Оптималикунонии (муътадилгардонии) системаи педагогӣ

Инноватсияи умумие, ки устувор аст ва комилан ба системаи педагогӣ тааллуқ дорад, оптимизатсияи (муътадилгардонӣ) раванди таълиму тарбия номида мешавад. Ба кор карда баромадани ин ғоя дар аввали солҳои 70-уми асри гузашта олими намоён, академик Ю.К. Бабанский роҳбарӣ менамуд. Дар зери роҳбарии ӯ дар мамлакат ҳаракати умумӣ дар бораи такмил додани системаи таълиму тарбия авҷ гирифт. Натиҷаҳои муайян ҳам ба даст оварда шуда буд, ки онҳо имрӯз ҳам барои педагогикаи умумибашарӣ ва мактаб аҳамияти калон дорад.

Оптимизатсия чист?

Оптимизатция аз истилоҳи лотинии «optimum» гирифта шуда маънояш «аз ҳама беҳтарин» мебошад, яъне аз байни вариантҳои зиёд аз ҳама беҳтаринашро интихоб намудан. Дар ингуна системаи мураккаб, динамикӣ, бисёртамоил, иерархӣ, барои ба мақсади пешбини гардида ноил гаштани педагогӣ, ҳазорҳо имконияти пешбинӣ намудани вариантҳо, равия ва ташкили фаъолияти таълимӣ-тарбиявӣ вуҷуд дорад. Ва танҳо яке аз онҳо дар шароити мушаххаси мавҷуда метавонад беҳтарин бошад. Пайдо кардани он вазифаи умдаи муътадилгардонӣ мебошад. Он бо роҳи муқоисаи вариантҳои имконнопазир ва арзёбии алтернативҳои имконнопазир ҳал карда мешавад.

Дар зери мафҳуми оптимизатсия-муътадил гардонии дараҷаи мувофиқати СП-ро ба он мақсаде, ки барои ба он ноилшуда ташкил карда шудааст, фаҳмидан мумкин аст. Муътадилие, ки дар як шароит ба даст омадааст, қариб он дардигар шароит ҷой дошта наметавонад. Мафҳуми муътадилгардонӣ ҳамеша аниқ мебошад. Муътадилгардонӣ умумӣ буда наметавонад. Чунки он дар заминаи вазифаи интихобгардида ба вуҷуд меояд. Илова бар ин, аниқ муайян кардан зарур аст, ки маҳз чиро муътадилгардондан лозим, кадом параметри СП-ро вобаста ба мақсади ба миён гузошта шуда то кадом зинаи муътадилгардондан аст.

Ю.К. Бабанский тавсия намудааст, ки он принсипи муътадилгардониеро ба педагогика дохил кардан лозим, ки раванди пешбинишуда одатан на каме беҳтар балки аз ҳама беҳтар кардашуда вобаста ба мавҷуда интихоб карда шавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Принсипи оптималӣ (муътадил) оқилона, сарфакорона истифода бурдани ҳамаи унсурҳои раванди таълимро талаб менамояд. Ӯ ба он даъват менамояд, ки дар натиҷаи истифодаи вақт ва қувваи камтар натиҷаи имконпазирӣ бештар ба даст оварда шавад. Аҳамияти калонӣ гуманистии он ҳам аз ҳамин иборат аст.

Дар ин ҷода бояд равияи назариявӣ ва амалии оптималикунониро фарқ кард. Синоними фаҳмиши «оптималикунонӣ» ин аз ҷиҳати назариявӣ муқоисаи вариантҳои гуногуни ҳисобу китоб мебошад. Дар равияи амали оптималикунонӣ чунин инноватсияро (навгониро) дар назар дорад, ки азнавсозӣ, дигаргунсозии системаи педагогӣ барои ҳалли вазифаҳои ба миён гузошта шуда шароит ва имконияти аниқ дорад.

