Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат

Яке аз фарқиятҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ аз давлат дар он ифода меёбад, ки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ алоқаҳои горизонталӣ ва дар давлат алоқаҳои вертикалӣ ба назар мерасанд. Ба ибораи дигар, дар давлат тобеияти яке бар дигаре дида мешавад, аммо дар ҷомеаи шаҳрвандӣ муносибатҳои рақобатнок ва афзалиятноки шахсони озод ва баробарҳуқуқ мавқеи махсусро ишғол намудааст. Ғайр аз ин, ҷомеаи шаҳрвандӣ ифодакунандаи манфиатҳо ва қонеъсозандаи талаботҳои фардӣ ва гурӯҳӣ мебошад. Аммо давлат иродаи тамоми аҳолии мамлакатро дар бар гирифта, манфиатҳои умумии ҷомеаро ифода менамояд ва онҳоро оид ба масъалаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ба созиш меоварад. Аммо набояд фаромӯш сохт, ки муносибатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо давлат хеле мураккаб мебошанд ва дар аксар мавридҳо хусусияти низоӣ низ доранд.

 Низоми худташаккулёбандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ доимо дар зери фишори механизмҳои давлатӣ қарор дода мешавад ва дар натиҷа як қатор вазифаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби давлат аз худ мегардад. Дар шароити режимҳои тоталитарӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ давлатӣ гардонида мешаванд ва тамоми соҳаҳои ҳаёт аз ҷониби давлат дар зери назорати қатъӣ қарор мегиранд. Дар чунин шароит барои ташаккул ва ё мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳеҷ гуна имконият боқӣ намемонад. Дар шароити режими демократӣ давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун субъектҳои баробарҳуқуқи ҳаёти ҷамъиятӣ баромад менамоянд. Дар шароити демократияи ташаккулёфта вазифаи назоратии давлат хеле коҳиш меёбад ва чун анъана давлат чунин вазифаҳоро иҷро менамояд: ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо амалҳои ҷиноятӣ, ба вуҷуд овардани шароитҳои ҳуқуқӣ ва бартараф намудани монеаҳои мухталиф дар фаъолиятҳои соҳибмулкони фардӣ ва гурӯҳӣ, дар амал татбиқ намудани ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо. Ҳамин тариқ, ҷомеаи шаҳрвандӣ бе давлат вуҷуд дошта наметавонад ва давлат бе ҷомеаи шаҳрвандии ташаккулёфта демократӣ буда наметавонад. Бинобар ин, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат бояд бар зидди якдигар баромад нанамоянд ва онҳо дар асоси эҳтироми ҳуқуқӣ муносибатҳои муфидро дар миёни худ ташаккул диҳанд.


Калидвожаҳо: Чомеаи шахрванди ва давлат.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣВазифаҳои иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ
БаъдӣДЕМОКРАТИЯ ҲАМЧУН ШАКЛИ ҲОКИМИЯТ ВА ВОСИТАИ РАВАНДИ СИЁСӢ