоро пурра несту нобуд кунанд. Шаҳрҳои қадимаи тоҷикон – Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Фарғона, Ҳирот ва ғайраҳо оҳиста-оҳиста аз нав эҳё шуда, сераҳолӣ ва марказҳои фарҳангию тиҷорат мегардиданд.

Дар шаҳрҳо савдо ва ҳунармандӣ пеш мерафт. Аз аввалҳои асри XlV кулолӣ ва техникаи коркардӣ он тағйир ёфт. Санъати меъморӣ ва биносозӣ, ки дар натиҷаи ҳуҷуми муғулҳо талафоти калон дида буд аз охирҳои асри XIII cap карда, рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Ииро дар мисоли мақбараҳои Сайфуддин Бохарзӣ, Қулихон дар Бухоро, мақбараи Руҳобод дар Самарқанд, мақбараи Муҳаммади Башоро дар деҳаи Мазори шаҳри Панҷакенти имрӯза, мақбараи Тувахон ва масҷиди шайх Муслиҳиддин дар Хуҷанд, ёдгориҳои меъморӣ дар нохияи Фархори имрӯза мушоҳида кардан мумкин аст. Санъати меъмории миллӣ дар асоси анъанаҳои пеш аз истилои муғулҳо густариш ёфта, дар он заррае ҳам таъсири санъати меъмории муғул эҳсос намешавад, зеро муғулҳои саҳронишин худ фарҳанг надоштанд.

Хуросону Мовароуннаҳр дар аҳди ҳукмронии муғулҳо

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Оқибатҳои ҳукмронии муғулҳо дар Осиёи Миёна