Ҳалли вазифаҳои оптималикунонӣ аз интихоби меъёр cap мешавад. Меъёри оптималии ин аломатест (нишондодест), ки дар асоси он ба вариантҳои имконпазирӣ (алтернативии) инкишофи раванд ва интихоби аз ҳама беҳтарини онҳо баҳо дода мешавад. Бар хилофи талаби мантиқӣ, ки қатъиёна талаб менамояд, ки меъёр бояд фақат дорои як натиҷа (параметр) бошад, дар педагогика бошад, он ҳамеша равияи (характерӣ) юмплексӣ дорад. Чунки илоҷи ҳал кардани сабаб ва натиҷаи равандеро, ки дар системаи педагогӣ амал мекунад, ҷудо кардан нест.

Оптималикунонӣ чист?

«Оптималикунонӣ» (муътадилгардонӣ) гуфта мо раванди таълимиеро меномем, ки навиштааст академик Ю.К. Бабанский якбора ба меъёрҳои зерин чунин ҷавоб дода тавонад:

а) мазмун, сохт ва мантиқӣ амал кардани он самаранокӣ ва сифати ҳалли масъалаҳои таълиму тарбия ва инкишофи хонандагонро вобаста ба талаботи барномаҳои таълимии давлатӣ, ки (ҳоло инро стандарти давлатӣ маълумот меноманд) дар доираи имкониятҳои максималии таълимии ҳар як мактаббача таъмин намоянд:

б) ба мақсади гузошташуда бе сарфи вақти зиёде, ки дар нақшаи таълимӣ барои машғулиятҳои синфӣ, ҷудо кардашудааст ва бе зиёд намудани меъёри вақти максималӣ барои мактаб ва гигиенаи меҳнатӣ, барои машғулиятҳои хонагии хонандагон ва муаллимон муқаррар кардааст, таъмин намояд.

Инчунин дар баробари ҳамин бояд хасташавии муаллимон ва хонандагон пешгирӣ карда шавад. Чунки баъзе донишкадаҳои «инноватсионӣ» натиҷаҳои дилхоҳро дар натиҷаи сербории муаллимон ва талабагон ба даст дароварда буданд. Сербории дарозмуддат ба пастшавии қобилияти меҳнатӣ ва бад шудани саломатӣ бурда мерасонад. Талаби меъёри оптималигардонӣ (муътадилгардонӣ) чунин маънӣ дорад, ки оптималӣ танҳо ҳамон тарзи ҷараёни таълиму тарбияро шумо- ридан мумкин аст, ки бесерборӣ вариантҳои имконнопазирӣ (алтернативӣ) инкишофи ҷараён ва интихоби аз ҳамаи беҳтарини онҳо ба даст меояд. Талабагон ва муаллимон дар айни ҳол бояд доираи имкониятҳои максималиашон баробар бошад.

Хотирасон менамоем, ки вобаста ба меъёри гузошта онро ҳоло ҳеҷ кас барҳам надодааст, мактаббачагон барои иҷрои вазифаҳои хонагӣ дар синфи 1-на зиёда аз 1-соат, дар синфи 2- 1,5 соат, дар синфҳои 3, 4- 2 соат, дар синфҳои 5-6 – 2,5 соат, дар синфи 7 -3 соат, дар синфи 10-11 4 соат сарф намоянд. Имрӯзҳо, ки аксаран саломатии талабагон бад шудааст, меъёрро ба тарафи кам кардани saiҳr тағйир додан мумкин аст.

Ҳамин тавр, ба сифати меъёри асосии муътадилгардонии (оптималикунонии) раванди таълиму-тарбия ду нишондиҳандаи бо ҳам алоқаманд истифода бурда мешавад.

  1. ба натиҷаҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва инкишофи хонандагон дар шароити имконпазирии максималии мавҷуда ноил гардидан;
  2. риоя намудани сарфи вақт, ки барои корҳои синфӣ ва хонагии хонандагони ҳамаи синну сол ва муаллимон муқаррар карда шудааст;

Асосҳои методологии муътадилгардонӣ (оптималикунонӣ) талаб менамояд, ки ҳамаи унсурҳои раванди педагогӣ дар ягонагии қонуниятҳои бо ҳам алоқаманд ба назарияи умумии идоракунии системаҳои мураккаби динамикӣ такя намояд. Оптималикунонӣ ба категорияи фалсафии андоза такя мекунад. ӯ ба муқобили муболиғакунии ин ва ё он унсури системаи педагогӣ паст ё баланд намудани суръати фаъолият мураккабкунонии таълим ва ғайра баромада маҳз интихоб намудани чораҳои оптималии истифодабарии онҳоро талаб менамояд.

Ба талабҳои асосии методологии оптималикунонии СП инҳо дохил мешаванд:

  1. Яклухт фаро гирифтани тарзи оптималикунонии тамоми система:
  2. ранқами интихоби варианти оптималӣ ба қонуниятҳои раванди таълим, тарбия такя намудан;
  3. Пай дар пай ба ҳисоб гирифтани имкониятҳои оптималикунонии тамоми унсурҳои система;
  4. Ба оптималикунонӣ (муътадилгардонӣ) бояд ҳамчун ба ҷараёни доимо амалкунандаи раванди инноватсионӣ бо кулли вазифаҳои болоравӣ ва технологияи мукаммалтар назар кард.

Талаби аз ҳама охирин чунин маънӣ дорад, ки баъзе системами педагогие, ки то андозае оптималӣ карда шудаанд, баъди чанде дигар оптималӣ шуда наметавонанд. Чунки тағйир ёфтани шароит, ба вуҷуд омадани омилҳои нав, баробарвазнии муқаррар карда шударо халалдор менамояд, бинобар ин ҳамаро аз нав cap кардан лозим меояд. Мухолифати доимии раванди педагогие, ки аз он қувваи пешбарандаи прогресси он ба вуҷуд меояд ба ҳамин вобаста аст.

Ба он бояд эътибор дод, ки, аз як тараф, оптималикунонӣ (муътадилгардонӣ) бояд ҳаминро дар назар дошта бошад, ки раванди педагогӣ бо шароити мавҷуда мутобиқ гардонда шавад, аз тарафи дигар, худаш шароити на? ба вуҷуд орад ва талаб намояд, ки ин раванд ба он мутобиқ гардонида шавад. Дар ин 40 ҳаргуна мухолифат нест, чунки ҳар ду раванд дар алоқамандӣ бо ҳамдигар амал мекунанд.

Агар имрӯз, мо ба воқеият мутобиқ шавем, ин ба вазъият вобаста аст на ба мо педагогҳо, ки ҳамеша саъю кӯшиш менамоем, ки барои бомувофиқат амал кардани раванд онро оптималӣ гардонем чунин аст талаби ҳамешагии оптималимкунонӣ. Дар амал оптималигардонӣ аз он cap мешавад, ки аз руи меъёри муайян ба сатҳи таълимгирифтагӣ, тарбияёфтагӣ ва инкишофи талабагон вобаста ба синф ва умуман мактаб баҳр дода мешавад. Одатан он аз имконияти воқеӣ (объективӣ) пастар мебошад (агар ин сатҳ ҳамаро қонеъ гардонад, оптималӣ буданаш мумкин нест):

Чунки ба мақсад расидааст, дигар чизеро беҳтар кардан боқӣ намондааст. Баъди ин имконпазирии дараҷаи инкишоф, натиҷагирӣ, лоиҳакашӣ cap мешавад (яъне, ҳар як талаба чӣ тавр метавонад ва бояд H3F3 хонад, худро идора кунад). Баъди ин истифода (татбиқ) бурдани чорабиниҳои системаи таълимӣ-тарбиявӣ, таъмини дигаргуниҳои пешбинишуда cap мешавад. Дар вақти ҷамъбаст муқоисаи раванду натиҷаҳои ноилшуда ба имконияти оптималигардонӣ, муқоисаи сарфа кардани вақт” барои корҳои хонагӣ ва берун аз синфӣ ва кӯшиши муаллимону талабагон дар ин роҳ ба назарӣ эътибор гирифта мешавад.

Оптималикунонӣ тавассути системаи тарзҳое ба амал бароварда мешавад, ки он аз қонуният ва принсипҳои раванди таълиму тарбия cap зада характери чораҳои аниқро дорад.

Тарзи оптималикунониро Ю.К. Бабанский ҳамон тарзи бо ҳам алоқамандии муаллимон ва талабагонро меномад, ки пешакӣ барои ба даст овардани самаранокии таълим дар вазъияти мавҷуда ҳангоми риоя намудани меъёри гигиенаи сарфи вақт пешбинӣ гардидааст (ё ҳатто камтар аз он), яъне бе сербор кардани талабагон ва муаллимон.

Барои таъмин намудани раванди оптималӣ чунин тарзҳои асосии оптималикунонии раванди таълиму тарбия истифода бурда мешавад.

  1. Муносибати комплекси ҳамчун талаби умумии пешгирӣ намудани яктарафагӣ дар кори тарҳрезӣ ва банақшагирии фаъолияти амалӣ ва баҳо додан ба натиҷаҳо.
  2. Мушаххас намудани вазифаҳо бо назардошти хусусиятҳои (таъинот, имконият ва ғайра) системами педагогӣ.
  3. Интихоб намудани варинати оптималии мазмуни раванди таълиму тарбия ҳангоми муқаррар намудани ҳама паҳлуҳои асосии алоқаи байнифаннӣ ва байниравиягӣ ва пешбинӣ намудани тарзи фоиданок.
  4. Интихоб намудани он метод ва шаклҳои кори таълиму тарбиявие, ки имконият медиҳанд вазифаҳои ба миён гузошта шуда дар вақти муайянгардида бо мувафақият иҷро карда шаванд.
  5. Ба амал баровардани рафтори тафрикавӣ ва инфиродӣ бо сустхонҳо, бо то андозае дониш доштагон ва бо тамоми дигар гурӯҳҳои хонандагон.
  6. Одилона пайваст намудани идоракунӣ ва худидоракунии фаъолияти таълимӣ-тарбиявӣ, фавран ба тартиб даровардан ва мутобиҳ гардондани он. Тадриҷан таълимро ба худтаълимгирӣ, тарбияро ба худтарбякунӣ табдил додан.
  7. Таҳлили натиҷаҳои раванди таълим, тарбия ва сарфи вакҳ барои ба меъёри оптималии мукрррар гардида ва таносуби харч ноил гаштан.

Агар мухтасар амалҳои асосии педагогиро роҷеъ ба оптималикунонии раванди таълиму тарбия чамъбаст намоем, ба инҳо ноил мегардем.

  • комплекси ва мушаххас намудани вазифаҳо;
  • генераликунонӣ (чудо намудани чизҳои асосӣ);
  • мутобиқкунонии байнифаннӣ ва байниравиягӣ;
  • интихоби варианту дар асоси муфисаи арзёбии онҳо;
  • гуманикунонӣ, тафрикркунонӣ ва фардӣ кунондани раванди таълиму тарбия;
  • мухайё намудани шароити зарурй;
  • пайваст намудани идоракунӣ ва худидоракунй;
  • фавран ба тартиб даровардан ва ислоҳ кардани раванд;
  • дар асоси меъёри муқаррар кардашуда чамъбаст на_ мудан ва баҳо додан;
  • гузаштан ба проблемаҳои боз ҳам мураккабтар; доимӣ ва тадриҷӣ будани раванди инноватсионӣ.

Қонунияти умумии инкишоф


Оптималикунонии (муътадилгардонии) системаи педагоги, Оптимизатсия чист? Оптималикунони чист?

ҚаблӣМуассисаҳои таълимии инноватсионӣ
БаъдӣБачагиям бекасу танҳо гузашт (шеър)